ХОБГОҲИ НАВ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Дар филиали самарқандии Донишгоҳи технологияи иттилоотии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмии Тошканд (TATU) маросими кушодашавии хобгоҳи нави донишҷӯён гузаронида шуд.

Ҷонишини вазири технологияи рақамӣ Рустам Каримҷонов ҷамоаи омӯзгорон ва донишҷӯёни филиалро бо бинои нав табрик гуфта, доир ба ислоҳоти соҳаи технологияи рақамӣ ҳарф зад.
— Тӯли 3-4 соли охир дар Ӯзбекистон роҷеъ ба соҳаи технологияи рақамӣ корҳои шоёни таҳсин ба анҷом расонида шуданд, — гуфт ӯ. — Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ теъдоди донишҷӯёне, ки дар самти технологияҳои иттилоотӣ таълим мегиранд, аз 51 ҳазор нафар афзудааст. Дар соли равон зиёда аз 12 ҳазор нафар донишҷӯ ин соҳаро хатм мекунанд. Барои онҳо ҷойҳои холии кор, ки ташкилотҳо и хориҷӣ пешниҳод мекунанд, мавҷуд аст. Вале мутахассисоне, ки ташкилотҳои хориҷӣ меҷӯянд ва барои худ лозим медонанд, дар мо камшуморанд. Мутаассифона, дар ин соҳа сифат хуб нест. Мо бояд бештар бобати сифат кор кунем ва кадрҳои рақобатпазир омода намоем. 
Хобгоҳ барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ шуда, ба маблағи 26 миллиард сӯм дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ бунёд гардидааст. Ҳар як хонаи бино барои чор нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст ва дар он телевизор, кат, ҷевон, миз, рафи китобмонӣ мавҷуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: