ХОДИМОНИ ШИРКАТҲОИ ХОРИҶИИ САЙЁҲӢ БА МЕҲМОНӢ ОМАДАНД

Пӯшида нест, ки як қатор кишварҳои мутараққии ҷаҳон туфайли рушду равнақ бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ манфиат мебинанд.

Дар ин давлатҳо сайёҳӣ ба соҳаи асосӣ табдил ёфта, нақшаву лоиҳаҳои нав ба нав тарҳрезӣ мегарданд. 
Тайи панҷ-шаш соли охир дар ҷумҳурии мо низ бо дастуру пешниҳод ва қарору фармоишҳои ба имзо расондаи Сарвари давлат корҳои назаррас ба сомон расиданд.
29 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати Президент селектори видеоӣ бахшида ба рушду инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ баргузор гардида буд. Роҳбари давлат ба ходимони сафоратхонаҳое, ки алҳол  дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Куриё, Малайзия, Русия ва Қазоқистон фаъолият доранд, супориш дод, ки ҳар моҳ аз 20 ширкати бонуфузи ин кишварҳо намояндагонро ҷалб намоянд, то ки салоҳияти сайёҳии Ӯзбекистон ба оламиён муаррифӣ шавад.
Дар қаламрави вилояти Ҷиззах ҳам аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Алалхусус, дар ноҳияҳои Зомину Фориш шумораи меҳмонхонаҳо, хонаҳои меҳмонқабулкунӣ меафзоянд. Дар оғӯши табиати зебои диёр масканҳои истироҳатӣ сохта мешаванд.
Чанде пеш як гурӯҳ намояндагони Ширкати бонуфузи  ҷаҳонгардии Олмон ба вилоят омада, имконият, шароит ва умуман  салоҳияти ҳозираи ноҳияҳои Зомин ва Форишро аз назар гузарониданд. Муовини ҳокими вилоят Синдор Раҳмонқулов ва сарвари садорати фарҳанг ва сайёҳии вилояти Ҷиззах Азамат Дархонов ба меҳмонони олмонӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Онҳо аввал аз манзараҳои зебои Зомин баҳра бурданд. Бо қулаиҳои маскани истироҳативу-сайёҳии «Суфа» аз наздик шинос гардиданд. Таваҷҷуҳи онҳоро  Роҳи расанӣ, обанбори Зомин, фаъолияти  корхонаҳои муштарак ба худ ҷалб намуд.
Сипас ба маҳаллаи «Сайёд»-и ноҳияи Фориш омаданд. Дастаи фолклорию этнографӣ-халқии «Боғдон» бо рақсу сурудҳои рангин хотири меҳмононро шод намуд. Баъд аз он ки пардаи торикӣ фуромада, атрофу акнофро фаро гирифт, гулхан афрӯхта, дар атрофи он суҳбати дилнишини дӯстона анҷом доданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: