Хирмани баланди деҳқонони Хоразм

Деҳқон ва фермерони вилояти Хоразм ҳосили зиёди ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Деҳқон ва фермерони вилояти Хоразм ҳосили зиёди ғалладона ҷамъоварӣ намуданд. Бинобар хабари хидмати матбуоти Вазорати хоҷагии қишлоқ, деҳқонони вилоят барои эҳтиёҷоти давлат 84,4 ҳазор тонна ғалла фурӯхтанд.
Хусусан деҳқонони ноҳияҳои Урганҷ ва Ҳазорасп 108-109 фоиз, Хонқа, Гурлан, Қӯшкӯпир, Хева, Боғот 103-106 фоиз, Янгибозор, Шовот, Тупроққалъа аз нақшаҳои пешбинии худ 100-102 фоиз зиёд ҳосил ҷамъоварӣ намуданд.
– Дар шароити пандемия сарфи назар аз мушкилиҳо деҳқонон ва фермерони чашмикордони вилоят ҷонбозӣ зоҳир намуданд, – гуфт муовини аввали вазири хоҷагии қишлоқ Шуҳрат Тешаев. – Бешубҳа, ин хабари хуш ба тамоми ғаллакорони вилоятҳои дигар рӯҳ мебахшад. Рушди соҳа ба бисёр соҳаҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ низ таъсири мусбӣ расонда, барои афзоиши маҳсулоти гӯшт, шир, тухм ва озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар майдонҳои ғаллаи вилоят ҳанӯз ҳосил зиёд аст. Ғуноварии он бо шиддат идома дорад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: