ХОЛМИРЗОБЕК – БАРАНДАИ ҶОИЗА

Холмирзобек Мехлиев аз ҷавонӣ ба варзиш меҳр баст.

Ӯ дар мактаб, баробари бо баҳои хубу аъло хондан, бо хулқу атвори намунавӣ байни ҳамсолон ва ҷамоаи мактаб ангуштнамо мебошад. Баъди дарс вақтҳои холии худро дар маҳфилҳои варзишии мактаб ва машғулиятҳои мактаби бачаҳо ва ҷавонони маркази ноҳия мегузаронад.
Аз 8-солагӣ бо намуди варзиши «Ашихара-каратэ» машғул шуд. Аз устодони худ Н. Чориев ва Ч. Эсонов асрори варзишро омӯхт, ки ин алҳол самараи худро медиҳад.
Соли 2015 дар чемпионати Авроосиё доир ба намуди «Ашихара-каратэ», ки дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуда буд, иштирок карда, соҳиби ҷойи якум гардид. Ҳамин тавр, ӯ дар бисёр мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардид.
Соли 2015 бошад, Х. Мехлиев ба узвияти ҷамоаи яккачини Федератсияи «Ашихара-каратэ»-и Ӯзбекистон қабул карда шуд.
Ба қарибӣ дар ҳаёти ӯ боз як воқеаи фаромӯшнопазир рӯй дод. Дар мусобиқаи байналхалқӣ, ки 16-17 ноябри соли ҷорӣ дар маҷмӯи «Ҷар»-и пойтахт баргузор шуд, иштирок кард. Варзишгари ҷавон доир ба самти «кумитэ»-и турнири мазкур ҷойи якумро ишғол намуда, бо медали тилло мукофотонида шуд. Инчунин, дар самти «ката» соҳиби медали биринҷӣ гардида, бо дипломи хотиравии федератсия тақдиронида шуд.
– Комёбиҳои фарзандамон аҳли оилаамро хеле ба ҳаяҷон овард, – мегӯяд бо як хурсандӣ падари Холмирзобек С. Тӯлаев. – Дар хона низ барои машғулотҳои ӯ ҳамаи шароитро муҳайё намудаем. Имрӯз шоҳиди он гардидем, ки сабақҳои аз устодонаш гирифтааш беҳуда нарафтаанд.
Холмирзобек Мехлиев дар айни замон хонандаи синфи 11-уми мактаби таълими умумии рақами 85-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё мебошад. 
Орзуҳои ӯ як олам. Инсон аз таҳти дил баҳри расидан ба орзуву мақсадҳои нек ҳаракат кунад, албатта, муваффақ мегардад.

А. БЕККАМОВ.
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: