Дар деҳаи Ӯхм бо иштироки даҳ дастаи мунтахаби мактабҳои таҳсилашон тоҷикии ноҳияҳои Форишу Нуратои ду вилояти ҳамсоя – Ҷиззаху Навоӣ маҳфили донишу хирад баргузор гардид.
Кӯҳистони Нурато. Дар домани худ басо деҳу деҳкадаҳоро гунҷонидааст. Бештари ин мавзеъҳо тоҷикнишинанд. Порашту Ӯхм, Асрафу Андагин, Моҷарму Синтаб, Соб, Эҷ ва Устук аз ҳамин ҷумлаанд. Мардуми сарбаланди ин деҳу деҳкадаҳо бо гузаштаи худ менозанду ифтихор мекунанд. Ба қавли муаллифи ғояи маҳфили «Хирадманд» Юнуси Имомназар: «Ҳама ба Арчаи солманди Моҷарм ошиқанд, ҳама ба Даҳ Азизони Синтаб эътиқод доранд, ҳама ба зиёрати оромгоҳи Эшони Халифаю Бибӣ Рӯшноии Андагин мераванд, ҳама шукӯҳи Қалъаи Феҷаки Эҷро пос медоранд, барои ҳама оби мусаффои Чашмаи Мӯсои Порашт гуворост, ҳама ба деҳкадаҳои Ӯхм меболаду чун қуллаи Сари Ҳаёт сарбаландӣ мекунад...»
Дарвоқеъ, баргузор намудани ин маҳфилро ҳанӯз ду моҳ муқаддам Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах хуш пазируфт. Оинномаву замимаи батасвибрасонидаро сари вақт ба мактабҳои тоҷикии ду ноҳия – Форишу Нурато равон сохта, ҳушдор доданд, ки то оғози моҳи май ба маҳфили «Хирадманд» омодагӣ гиранд.
Рӯзи шанбе мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми деҳаи Ӯхм идона оро ёфта буд. Гарчӣ борони баҳорӣ мерехту қадре ҳавои номусоид ҳукм меронд, аммо ҳама бо дили гарму самимона ба ин ҷо омада, саргарми хуш гузаронидани маҳфили донишу хирад буданд.
Омӯзгори маҳфилоро, ҳам сарояндаи хушхони кӯҳистони Нурато Дилмуроди Қӯзӣ аз боби қадру манзалати китоб, фазлу дониш чанд ҳарф зад, аз байтҳои бузургон овард, моҳият ва мазмуни маҳфили мазкурро ошкор сохт, як-як ба ҳозирин дастаҳоро, ки панҷ нафарӣ созмон ёфта буданд, муаррифӣ намуд.
Доварон, омӯзгори собиқадори мактаби деҳаи Порашт Собир Эргашев, рӯзноманигорон Тӯхтамиш Боқиев (Пайғом) ва Фарҳоди Маҳмуд аз шаҳрҳои Гулистону Ҷиззах омада, баромаду ба саволҳо ҷавобҳои иштирокчиёни маҳфилро баҳогузорӣ карданд.
Дар ҳақиқат, фарзандони кӯҳпояи мо на фақат дар кишварамон, ҳамчунин дар бисёр мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон сарбаландона кору зиндагӣ мекунанд.
Китоби «Гули санг» аз шеърҳо ва ҳикояҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва бениҳоят таъсирбахш иборат аст.
Бояд гуфт, ки суолнома аз рӯи китоби «Гули санг»-и Юнуси Имомназар, қисмҳои тоҷикии «Фориш: одамлар ва удумлар», «Меҳрнома» (мураттибаш Абдукарим Шарифов) тартиб дода шудааст.
Аз рӯи натиҷаи суолу ҷавобҳо ва баҳогузории доварон донишомӯзони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми Эҷи ноҳияи Нурато ҷойи аввалро гирифтанд. Ба ҷойи дувум дастаи мунтахаби мактаби рақами 13-уми Порашт ва 30-юми Сойихурд (Нурато) соҳиб гардиданд.
Ба ҷойи савум якбора се даста: мактаби рақами 46-уми деҳаи Ӯхм, мактаби 32-юми Моҷарм ва 38-уми деҳаи Синтаб муносиб дониста шуд.
Ба ин дастаҳо сипоснома, сертификат, тӯҳфаҳои пулӣ ва китобу даста-даста рӯзномаҷот, аз ҷониби ҳомиён, Маркази миллӣ-фарҳангӣ, худи муаллифони китоб, ҳокимияти ноҳияи Фориш ва созмони ҷавонони ноҳияи Нурато тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияи «Шеърхони беҳтарин», «Суханрони беҳтарин» ғолибон муайян гардиданд. Агар аз рӯйи раванди аввал Ганҷина Амирова (аз мактаби 49-уми деҳаи Синтаб) ғолиб шуда бошад, Гулфина Акрамоваи сойихурдӣ сертификати «Суханрони беҳтарин»-ро ба даст овард.
Юнуси Имомназар қайд намуд:
«... Бомазатарин меваи ҳастӣ, ширинтарин неъмати худодод, волотарин мероси расида аз ниёкон барои мардуми мо забони модариамон – забони форсии тоҷикон аст! Маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» ба хотири содиқ мондан ба анъанаҳои дерин, бо мақсади рушду пешрафти забони модарӣ ва тоза нигаҳ доштани он, барои боло бурдани сатҳи донишу маърифати одамон ва алалхусус, ҳарчи зиёд ҷалб намудани насли ҷавон ба китобхонӣ ва васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии онҳо роҳандозӣ шуд...»
Маҳфил собит сохт, ки китоб ба кас фазлу дониш медиҳад, ба камолот мерасонад, ба қавли нависандаи маъруф Саттор Турсун азиз асту баробари нон қадр дорад, ғизои маънавӣ мебахшад. Тавре ки ҳамдиёри мо, шоир Ҳикмат Ҳикматов меоварад:
«Хирадманд» хирадро ба
кор оварад,
Ҷаҳоне пур аз файз ба бор
оварад.
Меҳмонон баъди суҳбатҳои самимиву дӯстона ва ҳарфҳои ризомандӣ аз аҳли Ӯхм, хоса ҷамоаи мактаби рақами 46-уму сарвари ҷавони он Икром Баротов ба манзилҳои худ баргаштанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Рамзия ДУНАБОЕВА,
хонандаи
синфи 10-уми
мактаби рақами
46-уми ноҳияи Фориш.
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Аксбардор:
Раҳимшоҳи
ШАРИФЗОДА.