ХИРМАН ПУРИ ГАНДУМ ШАВАД

Инак, боз Соли Нав фаро расид.

Одатан рақамҳои такрорёфтаро фоли нек мепиндоранд. Мувофиқи солшумории ҳиҷриву қамарӣ соли 2020 ба соли 1441 рост меояд. Ба соли хушбахтию бурдборӣ, накӯкорӣ будани соли нав умед мебандем.
Соли 2020 мувофиқи тақвиме ба соли муши сафед рост меояд.
Муш аслан зираку доно ва ҳушёр мебошад ва олами хоси худро дорад.
Рамзи соли 2020 ин маъдан ва ранги сафед дар симои муш аст. Маъдан маводи сахт ва инъикосгари матонату устуворӣ, пурқувватию тобоварӣ мебошад. Ранги сафед бошад, рамзи покию доноӣ, ҳақиқату некукорӣ буда, чунин муш метавонад ба ноадолатӣ ва сахтиҳои зиндагӣ мубориза барад.
Ҳамчунин рамзи мушу маъдан дар ин сол сабаб мегардад, ки одамон дурандеш ва пуртоқат бошанд.
Мушҳо дорои хотираи бисёр қавӣ мебошанд ва хурдтарин ҳолатро метавонанд дар худ ҳифз карда, дар мавриди лозим ба кор баранд. Он дар ҳама ҳолат дорои энергияи хос буда, дар як вақт чанд корро метавонад иҷро намояд.
Мушро омӯзонидан ва ё ба чизе бовар кунонидан мушкил ва ҳатто дар бисёр ҳолат номумкин аст. Муш дар ҳама ҳолат аз маҳорату малака ва зиракии худ истифода мебарад, ҳамчунин бисёр худхоҳ мебошад.
Муши сафед рамзи ишқу муҳаббат ва эътибор, ки аст, дар соли 2020 муносибатҳои наздикро бояд дар заминаи садоқату боварӣ асос бахшид. 
Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар ин сол бояд фаъол буд, ба варзиш машғул шуд, зуд-зуд истироҳат кард.
Новобаста аз он, ки муш ҳама чизро ба хонааш мекашонад, аммо дар хонааш бенизомиро хуш надорад, ҳамеша тартибро нигоҳ медорад, чизҳои қимматбаҳоро нигоҳ дошта, нодаркориро берун мекунад.
Ҳатто барои муш тоза ва ба тартиб даровардани хона дар Соли нав дар ҷойи аввал аст. 
То ҷое, ки муш хонаи худро дӯст медорад, беҳтар аст Соли нави 2020-ро дар хона пешвоз гирифт. Аммо аз тарафи дигар, муш маҳзунию ғамгиниро дӯст намедорад ва барои онҳо шурӯ ғавғо завқовартар аст.
Хӯришҳои солинавӣ бояд гуногун бошанд ва ҳар халқу миллат аз рӯи урфу одати худ дасторхон меорояд. Муҳим он ки дасторхон пур аз хӯрокҳои серғизо бошад.
Чун муши сафед панирро дӯст медорад, дар дасторхон будани панир бисёр ба маврид аст.

2020 – СОЛИ КАБИСА 

Соли нав соли кабиса мебошад, яъне сол як рӯз зиёд шуда, ба 366 рӯз баробар мешавад, яъне моҳи феврал аз 29 рӯз иборат мебошад, ки ин воқеа дар 4 сол як маротиба рух медиҳад. Ҳамин тариқ шахсоне, ки дар ин рӯз таваллуд мешаванд, маҷбуранд дар 4 сол як маротиба рӯзи мавлуди худро ҷашн бигиранд.
Вақте боғчаравак будем, тарбиятгарон афсонаи халқи рус – «Шалғам»-ро бо ҳиссиёти баланд нақл мекарданд, ки қаҳрамони асосии он муши хайрхоҳи кӯмакрасон буд.
Гарчанд муш ниҳоят ҷонвараки хурд аст, аз он фили азимҷусса ҳарос дорад, ки мабодо ба сӯрохи хартумаш дохил  шуда, ӯро нобуд созад.
Ба ақидаи ситорашиносон дар соли кабиса воқеаҳое рух медиҳанд, ҳеҷ кас интизорашон нест.
Аммо набояд воқеаҳои манфиро интизор шуд, баръакс метавон интизори хубиҳо шуд. Муҳим он, ки дар ин сол бояд одамон дар ҳама ҳолат фаъол ва чусту чолок бошанд.

Таҳияи 
Дилрабо ҒАФФОРДУХТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: