Намояндаи барҷастаи санъати мусиқии Ӯзбекистон, муаллифи мадҳияи давлатии Ӯзбекистон, соҳиби орденҳои «Буюк хизматлари учун», «Эл-юрт ҳурмати» ва медали «Шӯҳрат», фарзанди Бухорои шариф М. Бурҳонов солҳои 1997-2002 (яъне шаш соли охири умр) дар хонаи 182/1, кӯчаи Б. Нақшбанди зодгоҳаш – шаҳри Бухоро умр ба сар бурда буд.
Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 декабри соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани барномаи маҷмӯи чораю тадбирҳо оиди такмил додани фаъолияти музейҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии онҳо дар солҳои 2017-2027» ин хона-музей ба шуъбаи осорхона – мамнӯъгоҳи бадеию меъмории давлатии Бухоро табдил дода шуд.
Яке аз поягузорони мактаби мусиқии мамлакат, аввалин муаллифи асарҳо оид ба сарояндагии хор (ҷӯровозӣ) Мутал (Мутаваккил) Бурҳонов зиёда аз шаст соли ҳаёти худро ба офаридани намудҳои гуногуни мусиқӣ бахшид. Марсияи «Хотираи абадӣ», романсҳои «Бо номи муҳаббат», «Орзуи шоир», мусиқаҳояш дар филмҳои бадеии «Мафтунат ман», «Ибни Сино», «Бой ва хизматкор», «Роҳи истиқбол», «Сурайё» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд...
Дар маросими кушодашавии хона-музей роҳбарон ва мутахассисон хизматҳои бузурги оҳангсозро таъкид карданд.
Дар хона-музей бештар аз ду ҳазор экспонат гирд оварда шудааст. Лавҳаҳо таҳти унвонҳои «Рӯзгори М. Бурҳонов», «Хонаи эҷодии оҳангсоз», «Эътироф, эҳтиром», «Таърихи мусиқӣ» ба шуъбаҳо ҷудо гардидааст. Китобҳо оид ба соҳа, намудҳои асбобҳои мусиқӣ, суратҳо, пластинкаҳо, ҳуҷ-ҷатҳо, тадқиқотҳо доир ба «Шашмақом», мавод вобаста ба офарида шудани суруди миллӣ ва ғайра барои бинандагон шавқовар аст.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.