Дар филиали Фарғонаи Донишгоҳи давлатии технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ бинои нави истиқоматии донишҷӯён ба истифода супурда шуд.
Бинои мазкур дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 сентябри соли 2021 «Дар бораи чорабиниҳои дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ баланд бардоштани сатҳи фарогирии донишҷӯён бо манзили зист» бунёд гардида, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст ва дар ин ҷо барои донишҷӯён шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар хобгоҳи замонавии донишҷӯён 15-то ҷойи нави корӣ низ офарида шудааст.
Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).