Камолиддини Биноӣ фармудааст: «Илм барҳамдиҳандаи заҳри зиндагӣ ва нурбахши наҷот аст».
Дарҳақиқат, инсони илмдӯсту бофарҳанг нишебу фарози зиндагӣ, ғаму ташвишҳои ҳаётро сабурона паси сар мекунад. Қаҳрамони ин сатрҳои мо бонуи фарҳангдӯст, муаллима, донишҷӯйи 48-солаи гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ Зоирамоҳ Нуриддинова мебошад.
Вақте дар ин гурӯҳ муддате аз фанни «Услубшиносӣ» дарс додам, рӯзи аввали ба синфхона даромадан, чашмам ба ҷавонзани синну солаш нисбати шарикдарсон калонтар афтид, рости гап, хеле тааҷҷуб кардам. Ва ният кардам, ки бо ин шогирди ташнаи илм суҳбат намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти ибратпазираш чизе донам.
Зоирамоҳ Нуриддинова соли 1975 дар маҳаллаи Қаробоғи шаҳри Ангрен ба дунё омад. Худи ӯ ёдовар мешавад, ки бо тақозои тақдир дар хурдсолӣ падару модараш Зоирамоҳро ба тарбияи бобою момояш гузоштаанд. Духтарак аз бобою момо, ки боандешаву илмдӯст буданд, тарбияи хуб мегирад. Дар ёдаш, бобояш Муллошермат аз забони арабӣ хабардор буд, китоби калони арабиҳуруфро гоҳ-гоҳ варақ мезад. Ин буд, ки Зоирамоҳ низ аз бобояшу момояш баъзе сураҳои Қуръони каримро азхуд намуд.
– Холаҳоям Хосияту Марям ва тағоҳоям ба ҷойи модарам маро нигоҳубин карданд, аз қатори фарзандонашон кам накардаанд, ман аз бобою момо ва холаю тағоҳоям миннатдорам, ки ҷойи холигии ҳаёти маро пурра карданд, – мегӯяд Зоирамоҳ.
Соли 1982 ба мактаби миёнаи рақами 17-уми ба номи Садриддин Айнӣ қадам гузошт. Саводи аввалинро аз омӯзгор Баҳриддин Муҳиддинов гирифт. Вақте ки дар синфи шашум мехонд, оилаи онҳо ба маҳаллаи Кӯктерак кӯч баст ва Зоирамоҳ таҳсилро дар мактаби рақами 7-уми ба номи Йӯлдош Охунбобоев идома дод. Аз устодон Толибҷон Мутолибов, Робия Шамсиддинова, Нуриддин Бобоев, Раҳимҷон Абдураҳмонов, Ҳусниддин Ҳошимов ва дигарон сабақ омӯхт. Духтарак аз хурдӣ қироати шеър ва китобхониро дӯст медошт. Зери роҳнамоии омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Фарҳод Исомиддинов мақолаҳояш дар газетаи девории мактаб ва дертар дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чопро медиданд. Дар озмунҳои фаннии ноҳиявию вилоятӣ иштирок карда, ҷойҳои муносибро ишғол менамуд. Дар чорабиниҳои мактаб бахшида ба зодрӯзи шоиру нависандагон ва ҷашнҳои мардумӣ барандагӣ мекард.
Зоирамоҳ дар дил орзуи муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ё касби журналистиро мепарварид. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ангрен супорид, вале бахташ омад накард. Соли 1992 дар мактаби рақами 37-уми шаҳри Ангрен чор синфи тоҷикӣ амал мекард, духтарак барои кор ба ин мактаб муроҷиат намуд ва қобилияти ӯро ба назар гирифта, чун он солҳо мутахассисон намерасиданд, синфи 1-умро ба ӯ супориданд.
Ҳамин тариқ, Зоирамоҳ ба яке аз оилаҳои зиёии шаҳр арӯс шуд. Паси ҳам фарзандони дӯстрӯ – Ҳабибулло, Рухсора, Рухшона, Фатҳулло ва Фотимаю Зуҳроро ба дунё овард.
– Тамоман ба кори рӯзгору тарбияи кӯдакон банд шудам, вале орзуи таҳсили илм дар донишгоҳ маро тарк намекард. Бахти ман дар он буд, ки падарарӯсам – Ҳувайдулло Нуриддинов дар мактаби рақами 10-уми шаҳр аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Соли 2019 бо ҳамроҳии духтари калониам Рухсора ба ДДОЧ ҳуҷҷат супурдем ва донишҷӯ шудам. Аз падарарӯсам, шавҳарам ва арӯсони зебою батамкинам, ки дар ин синну сол барои таҳсили ман дар донишгоҳ шароит муҳаё намуданд, беҳад миннатдорам. «Аз гаҳвора то қабр илм омӯз» гуфтаанд бузургони мо. Ният дорам, баъди хатми бакалавр дар самти магистратура низ хонам,– мегӯяд Зоирамоҳ.
Зоирамоҳ ҳоло соли охирини донишҷӯиро мегузаронад. Аҳли гурӯҳ ӯро «холаҷон» мегӯянд.
– Набераҳои ширинам – Муҳаммадризо, Осиё, Румия ва Зайлобиддин таскини дили мананд, Худо ба ҳамон рӯзҳо расонад, онҳоро низ мехононем, соҳиби маълумоти олӣ мекунем, – мегӯяд Зоирамоҳ.
Рукниддини Авҳадӣ фармудааст:
Чун ту бо илм ошно гаштӣ,
Бигзарӣ з-об низ бе киштӣ.
Оре, ба гуфтаи хирадманде : «Ҳар кӣ илм бештар дорад, ӯро бузург доред ва ҳар кӣ аз омӯхтани илм нанг дорад, ӯро мардум мадонед».
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».