ХИШТИ АВВАЛ

Беғубортарин давраи умр айёми бачагӣ ва таҳсил дар мактаб мебошад.

Ва лаҳзаи аз ҳама фаромӯшнопазир дар давраи мактабӣ лаҳзаҳои ошноӣ бо «Алифбо», савод омӯхтан аз муаллими нахустин аст.

Бачагон аз оғӯши волидон чун ба мактаб мераванд, аввалин китобе, ки ба даст мегиранд, «Алифбо»-ст. Бинобар ин он лаҳзаҳо то охири умр дар лавҳи хотири толибилмон боқӣ хоҳад монд. Ҳамчунин  «Алифбо» баҳри хурдакакон арзишмандтарин китоб маҳсуб мешавад. Зеро донишҳои аввалинро онҳо аз «Алифбо» меомӯзанд. Дар омӯзонидани саводи нахустин аз «Алифбо» нақши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бағоят бузург аст. Ояндаи ҳар як толибилм дар дасти омӯзгор аст.
Бесабаб нест, ки шоир фармуда:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Аз ин рӯ, мо омӯзгорони синфҳои ибтидоиро зарур аст, ки аз таҳти дил ва бо амри виҷдон ба дӯстрӯякон дарс гузарем.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, хонандагоне, ки савияи дониш ва малакаву маҳорати омӯзгори синфҳои ибтидоиашон баланд аст, дар оянда низ бо баҳоҳои «хуб»-у «аъло» таҳсил мекунанд ва ба макотиби олӣ низ бидуни мамониат дохил мешаванд. Омӯзгори хубро толибилмон идеали зиндагӣ қарор медиҳанд. Омӯзгор бояд бо дониши қавӣ, одоби хуб, маданияти баланду маънавияти воло ва тарзи хуби либоспӯшӣ намунаи ибрати толибилмон бошад. Албатта, танҳо чунин омӯзгорони ғоявӣ як умр дар хотири шогирдон нақш мебанданд.
Бесабаб нест, ки сарлашкари юнонӣ Искандари Мақдунӣ дар ҳаққи устод фармуда: «Аз муаллими хеш он қадар қарздорам, ки аз падари худ: аз падар ҳаёт гирифтам, вале аз Арасту ба чизе молик гаштам, ки метавонам ҳаётамро як умр накӯ гузаронам». 
Шоир гуфтааст:
Ҷаҳонеро сафо бахшад муаллим,
Зи нури дил зиё бахшад муаллим.
Шавам қурбони номат, эй муаллим,
Фурӯзон бод шомат, эй муаллим!

Усмониддин ИБРОҲИМОВ,
омӯзгори мактаби 
рақами 3-юми ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: