ХИШТИ АВВАЛ РОСТ МЕБОЯД ГУЗОШТ

Мукофот аз пайи мукофот

Ҳамон рӯз табъи Ҷаннатхон Нуриддинова хеле болидаву дар чеҳрааш хурсандӣ ҳувайдо буд. Вай аз мудири қисми илмии мактаб Мавҷуда Тошматова хоҳиш кард, ки дар танаффуси калон барои чанд дақиқа ҳамаи омӯзгоронро сарҷамъ созад. 
– Ҳамкасбони азиз, боиси ифтихорамон аст, ки Гулшаной Нӯъмонова ба гирифтани ду «Ифтихорнома» сазовор гардид. Якеро шуъбаи таълими халқи шаҳр ва дигареро ректорати Институти такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимии вилоят ба мактабамон фиристодааст. Ман ӯро бо ифтихорномаҳо самимона табрик мекунам, – гуфт Ҷаннатхон Нуриддинова. 
Ҳама баробар кафкӯбӣ карданд ва соҳиби ифтихорномаҳоро бо навбат шодбош гуфтанд. Як даста гули тару тоза низ ба Гулшаной Нӯъмонова тақдим гардид.
Директори мактаб ба мудири қисми илмӣ боз гуфт, ки ҳамроҳи Гулшаной  ҳуҷҷатҳоеро бояд омода созанд, ки  дар меҳвари худ оммавӣ гардонидани таҷрибаи кори  ӯро қарор диҳанд. 
– Инро ба ман аз шуъбаи таълими халқи шаҳр супориш доданд, – илова кард Ҷаннатхон Нуриддинова.
– Ман хеле хушбахтам, ки ба чунин обрӯву эҳтиром сазовор шудам. Ин водор менамояд, ки пайваста омӯзам, дарсҳоямро пурсамар гузаронам ва шогирдонам аз хазинаи  илму маърифат бештар бархурдор шаванд, – мегӯяд Гулшаной Нӯъмонова.
– Ин дугонаи мо дар корҳои ҷамъиятӣ низ намунаи ибрати дигарон мебошад. Шогирдонаш ҳамаи чорабиниҳои мактабамонро шукӯҳ мебахшанд, – гуфт ҷонишини директори мактаб оид ба маънавият ва маърифат Муқаддас Эргашева.

Қарори худро дигар кард...

Вай то синфи ҳафтум мехост шифокор шавад ва ба дарди мардум дармон бахшад. Ба назараш занҳое, ки дар бар хилъати сафед доранд, дар байни соҳибони касбу кори гуногун бештар пурҷозиба менамоянд. Боз вай гумон мекард, ки аз шифокорӣ дида касби бошараф нест, зеро одамони зиёд ба пизишкон арзи сипосу миннатдорӣ мекунанд. 
Бо мурури замон Гулшаной дарк намуд, ки дар замири ӯ як орзуи дигар нуҳуфтааст. Устодонаш, ки  ба ӯ ва ҳамдарсонаш  бо меҳру муҳаббат сабақ медоданд, мавзӯъҳоро бо иштиёқи том мефаҳмониданд, аз ҷавоби онҳо қаноат ҳосил карда, хушҳолу хурсанд мешуданд, дар қалби вай меҳри касби омӯзгориро маъво гиронд. Вай қарорашро дигар кард, ки маҳз омӯзгор мешавад ва ба кори таълиму тарбия шуғл меварзад. 
Амалӣ намудани ҳамин орзуҳо баъди хатми мактаби рақами 13-и деҳаи Волики шаҳри Қувасой ӯро ба Донишгоҳи давлатии Фарғона  роҳнамо шуданд. Гулшаной ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забон ва адабиёт супурд ва аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт.
Гулшаной Нӯъмонова мегӯяд, солҳои донишҷӯӣ ба мавсими пахтачинӣ ҷалб шуданд ва байни донишҷӯён таҳти унвони «Кӣ бештар шеър аз ёд медонад?» мусобиқа баргузор шуд. Аввал барои намоиш додани қобилияти худ каме истиҳола намуд, вале дид, ки аксарият чанд байт мехонданду давомашро фаромӯш мекарданд, рӯи саҳнаи клуб баромад.
– Ман аввал аз достони «Хусрав ва Ширин»-и  Низомӣ чанд байтро бо овози баланду бурро хондам. Сонӣ аз ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ ва Бедилу Навоӣ намунаҳо қироат кардам ва сазовори таҳсину офарин гардидам. Ҳатто устодонам  аз ҷой бархоста, бароям кафкӯбӣ карданд, – бо ҳарорат ёдовар шуд Гулшаной.
Вай тазаккур дод, ки солҳои мактабхонӣ таваҷҷӯҳи ӯро шеъру достонҳои адибони  классикӣ бештар ба худ мекашиданд. Баъд тасмим гирифт, ки пораҳои калонро аз достонҳои Низомӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ аз ёд мекунад ва онҳоро дар маросимҳои идона ва тадбирҳои мактаб ва чорабиниҳои беруназмактабӣ мехонад.
– Ана ҳамин шавқу ҳавас боис гардид, ки ба шеъру шоирӣ низ каму беш рӯй овардам ва гоҳ-гоҳ аз машқҳои шеъриям ба шогирдонам мехонам:
Дар ин дунё ба ҷуз модар надидам,
Касеро мушфиқу мӯнису ғамхор,
Барояш ҷон фидо бодову бодо,
Худовандо, худат ӯро нигаҳ дор.

Баъд илова кард, ки шояд хеле шогирдона гуфтааст ва шеъраш аз лиҳози банду баст низ  чандон пухта нест.
– Аммо гуфтанам омаду гуфтам. Асосан ба забони ӯзбекӣ эҷод мекунам, зеро муҳит ҳамин гуна аст ва навиштаҳоямро ба баъзе адибони маҳаллӣ  нишон медиҳам. Дар навиштани шеърҳои тоҷикӣ бошад,  мушкилӣ мекашам. Касе нест, ки аз вай маслиҳат гирам, – бо таассуф мегӯяд ин омӯзгори шоиртабъ.
Хишти аввал рост мебояд гузошт,
То ки девор инчунин айбе надошт.

Зану шавҳар – ҳарду омӯзгор
 
Шавҳари Гулшаной – Собирҷон Нӯъмонов дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил кардааст. Ба гуфтаи ӯ солҳои зиёд директори мактаб шуда кор кардааст. Дар айни ҳол ҳамроҳи завҷааш дар яке аз  синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад. 
– Соҳиби се фарзанду панҷ набера ҳастем, – мегӯяд Гулшаной. – Писарамон бахши фарғонагии Донишгоҳи алоқа ва технологияи Тошкандро хатм кардааст ва дар шӯъбаи кадастри шаҳр кор мекунад. Як духтарамон  дар боғча машғули дарси мусиқӣ мебошад. Фарзанди хурдӣ мактабхон аст.      
Ба гуфтаи қаҳрамони ин очерки мо солҳои пеш рӯзномаи «Овози тоҷик» яке аз нашрияҳои дӯстдоштаи онҳо буд. Аммо тайи ду даҳсолаи охир робита бо ин рӯзнома гусаста шуда, онҳо аз хондани ин рӯзнома дар канор монданд.
– Барои соли оянда мо ба ин рӯзнома ҳатман обуна мешавем ва онро дастгирӣ мекунем, – мегӯяд бо итминон Гулшаной Нӯъмонова.
Шавҳараш Собирҷон низ ин гуфтаҳои вайро тақвият дода гуфт, ки онҳо бояд забони модарии худро ҳифз кунанд ва дар рушду такомули он саҳм гузоранд. Дар он сурат  шогирдони онҳо дар ин кор пайрави устодони худ низ хоҳанд шуд.

Мо бояд забони модариамонро ҳифз кунем

Директори мактаб вориди утоқе шуд, ки ману Гулшаной суҳбат мекардем. Ҷаннатхон Нуриддинова  аз Гулшаной оҳиста пурсид, ки дар бораи шогирди ғазалҳои форсидонаш ба ман чизе гуфтааст ё не.
– Муаллима, ҳанӯз дар ин бора лаб накушодаам, – каме худро ноҳинҷор ҳис кардагӣ барин шуд Гулшаной.
– Хезеду Шоҳсанам Ашӯралиеваро ин ҷо даъват кунед. Бигзор, вай шеърҳои форсӣ қироат кунад, – аз ӯ хоҳиш кард директори мактаб.   
Гулшаной аз паси шогирдаш баромада рафт.
– Шоҳсанами мо дар синфи даҳ мехонад. Вай духтари ягонаест, ки ғазалҳои ба форсӣ навиштаи Мир Алишери Навоиро азёд медонад. Борҳо дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз забону адабиёт ширкат карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст, – гуфт Ҷаннатхон Нуриддинова. – Дар ин ҷода хизматҳои Гулшаной хеле калон аст.
Баъди лаҳзае Гулшаной бо духтари гандумгун ва кушодачеҳрае дубора вориди утоқ шуд.
– Шоҳсанам, канӣ, барои меҳмон ягон ғазал қироат кун, – гуфт ба духтар рӯй оварда директори мактаб.  
 Шоҳсанам бо садои ба худ хосу бурро ғазалеро аз Фонӣ бо матлаи зер ба хондан шурӯъ кард:
Дил ҷудо шуд зи ману ман шудам аз ёр ҷудо,
Кас бад-ин ҳол мабод аз дилу дилдор ҷудо...

– Офарин, Шоҳсанам, хеле олӣ хондӣ! – гуфтам ба ваҷд омада. Аммо маро на тарзи хондани ғазал, балки он нукта ба ҳайрат овард, ки ин духтари воликӣ бо вуҷуди таҳсил ба забони ӯзбекӣ ғазали тоҷикӣ хонд. Дар мактабҳои зиёди шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона (ба истиснои ноҳияи Сӯх), фарзандони мардуми тоҷиктабор байтеро ба забони  тоҷикӣ ёд надоранд. Банда борҳо ба ин ҳол амин шудаам. 
– Ба ман намунаҳои  ашъори тоҷикиро ин устодам додаанд, ки аз ёд кунам, – гуфт ба Гулшаной  ишора карда Шоҳсанам. – Ҳоло худам машғул ба аз ёд кардани шеърҳои тоҷикӣ мебошам.
– Модари Шоҳсанам – Малоҳатхон низ шефтаи шеъру ғазалҳои форсӣ аст. Мо   бояд барои он талош кунем, ки шогирдонамон ба забони модарии худашон шеъру ғазалҳо аз ёд донанд, вагарна онҳо аз ин забон дур шуда мераванд. Мадина Эркинова, Ирода Ҳамроалиева ва Наврӯзбек Инъомҷонов аз зумраи шогирдоне  ҳастанд, ки ба дарсҳо ҳамеша бо тайёрӣ меоянд ва аъло мехонанд. Дар оянда шеъру ғазалҳои тоҷикиро низ азёд хоҳанд кард, – маро бовар кунонд Гулшаной Нӯъмонова.
Ба таъкиди ҳамсӯҳбатам Ҳайитхон Болтабоева ва Саодат Хоҷабекова аз  омӯзгороне мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи фарзандони мардуми Волики Қувасой  пурсамар меҳнат мекунанд.  
– Дар як соли охир омӯзгорон дигар вақти худро ба коғазбозиҳои беҳуда сарф намекунанд.  Аз сентябри соли равон зиёд шудани маоши кормандони муассисаҳои таълимӣ низ боиси сарфарозиҳои мо мебошад. Дар кишварамон дубора омӯзгор аз қишрҳои баландтарини ҷомеа маҳсуб хоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз вай мехоҳад барои фароҳам овардани чунин имконият ба Президенти мамлакатамон арзи сипос намояд, – мегӯяд Гулшаной Нӯъмонова..
Дар саҳни мактаб бо директор, чанде аз омӯзгорон ва талабагони синфи даҳ дастҷамъона акс гирифтем. Баъд ваъдаву қарор намудем, ки байни ҷамоаи мактабу рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамкориро барқарор мекунем. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: