Фарғона марраи пахтасупориро аввалин шуда фатҳ намуд
Имрӯзҳо дар саросари вилояти Фарғона мавҷи шодиву хурсандӣ ҳукм меронад, ҳисси ифтихор дар қалбу чеҳраи мардуми он ҳувайдо мегардад. Баргузории консертҳои дастаҳои ҳунарӣ, рақсу бозии мардум дар майдонҳову хиёбонҳои маркази вилоят ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ аввалин шуда иҷро кардани нақшаи пахтасупорӣ ба пиру барно шодиву фараҳ бахшидааст.
Хоҷагиҳои фермерии вилоят дар ҷумҳурӣ тӯли даҳсолаҳо аввалин бор нақшаи шартномавии ба давлат супурдани пахтаро ба иҷро расониданд. Имсол деҳқонони вилоят ба беш аз 82 ҳазор гектар навъҳои гуногуни пахта кишт намуда, бештар аз 240 ҳазор тонна пахтаи аълосифат рӯёниданд. Аз ҷумла, дар 38 ҳазор гектар навъи С-8290, дар 31 ҳазор гектар навъҳои «Намангон-77», «Султон» ва дар 6 ҳазору 7 гектар навъҳои нави дигар парвариш намуданд.
– Аз нимаи моҳи марти соли равон кишти пахта оғоз гардид ва дар муддати 15 рӯз онро ба охир расонидем. Нисбат ба солҳои гузашта шумораи зиёди кӯчатҳои пахта пурра неш зада баромаданд. Баъд бо истифода аз агротехникаи замонавӣ ба парвариши пахта сар кардем, ба муқобили ҳашарот ҷиддан мубориза бурдем ва ба чунин натиҷаи хурсандибахш расидем, – мегӯяд муовини ҳокими вилоят Ҳалимҷон Умаров.
Тавре ки вай тазаккур дод, мувофиқи ташаббуси Президент соли гузашта танҳо дар як ноҳияи вилоят усули кластер мавриди истифода қарор гирифт. Аммо имсол дар нӯҳ ноҳияи дигар ин усул ҷорӣ гардид.
– Яке аз афзалиятҳои усули кластер аз ҳамин иборат аст, ки барои деҳқонон тамоми шароити парваришу коркарди бехи ниҳолҳои пахта фароҳам оварда мешавад. Яъне, онҳо бо нуриҳои маданиву минералӣ, маводи сӯзишворӣ сари вақт таъмин карда мешаванд, аз ғояҳои инноватсионии парвариши пахта бархӯрдор мешаванд, бо маош таъмин мегарданд. Гузашта аз ин, меъёри тайини нархи пахта низ нисбати солҳои пеш баландтар муқаррар шудааст, аз ин рӯ, даромади пахтакорон низ меафзояд, – шарҳ дод раиси кластери ноҳияи Тошлоқ Абдуқаҳҳор Ҷӯраев.
Ҳоло чанд ноҳияи вилоят ба фатҳи марра наздик расидааст. Аммо ҳанӯз дар майдонҳои пахта ҳосил хеле зиёд аст. Ҳатто дар баъзе хоҷагиҳои фермерӣ ҳанӯз зимни чидани якуми майдонҳо иҷрои нақша таъмин шуд, ки ҳодисаи нодир дар солҳои охир мебошад.
Дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ҳиссаи деҳқонони пахтакори ноҳияҳои Ёзёвон, Қӯштеппа, Риштон, Тошлоқ, Фурқат, Учкӯприк ва Бағдод хеле калон аст. Деҳқонони ин ноҳияҳо соли равон пурмаҳсул меҳнат карданд ва тамоми нерӯро ба он нигарониданд, ки фатҳи марра зудтар таъмин гардад. Аз ҷумла, ноҳияи Ёзёвон бо нахустин иҷрои нақша ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Зеро ҳатто дар сатҳи ҷумҳурӣ гуфтугузорҳое сурат мегирифт, ки ноҳияи Ёзёвон барои пахтакорӣ мувофиқ нест ва он бояд ба кишти зироатҳои дигар ихтисос дода шавад. Аммо пирӯзии имсолаи пахтакорони Ёзёвон ҳамаи ин радду бадал ва гуфтугӯҳоро ботил намуд.
– Дарвоқеъ, имсол коргарони хоҷагиҳои фермерии ноҳияи мо дар мавриди парвариши пахта аз агротехникаи замонавӣ устокорона истифода карданд ва мо ба натиҷаҳои хеле хуб ноил шудем, – гуфт бо ифтихор ҳокими ноҳияи Ёзёвон Юлчибек Боййигитов.
Мавсуф афзуд, ки дар ноҳияи онҳо 300 хоҷагии фермерӣ фаъолият мекунанд. Пеш аз гузаронидани кишти пахта роҳбарони он гирдиҳам омаданд ва ғоя ва ташаббуси Президент дар бораи ҷорӣ кардани усули кластер дастаҷамъона баррасӣ карданд. Дар натиҷаи маслиҳату машваратҳо бо истифода аз усули кластер кишти пахтаро шурӯъ намуданд. Юлчибек Боййигитов зикр намуд, ки натиҷа ҳоло ба аҳли вилоят ва ҷумҳурӣ чун ойина равшан гаштааст.
Гуфта шуд, ки коргарони хоҷагиҳои фермерии «Баҳромбек», «Либерал инвест», «Ҳумо», «Одилҷон Ғафуров Сатторович» ва «Хайрулло» барои расонидани ҳосили гаронбаҳои пахта шабу рӯз заҳмат кашиданд. Ҳосилнокӣ дар ин хоҷагиҳои фермерӣ нисбат ба солҳои гузашта ҳадди ақалл, ба 5-10 сентнерӣ боло рафт. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баҳодир Лоғон текстил» усули кластерро корбаст намуд. Бар асоси ҷорӣ намудани ин усул ҷамъияти мазкур аз ҳар гектар сӣ сентнерӣ ҳосили гаронбаҳо ба даст овард.
– Мо дар баробари парвариши пахта, суръати ҷамъоварии ҳосилро низ хеле тезонидем. Ҳоло 15 ҳазор тонна пахтаи навъи аълосифат ҷамъоварӣ кардем. Чинакчиён дар маҷмӯъ 15 миллиард сӯм ҳақи меҳнат гирифтанд, – мегӯяд раиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баҳодир Лоғон текстил» Зиёҳиддин Ёрматов.
Гуфта мешавад, ки ҳоло ин ҷамъият бо соҳибкорони таиландӣ ба бунёди корхонаи муштарак оғоз намудааст, ки иҷрои ин лоиҳа 50 миллион доллари ИМА-ро тақозо менамояд. Ворид намудани ин маблағ бар ӯҳдаи сармоягузорони Таиланд вогузорӣ шудааст
Хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Ёзёвон дар тараддуди онанд, ки нишондиҳандаи иҷрои нақшаашонро то ба 130 фоиз расонанд. Барои иҷрои чунин нияту мақсадҳои наҷиб ҳосили пахта комилан мусоидат менамояд.
Мо роҷеъ ба таҷрибаи соли гузаштаи ноҳияи Риштон ва аввалин шуда ба фатҳи марра расидани хоҷагиҳои фермерии он ишора карда будем. Ҳудуди сӣ соли охир ноҳияи Риштон нақшаҳои пахтасупориро иҷро намекард. Бо шурӯъ аз соли гузашта дар ин ноҳия аз усули кластер фаровон истифода намуданд ва аввалин дар ҷумҳурӣ ба фатҳи марраи пахтасупорӣ расиданд.
Дар ин мавсим як қатор хоҷагиҳои фермерӣ ҳосилнокии пахтаро нисбати солҳои пеш хеле боло бурданд. Ин ҳолат дар аксари ноҳияҳои вилоят ба назар мерасад.
– Мо дар баробари нуриҳои маданиву минералӣ аз ғизоҳои маҳаллӣ низ истифода мекунем. Чанд сол ба ин сӯ дар майдонҳое, ки аз кишти гандум холӣ шудаанд, ҷав мекорем. Ин майдонҳое аст, ки соли дигар барои кишти пахта ихтисос медиҳем, – мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии «Нурли обод» Қаҳрамони Ӯзбекистон Лолахон Муротова. – Баъди сабзидану баланд шудани ҷав фасли баҳор заминро шудгор мекунем. Алафи ҷав зери замин монда, то оғози кишти пахта пору тайёр мешавад ва аз зери замин ба ниҳолҳои пахта қуввату гармӣ мебахшад. Ин усули кор имкон медиҳад, ки ҳар сол аз пахта ҳосили дилхоҳ ба даст оварем.
– Интихоби тухмӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони идораи мо мебошад. Маҳз бо интихоби тухмиҳои ҳосилдеҳу босамар мо тавонистем ба фатҳи марра бирасем. Ба ин кор аллакай тирамоҳи соли гузашта ҷиддан омодагӣ гирифтем, – мегӯяд сардори идораи тухмипарварии вилоят Шуҳратбек Мамаҷонов.
Чанде муқаддам ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев барои саҳми арзандаи раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fergana Global textile»-и ноҳияи Қӯштеппа Муъминҷон Раззоқов дар бобати иҷрои нақшаи солонаи пахта ба вай мошини «Малибу» туҳфа кард. Гуфта мешавад, ки ин ҷамъият бо истифода аз усули кластер дар ҳамҷоягии хоҷагиҳои фермерии ноҳия ба ҷои 19900 тонна 21700 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳамаи корҳои вобаста ба кишти пахта, коркарди байни қаторҳои майдонҳо, кашонидани ҳосили ҷамъоваришуда бидуни техника ғайриимкон мебошад. Барои ҳамин корхонаҳои кластерии вилоят, ки ба пахтакорӣ машғул шудаанд, соли равон ба қимати 50 миллиард сӯм 40-то трактори шудгор, 100-то трактори нармкунандаи бехи ниҳолҳои пахта, 80-то трактори интиқолдиҳанда, 120-то сеялкаи тухмипошӣ, 90-то култиватор, 300-то омоч, 85-то дорупошак, 35 дастгоҳи пошандаи ғизоҳои минералӣ ва амсоли он харидорӣ намуданд.
Дар арафаи мавсими чиниши пахта ҳокимияти вилоят 1370 отряд таъсис дод, ки бештар аз 239 ҳазор чинакчиёнро муттаҳид намудааст. Пахтаи ҷамъоваришуда ба чаҳор корхонаи пахтатозакунӣ ва 44 хирмани пахтақабулкунӣ супурда шуд.
Барои парвариш ва ҷамъоварии ҳосили пахта вилоят 877 миллиарду 225 миллион сӯм харҷ намуд. Интизор меравад, ки ғайр аз ин, маблағҳои сарфшуда аз ҳисоби ҳосили имсола ба вилоят 340 миллиард сӯм фоидаи соф боқӣ хоҳад монд.
Дар айни ҳол деҳқонони зарбдори вилоят саҳнаи маросимҳои шодиву хурсандиро тарк намуда, дубора ба саҳнаи кору меҳнат ворид мешаванд. Онҳо талош ба харҷ медиҳанд, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаашонро пурра ғундоранд ва барои ҳосили соли оянда заминаи мусоид фароҳам оваранд. Онҳо дарк намуданд, ки меҳнати пурсамар албатта натиҷаҳои хуб ба бор меоварад ва аз ин муваффақиятҳои имсола шаҳодат медиҳанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.