ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН БЕҲТАР...

Мошини боркаше, ки аз Даҳбед сӯйи Басванд роҳ пеш гирифта буд, кӯҳу кӯҳталҳоро пас гузошта сӯйи манзил шитоб дошт.

Ҳавои тирамоҳӣ касро ҳаловат мебахшид. Дар кабинаи мошини боркаш Баҳроми муаллим бо ронанда аз ҳар дар суҳбат ороста, таноби роҳро кӯтоҳ мекарданд.
– Ҳа, ако, бояд ба қадри обу хоки Ватан расид, онро ба чашм тӯтиё кард. Ягон гӯшаи дунё чун диёри мо зебову дилкаш нест. Саҷда бояд кард ин хоку обро,– чашм аз роҳ наканда ҳарф мезад ронанда.
– Медонед, ако, ман шаш моҳи расо дар хоки Афғонистон будам. Ҷангро, бегуноҳ ба коми марг рафтани ҷавононро борҳо шоҳид гаштам. Он солҳо ҷавон будам, моро чун ронанда ба хидмати ҳарбӣ ҷалб сохтанд. Дар шаҳри Багром шоҳиди воқеаҳои ҳузнангезу мудҳиш гардидам. Деҳаҳои аз ҷанг валангору мардуми гушнаву бесарпаноҳ, кӯдакони урёну пойлуч ва бесаробонро дида, дили кас об мегашт. Бо чашмони ғамгину дидаҳои ашколуд нон талабидани кӯдакон дилро тазйиқ медод. Бовар кунед, муаллим, вақте ҷанг аст, инсон қадре надорад, хоҳанд дар як лаҳза нобудаш месозанд. Бахусус, онҳое, ки мусофир ҳастанд, ҳолашон аз ҳоли саг бадтар аст. Худо ин хел бадбахтиро ба сари ягон бандааш наандозад,–  ронанда бо як даст гиребонашро дошта, нигоҳе ба осмон мекунад.
–  Боре гурӯҳи ҳарбии мо дар деҳае чанд рӯз монд. Нисфирӯзӣ буд, марди тахминан чил-чилупанҷсолае назди мо омада пурсид, ки аз Ӯзбекистон касе ҳаст? Ман худро шинос карда огоҳ сохтам, ки зодаи Басвандам. Вай ба ман дурудароз нигариста, чашмонаш ғарқи об ба тавоф кардан даромад:
–  Ҳамватан, ҳамзабон, аз ту, оғо, бӯйи ватани бобоиям меояд. Медонӣ, мо аслан зодаи Деҳнавшаҳрем. Соле, ки Амир Олимхон аз Бухоро фирор намуда, озими Афғонистон мегардад, аз тарси овозаҳое, ки «урусҳо мардуми мусалмонро мекушанду беномус месозанд», бобояму амакам бо фарзандон аз паси амир мераванд. Модаркалонаму духтаронаш мемонанд.
Бародарон бо фарзандони хеш бо сад азобу машаққат дарёро убур карда, муқими Афғонистон мегарданд. Хок бар сари амиру нодониҳои бобоям,– мегуфту чашмонаш ғарқи об мегаштанд.
– Додар, бовар кун, мусофират бадбахтист. Мусофирро дар ин кишварҳо ба қатори одам намегиранд, мо ҳеч гуна ҳуқуқи инсонӣ надорем. Баъде, ки бобову падарам ба хоки афғон мегузаранд, таҳқиру осебҳои зиёд мебинанд. Ба ҳоли онҳо чӯпоне раҳм карда муваққатан нигаҳбонии молашро месупорад ва аз як гӯшаи молхона ба онҳо ҷой медиҳад. Ба ҳамин ҳам шукр карда падару писар ба як бурда нони сахту пиёлаи обе то баҳорон хидмати он чӯпонро мекунанд. Чун баҳор фаро мерасад, хӯҷаин онҳоро меронад. Онҳо дар оворагиҳо чанд муддат гашта, ба сарзамини Туркия меафтанд. Муддате хидматҳои сахттаринро анҷом дода, ҷон ба саломат мебаранд. Азбаски сарпаноҳе намеёбанд, ба гурӯҳи одамоне ҳамроҳ шуда, роҳи Покистонро пеш мегиранд. Ҳазор афсӯс, ки ҳолашон он ҷо боз ҳам бадтар мегардад. Азобу машаққати ғуломиро кашида, ноилоҷ боз рӯ сӯйи Афғонистон меоранд. Ҳаммолию хидмати ҳар киро карда, лаби ноне меёбанд. Вале бобоям ба ин сахтиҳои рӯзгор тоб наоварда зиндагии пурҷафоро падруд мегӯяд. Падарам Ҷамол ном дошт. Ӯ ба хидмати бое даромада зимистону тобистон чӯпонӣ мекунад. Ҳаққи хидмати ҳалолаш бой ӯро ба бевае хонадор мекунад ва ман ба дунё меоям. 
– Бубахшед, чӣ ном доред? – пурсидам ӯро.
– Маҳмуд,– ҷавоб дод ғамолуд ӯ.
Нисфирӯзӣ офтоб тафси худро гӯё дучандон ба замин мепошид. Ҳамсуҳбатам Маҳмуд, ки ранги рӯяш канда ва касалманд метофт, аз тафси ҳаво безобита  иҷозати дар сояи мошин нишастанро кард. Ин вақт ба назди мо пасупеш ду мошини сабукрави болояш кушод, ки чанд нафари сураташон ба афғонҳо монанд савори он буданд, омада истод. Риши ғулии теғнорасида, чашмони оташборашон раъшае дар вуҷуди кас меандохт. Онҳо бе ҳеч салому алейк аз мошин фаромада, Маҳмудро зери мушту лагад гирифта, ҳақоратҳои қабеҳ доданд: 
– Ту, ватангадо, чаро инҷоӣ? Кӣ ту сакалтуро иҷозат дод, ки бо мардумони бегона ҳамсуҳбат шавӣ?
Лаънатии ватанфурӯш, кафан надорӣ, ки қабрат кунем. Бори дигар ту беватанро иҳотаи дигарон бинем, сари беақлатро бо тир ғалбер хоҳем кард,– ваҳшиёна бонг зад яке аз онҳо.
Бечора Маҳмуд оғуштаи хоку хун базӯр меҷунбид. Он гоҳ дилам ба вай сӯхт, хостам тамоми тири автоматамро ба синаи он ваҳшиҳои хунхор ҷо кунам, вале командир ин ҳолатамро пай бурда, даст рӯйи силоҳам гузошт. 
Баъде, ки силоҳбадастон қафо гаштанд, ман Маҳмудро кӯмак намудам, то аз ҷояш хезад. Вай базӯр ба по меистоду вуҷудаш меларзид. Хаёлам тамоми ҳастиаш гиря мекард.
– Додар, маро бубахш,  туро зиқ кардам. Ту парво макун, ҳоли касе, ки ватанро пешпо задааст, ҳамин аст. Ба ин мо худ гунаҳкорем. Моро Худо бахшад. Ҳамватани ҷон, аз ту як илтимос дорам, агар розӣ бошӣ гӯям,– лабу даҳони хунолудашро бо дасташ пок карда илтиҷоомез ба ман нигарист ӯ.
– Агар иҷозат диҳӣ, аз хоку лойи шахшудаи чархҳои мошинат андаке ба худ гирам. Охир, дар он хоки Деҳнавшаҳр – хоки ватани бобоии ман низ ҳамроҳ аст. Албатта, баргашта он ҷо рафтан насиби ман  намекунад, вале қарибонамро васият мекунам, ки ҳамин як каф хоки ватанро баъди маргам рӯйи қабрам резанд.
– Рости гап, худро дошта натавонистам, чашмонам пуроб гаштанд. Ба Маҳмуд чӣ ёрӣ доданамро намедонистам, ба тақдираш афсӯс хӯрдам. Вай хокро дар каллапӯши худ гирифта маро видоъ намуда, лангон-лангон роҳи кулбаи вайронаашро пеш гирифт. Ман бо таассуф аз пушт ба ӯ чашм дӯхта мондам.
Ана ҳамин хел, бародар, ман шоҳид гаштам, ки кас дар мулки бегона хор мешудааст. Солҳои зиёд сипарӣ гаштанду он манзараи мағшушу ғамангез ҳеч аз пеши назарам дур намеравад. 
Баҳроми муаллимро ин ҳикояти ронанда мутаассир сохта буд. Хаёлан зиндагии осудаву ҳаёти фаровони Ватани азизро бо зиндагии ғамангези кишвари ҳамсоя қиёс намуда, шукри Худовандро кард, ки дар чунин Ватан кору зиндагӣ дорад. 
Мошин манзараҳои зебои кӯҳсорро убур карда, ба манзил наздик мерасид. Шамоли форами тирамоҳӣ ба димоғ бӯйи махмуркунандаи себу биҳӣ, ноку ношбӯтиро ҳадя сохта, ҳаловату кайфияти хуш мебахшид. Ин ҳама бӯйи ҷонбахши хоки Ватан буд. 
              
Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН, 
ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: