ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбуб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Самарқанд тадбири маънавӣ-маърифатии «Дидорбинии се насл» баргузор мегарданд.

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбуб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Самарқанд тадбири маънавӣ-маърифатии «Дидорбинии се насл» баргузор мегарданд. Чунин анҷумани бошукӯҳ дар ноҳияи тоҷикнишини Самарқанд хотирнишин гузашт.
Дар асоси таклифи ходими масъули ҳокимият Саид Мардонов аз 74 гузару маҳаллаи ноҳия вакилони се авлод дар маркази маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷамъ омаданд ва дар асоси хатсайр ҳозирон нахуст масҷиди ҷомеъи яке аз пешвоёни тариқати Нақшбандия Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валиро зиёрат карданд.
– Шукри Худо, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон боз ба дину диёнатамон баргаштем, – иброз дошт собиқадори меҳнат ҳоҷӣ Аслам Ҳошимов, – мо мӯйсафедон гашти пирӣ ронда намозамон канда нест. Рӯйи ҷойнамоз нишаста, шукронаи замон мекунем ва даст ба дуо бардошта аз Парвардигор рӯзгори фаровон, осмони мусаффо, баракоти кори деҳқонону тадбиркоронро мепурсем. Таманнои ман дар асоси даъвати пешвоёни тариқати Нақшбандия «Дил ба ёру даст ба кор» бояд шавад. Зеро меҳнат – асоси фароғату некӯаҳволӣ.
Сипас, иштирокчиёни тадбир дар кушодашавии супермаркети «Фаровон» ширкат варзиданд, ки дар маҳаллаи ба номи Мирзо Улуғбек воқеъ аст. Ба муносибати тантанавор дари худро боз намудани кошонаи савдо базми бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Як гурӯҳ санъаткорон бо сурудҳои дилошӯб ба иштирокчиёни тадбир ғизои маънавӣ бахшиданд.
– Дар пештахтаҳои растаи савдо маҳсулоти гуногуни зарурӣ гузошта шуд, ки барои рӯзгор зарур аст, – гуфт таъсисгари он Аслам Фаттозода, – аз ҳама муҳимаш, маҳсулот арзон, хушсифат ва бозоргир ҳастанд. Боз 120 нафар ҷавонон ба кори фоиданок ҷалб шуданд.
Сонӣ сӯйи деҳаи Гулбоғ раҳсипор шуданд. Пас аз чанд дақиқа нақлиёт дар назди бинои хушсохти замонавии зебо қарор гирифт.
– Дар замони шӯравӣ маҳз дар ҳамин ҷо идораи хоҷагии ҷамоатии ба номи Куйбишев ҷойгир буд, – иттилоъ дод амини деҳа Озод Ҳамидзода, – бо гузашти айём иншоот харобу фарсуда шуд. Тадбиркори маърифатпарвар Зафарҷон Зайниддинов бо салоҳдиди ҳокимият ва идораҳои дахлдор минтақаи мазкурро харид ва бинои мактаби нави хусусӣ бунёд кард. Вай барои ба муроди дил расидан аз давлат 2,3 миллиард сӯм қарз гирифту таълимгоҳро бо ускунаҳои замонавӣ таъмин намуд. Ҳоло 180 нафар фарзандони гузару деҳоти атроф ба хондан қабул шуданд. Дарсҳо ба забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён мегирад. Шахсан худам чанд китоби ба забони модарӣ иншогардидаро, ки дар Тошканд, Душанбе, Хӯҷанд чоп шудаанд, ҳадя намудам, ки насли наврас аз таронаҳои халқӣ ва афсонаҳои халқи тоҷик баҳра баранд. Умед аст, ки дар «Камолот» писаракону духтаракон дар рӯҳи замон ба камол мерасанд.
Меҳмонон, баъди боздиди мактаби нави Ӯзбекистони нав, барои сайру саёҳати деҳаи хушҳавои Оҳалик азми сафар намуда, болои роҳ дар боғи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мароқанд агроинвест» таваққуф намуданд.
– Мо дар 28 гектар замин ниҳолҳои себ, нок, гелос ва шафтолуро парвариш мекунем, – гуфт асосгузори он Фурқатҷон Ҳамидов, – аллакай боғ ба ҳосил даромад. Бо парвариши дарахтҳои меванок 25 нафар зану духтарон, ки дар ҳаёт хато карда ҷазо гирифтаанд, бо меҳнати ҳалол ислоҳ мешаванд. Барои кору истироҳати бонувон тамоми шароит муҳайё шудааст. Ҳоло боғ ҳосил меоварад ва ба бозорҳои Самарқанд ирсол менамоем.
Иштироккунандагон бо роҳи васеъ, мумфарш ва равон рӯ ба ҷониби кӯҳсор оварданд. Дар автобуси мо, ки аксарият вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ буданд, ҳокими ноҳия Носир Мавлонов доир ба бунёдкориҳои солҳои охир маълумот дод.
– Дар арафаи ташрифи шумоён роҳи асосии «Самарқанд – Оҳалик» баъди 40 сол боз пурра мумфарш гардид, – аз ба атроф зеҳн мондани мо рамз гирифта лаб ба сухан кушод роҳбаладамон Носир Мамарасулович, – дар қаламрави ноҳия 930 километр роҳ вуҷуд дорад. Дар арафаи иди истиқлол 120 километр таъмир шуд, ки як қисми онро шоҳроҳи «Самарқанд – Оҳалик» ташкил мекунад. Дар урфият «азоби роҳ – азоби гӯр» мегӯянд. Ана акнун мардуми кӯҳсор бидуни заҳмату азият ба Самарқанд омаду рафт мекунанд. Ниятамон фосила ба фосила тамоми роҳҳои ноҳияро ба тартиб овардан аст.
Мо саргарми суҳбат ба истироҳатгоҳи «Ситора» расидем, ки дар бағали кӯҳ ҷойгир буда, насими форам, оби тезу шаффофи дарёча ба кас ҳаловат бахшид.
– Самарқанди бостонӣ аз азал меҳрофарину дилнишин аст, – таъкид намуд муаллими мактаби рақами 43-юми деҳаи Боғитилло Мурод Маъдӣ, ки беш аз 50 сол ба фарзандони мардум аз фанни забони модарӣ ва адабиёт сабақ медиҳад, – бар замми ин диёри биҳиштосои офтобӣ, ки табиати нотакрор дорад. Ман ба шогирдон такрор ба такрор мегӯям, ки Ватан ягона ва муқаддас аст ва байтҳоро дар ситоиши кишвар қироат мекунам:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон 
хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон 
хуштар.
Ана барои чӣ сарвати бебаҳо, ифтихори мо – Ӯзбекистони соҳибистиқлол ҷаннати рӯйи замин аст. Вазифаи омӯзгорон бошад, аз кӯдакӣ фарзандонро дар рӯҳи ватандӯстӣ, инсонгарӣ, садоқат ба зодгоҳи маҳбуб таълиму тарбия додан аст. Зеро:
Ватанро бинозам, 
маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд 
бахтиёр…
Тамошогоҳи навбатӣ маҳаллаи Конигил буд, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Корхонаи хусусии «Конигил-мерос», ки асосгузораш Зариф Мухторов буда, ҷамоаи ӯ бо истеҳсоли коғази қадимаи Самарқанд машғул аст, ба меҳмонон таассуроти калон гузошт. 
– Бо дастгирии ташкилоти бонуфуз ЮНЕСКО бо ускунаҳои бобоӣ – обҷувоз ба истеҳсоли коғаз пардохтем, – гуфт Зариф Мухторов, – қариб як гектар майдонро ба тасарруфи худ гирифта, соҳибкории хусусиро ба роҳ мондем. Қариб ҳар рӯз аз кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ гурӯҳ-гурӯҳ меҳмонон ташриф фармуда, бо ҷараёни истеҳсоли коғаз шинос мешаванд. Ҳозир аз навдаи дарахти тут коғаз истеҳсол намуда, ҳар гуна маҳсулоти бозоргир тайёр карда, ба савдо мегузорем, ки мардум бо ҳавас харид мекунанд. Дар оянда яке аз манзилҳои асосии сайрхати сайёҳон корхонаи мо хоҳад шуд. Мақсад – ба меҳмонон ба чӣ қодир будани аҷдоди моро намоиш додан.
Баъди боздиди сохтмони шаҳраки навбунёди «Samarkand City» бинои нави маҳаллаи Қӯштамғалӣ ва бозори «Агрологистика» барои иштирокчиёни тадбир дар гузари Андиҷонӣ дастархон боз шуд. Ҳокими ноҳия Носир Мавлонов ба як гурӯҳ фаъолон «Ифтихорнома» супурд.
Навозандагону сарояндагон бо савту навои дилнишин ғизои маънавӣ бахшиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: