“ХОББИ” ЧИСТ ВА “КУМИР” КИСТ?

Ҳар ду луғат, ки чун сарлавҳаи ин мақола овардем, агарчи баргирифта аз дигар забонҳост, зимни гуфтугӯи одамон , махсусан байни ҷавонон, бисёр истифода мешаванд, ба сифати воҳиди фаъоли таркиби луғавии баъзе забонҳо низ маълум мебошанд.

Ҳар ду луғат, ки чун сарлавҳаи ин мақола овардем, агарчи  баргирифта аз дигар забонҳост,   зимни гуфтугӯи одамон , махсусан байни ҷавонон, бисёр истифода мешаванд, ба сифати  воҳиди фаъоли таркиби луғавии баъзе забонҳо низ маълум мебошанд.
Пӯшида нест, ки   ҳам вожаи инглисии “хобби” ва ҳам  истилоҳи юнониасли “кумир”, ки то Ғарбу Шарқ доман паҳн кардааст, зодаи тафаккур, чизи хаёлист. Ҳамзамон ин луғати меросии давраҳои бисёрхудоию бутпарастии одамони рӯйи замин  ба шумор меравад. Дар манбаъҳои урупоӣ, ба  шарҳу эзоҳи  ҳар ду истилоҳи номбурда  (дар қатори дигар маъонӣ), ҷой доштани    маъниҳои бофта ва хаёлии “санам”, “олиҳа”, “идол”, “худоча” (”божок”), тасаввур (“изображение”)  ин фикрро собит менамояд.
Чуноне ки ишора рафт, ин ду  луғат дар қатори  истилоҳоти  байналмилалӣ ҷой гирифтаанд. Аммо дар  забони тоҷикӣ кам истифода мешаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳол  оқибати амали кӯтоҳназарии  баъзе аз қаламбадастони мулоҳизакор бошад, ки чунин парҳезкориашон  яке аз омилҳои монеъ ба рушду нумӯъи  забон гардидааст. Зеро, илова шудани  калимаҳои маъмули байналмилалӣ, боиси ғановат – сарватманд  шудани таркиби луғавӣ ва вусъати иртибот  бо дигар забонҳо шуда метавонад. Мисли калимаҳои президент, ренессанс, паспорт, диаспора, дуэт, памфлет, очерк, поезд, самовор, стол ва ғайраҳо, ки тавассути ҳамин чанд, ҳатто  як калима, кас метавонад чизе дарк кунад. 
Ба ҳар ҳол, дар луғат “хобби”  чун “саргармӣ”, “шавқу завқ”,  ”санам”, тарҷума  шудааст, ки зотан ифодакунандаи “шуғли дӯстдошта” мебошад. 
Ба тафсири маънои “кумир” бошад,   “тасвир” (“изображение”) ва синонимҳои “санам” ва “олиҳа”  (“идол”, “божок”)  ба чашм мерасад. 
“Хобби” ва “кумир” аз он ҷиҳат ҳам қобили эътибор мебошанд, ки дар ибтидо мисоли муғҷаи наврустае мӯҳтоҷи нигоҳубин буда, дар сурати парвариш ёфтан гул хоҳад кард. Тавре ки  аён аст, шуғли  дӯстдошта,  ҳатман боиси камолоти маънавии ҷавонон мешавад.
Бо ҳамин, вақти он расид, ки ба ин сарсухан ҳусни хотима бахшида  ба асли мавзӯъ рӯ  оварем, то хонанда тавонад  маъние тоза дарёбад. Зеро гуфтаанд: “Мақсад аз тушбера хӯрдан, гӯшт хӯрдан аст”.
Адиб Сафар Остонов, ки то охири умр сармуҳаррири “Ӯзбекистон овози” буд,   боре,  баъди нашри  як мақолаам (“Абӯбакр Шиблий – қавмнинг тожи”) ба ман  занг зада  гуфта буд:  “хобби” (яъне мавзӯъи баргузида)-и ман,  ба вай ҳам маъқул аст. Сармуҳаррир чанд мақолаамро дар назар дошт, ки  фарҳанги тоҷику ӯзбек, муштаракоти таърихиро равшанӣ мебахшиданд.  
“Хобби” ба ман чӣ тавр даст дод? Навиштаҳои  форсии тоҷикӣ  дар ороиши обидаҳои таърихӣ, мақбараю мадрасаҳои  Тошканд, аз солҳое, ки  дар ин шаҳр муқим ҳастам, маро ба худ ром кардаанд.
Ба ҳукми тақдир, соли 1969 бо роҳхати Донишгоҳи давлатии Самарқанд  ба Тошканд омада, дар  идораи ”Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”), мувофиқи анъана “мусаҳҳеҳ” таъин шудам. Он вақтҳо  ҳамаи газетаю журналҳои ҷумҳуриявию вилоятии пойтахт дар як бинои  қадимасохти  назди “Театри  Навоӣ” ҷой гирифта буд.  Дар якчанд хонаи ошёнаи сеюми ин иморат  се-чор нафарӣ менишастем. Аммо, ягон ходим аз  тангии ҷойи кор  шиква надошт.
Эҳтимол нисбати осуда будани солу замон, ё ки ба мақсади наздик сохтани одамон бо матбуот  бошад, дохил шудан ба он бе ягон хел пурсуҷӯ, ниҳоят осон буд. Чунки вазифаи “посбони дар”-ро  одатан  фарроше иҷро мекард. Қадами  меҳмон аз идораи мо ҳеҷ канда намешуд. Меҳмон, ки омад, “як пиёла чой” даркор, ё чанд дона самбӯсаи болаззати “Бешёғоч”, ки нархаш 4 тин буду номаш “ухо, горло, нос”. Чунин хидмат ҳамеша ба зиммаи “мусаҳҳеҳ” буд.
Эҳтимол ҳамон  вазифаи  кампули пуркор сабаб гардид, ки баробари даст додани фурсат ба ягон музей ё ба ягон ёдгории меъмории Тошканд сар мехалондам ва маълумоти даркорӣ ба даст оварда шабона чизе менавиштам, ки  зимнан  ҳамбастагиҳои таърихии тоҷику ӯзбекро ифода мекард. “Хоббӣ” табъи дилам буд, ба муштариёну калонҳо  низ маъқул мешуд. Рости гап, ҳусни хати зебои настаълиқ, матни ба забони дилписанди форсӣ  ороишёфтаи аксарияти навиштаҷоти ёдгориҳои меъмории Тошканд, маро ҳамеша ба ваҷд меоварданд, аз ҷумла ин байт:
Дунё ба мисоли як 
саройи дудар аст,
Ҳар рӯз дар ин сароча 
қавме дигар аст.
Таассуроти чаҳор мисраъ шеъри болои меҳроби Мадрасаи Абулқосим (воқеъ дар шафати бинои қасри «Дӯстии халқҳо»), ба ман хеле илҳом бахшидааст. Кофтукови  архиву китобҳои тоинқилобӣ  имкон додааст, то дар матбуот эълон намоям , ки эшон кистанду ба манфиати халқу ватан чиҳо кардаанд, аз ин авлод киҳо мондаанд? 
Бешак, аз номи мадраса пайдост, ки бино  аз ҳисоби  маблағи шахсӣ бунёд шудааст. Аз манбаъҳо  дарёфтам, ки таъмини  маоши мударрисону  толибилмон ҳам  бо маблағи  мударриси донишманд Абулқосим эшон амалӣ шудааст. Равшанфикрӣ ва ватандӯстии  соҳиби мадраса ва сатҳи таълими мадраса дар он  ҳам намоён аст, ки  таи солҳои  1914-17 адибони равшанфикри навҷӯ,  чун  Абдулло Қодирӣ, Абдурауф Фитрат, Мунавварқорӣ Абдурашидхонов. драманавис  Ғулом  Зуфарӣ, арбоби дин Зиёвуддинқорӣ Бобохонов, шоири тоҷик Васлии Самарқандии ҷияни худи Абулқосим эшон, аз ҷумлаи  шогирдпешагони ҳамин мадраса будаанд.
... Баъди нашри  мақолае  дар ин мавзӯъ (М.Отахонов. “Бир мадраса тилсими.” “Ӯзбекистон овози” 1.04.2004)  ҳаяҷон ва изтироби  набераи эшони Абулқосим – нависандаи шодравон, Ӯткир Ҳошимов маро мутаассир ва илҳом бахшид.   
Ҳамин тавр, аз иштироки   лашкари  Искандарбеки  Ӯротеппагӣ (ҳозира Истаравшани Тоҷикистон) дар ҷанги муқобили  Черняев, оид ба раҳбарии Абулқосимхон дар  шӯриши халқии Тошканд (ки ба номи “Исёни вабо” – “Холерний бунт” сабти  таърих  аст) бисёр далелҳо ба даст оварда, очерк ҳам   нашр кардаам. 
Ҳол он ки, навиштани ин мақолаю очеркҳо аз як чизи ночизе сар шуда буд. Ин ҳам бошад, тафсири ғалати  чаҳор мисраъ шеъри тоҷикие буд, ки дар китоби раҳнамои мадраса (ниг. ба “Гӯзаллик маскани” – “Родник красоты”. Т.2002)  матнро “тарҷима аз забони арабӣ” гуфтаанд.  Матни   бо хати зебои настаълиқ  мунаққаш, дар пештоқи меҳроби он мадраса, чунин аст:
Ин чӣ муборак биност, 
арш барин ҷабҳасост,
Чунки бувад манзили 
муйи латифи Расул.
З-он зи сари фахр гуфт 
Мир ба таърихи ӯ,
«Бақъаи олияи  мӯйи 
шарифи Расул».
Хулласи калом, дӯстон, ки оинаи якдигаранд, камбудии якдигарро ошкоро, рӯ ба рӯ гӯянд. Зеро, тақозои исломият, илму адаби муштарак, дӯстии ҳақиқӣ ҳамин аст.

Маъруф ОТАХОНЗОДА, 
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: