Вақте садои занги телефон баланд шуд, гӯшакро духтари хурдиам бардошт.
Вақте садои занги телефон баланд шуд, гӯшакро духтари хурдиам бардошт.
– Ба ман модарат лозим, ту кадом духтараш? – садо омад аз телефон.
– Духтари хурдиашон, ҳозир модарамро ҷеғ мезанам, – гуфт ӯ ва телефонро ба ман дароз кард.
Баъди пурсупос фаҳмидам, ки Ёдгори ҳамсинфам аз шаҳри Навоӣ занг мезанад. Ӯ ҳамаи ҳамсинфонро ба хонааш даъват мекард, то 60-солагиашро якҷоя гузаронем. Беихтиёр солҳои беғубори мактабхонӣ ба ёдам расиданд. Симои 27 нафар писару духтарро якояк пеши назар овардам. Мо солҳои 1968-1978 дар мактаби миёнаи рақами 43-юми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато аз муаллимони сахтгир ва донишманду ботаҷриба сабақ гирифтем. Аз синфи як то синфи чор Ҳазрат Бакриев (ёдашон ба хайр!), аз синфи чор то синфи даҳ Абдуназар Набиев роҳбари синфамон буданд. Мавқеи омӯзгорӣ, иззату эҳтироми омӯзгор он солҳо ниҳоят баланд буд. Бахусус, барои мактабиёни деҳаи дурдасти кӯҳӣ, ки танҳо деҳаи хурдакаки худро мешинохтанд, муаллим шахси бузург маҳсуб меёфт. Вақте дар кӯчаҳои деҳа бо муаллим рӯ ба рӯ меомадем, даступо гум мекардем ва ба ӯ роҳ медодем...
А.Набиев, ки акнун фаъолияти омӯзгориро оғоз намуда буд, аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Ва дар ҳар дарси худ кӯшиш мекард моро тарбия низ намояд, дарсҳои тарбиявии ӯро, ки аз ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, дӯстию рафоқат, тозагию поккорӣ сабақ медоданд, то ҳол фаромӯш накардаем. Дар соатҳои тарбиявӣ хонандагони бадахлоқ, бетартиб ва бадхонро дар алоҳидагӣ танбеҳ медод. Самараи чунин усули таълиму тарбия буд, ки ҳамон солҳо танҳо аз синфи мо 8 нафар ба муассисаҳои таълими олии кишвар дохил шуд.
12 апрели соли 1961 аввалин физонаварди сайёраи Замин Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз карда буд. Ҳамон рӯз дар оилаи амаки Абдусаттор писарчаи дӯстрӯяк ба дунё омад ва ба шарафи номи кайҳоннавард ӯро Юрка низ ном мегирифтанд.
Дар мактаб ӯро Ёдгор меномидем. Ёдгор бачаи камгапу аълохон буд ва хулқи намунавӣ дошт. Куртаи сафед ва галстуки пионерии ӯ доимо тоза ва озода буд. Волидони ӯ амаки Абдусаттор ва холаи Ойгина чун шахсони маърифатпарвар барои донишомӯзии фарзандон ва инсони комил шудани онҳо тамоми шароитро муҳайё сохта буданд.
Ёдгор баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуд ва ба сифати муҳандис ба деҳа баргашт. Фаъолияти кориашро дар трести «Ҷиззахремстроймелиоратсия» чун муҳандиси техникаи бехатарӣ оғоз кард. Аз соли 1985 то соли 2004 саринженери сохтмонҳои гуногуни вилояти Навоӣ, заводи ГМЗ-3 Учқудуқ, заводи азнавкоркарди нафти Бухоро, «НавоиГРЭС» ва «Навоиазот» буд. Ҳоло дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» ба ҳайси сармуҳандис кор мекунад. Дар корхонаҳои бонуфуз кор кардану байни ҷамоа обрӯю эътибор пайдо кардан, ба кадрҳои ҷавон омӯзондани асрори касб аз инсон масъулият ва зиракиву ҳушёриро талаб мекунад. Ҳоло шогирдони Ё.Ваҳҳобов дар корхонаҳои саноатии шаҳрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он меҳнат мекунанд.
– Сабақи устодони сахтгиру ботаҷриба, худомӯзӣ ва саъю ҳаракат буд, ки душвориву мушкилоти кору зиндагиро ба осонӣ пушти сар гузоштам. Ба ҷавонони имрӯза гуфтанӣ ҳастам, ки хонед, аз имконият истифода баред. Дониши дар овони хурдсолӣ гирифта мисли нақш дар санг будааст, – мегӯяд Ёдгор.
Ӯ чор духтару як писар дорад. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Духтарон аз модари меҳрубони худ Зебунисо асрори пухтупаз, омода кардани шириниҳои мухталиф, оиладорӣ, тарбияи фарзандро меомӯзанд. Охир, худи Зебунисо низ дар оилаи зиёӣ ба воя расид. Падари ӯ инсони нексират Йӯлдошбой Самадов (ёдаш ба хайр!) аз омӯзгорони аввалини забон ва адабиёти рус буд.
Ёдгор нармгуфтору ширинсухан аст. Вақте барои ба нафақа рафтан ариза навиштанӣ шуд, роҳбарияти корхона рухсат надод. Охир, ҷавонон ба шумо барин устодони коромӯз ва пуртаҷриба ниёз доранд, гуфт роҳбари корхона.
Оре, Ёдгор меъмори моҳир ва соҳибтаҷриба аст.
– Хирадманде фармудааст:
Хишти аввал гар ниҳад
меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор
каҷ...
Дарҳақиқат, агар усто хишти аввали пойдевори иморатро каҷ гузорад, бино мустаҳкам намешавад. Агар хонанда аз хурдӣ дониши пухтаву амиқ нагирад, дар бузургсолӣ азхудкунии он душвор мегардад, – мегӯяд Ё.Ваҳҳобов.
Дар тӯли умр инсон ба ғаму шодӣ, пастию баландӣ, омаду ноомади кору зиндагӣ рӯ ба рӯ мешудааст.
– Умри инсон мисли об даргузар будааст. Марги падару модар мерос гуфтаанд. Вале марги бародарони ҷавонмаргам Абдуваҳҳоб, Абдулҳамид, Тӯхтамурод, хоҳари азизам Асалой, ҳамсари аввалам Шарофат, додари навниҳолам Аминҷон дили маро захмдор кард. Аммо ҳаёт давом мекунад, – каме сукут варзида суханашро идома дод ҳамсуҳбатам. – Фориғ аз кору гирумони зиндагӣ ба даст китоб мегирам, рӯзномаву маҷалла мехонам, ёди дӯстони мактабӣ ва солҳои донишҷӯӣ мекунам ва дил мехоҳад аз нав ҷавон шаваду дамҳои беғубори бачагиро аз сар гузаронад. Устод Лоиқ чӣ барҳақ фармудааст:
Боз мехоҳам, ки аз нав
кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав
кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз
биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро
нарм бинвозад ҳаме ...
Саодат РӮЗИЕВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».