«ХОНА НАХАР, ҲАМСОЯ БИХАР»

Халқи дурандешу рӯзгордидаи мо беҳуда нагуфтааст: «Хона нахар, ҳамсоя бихар».

Халқҳои тоҷику ӯзбек шарики шодию ғамҳои якдигар буданд, аз як ҷӯй об хӯрдаанду аз як дастархон нон.
Суҳбати мо бо сармуҳаррири нашрияи бахши Истаравшании Бунёди забони тоҷикӣ – моҳномаи «Ганҷи ороста» Раънои ЗОИРДУХТ дар сари як пиёла чой оғоз ёфт.
– Раъно, аввало ба хонаи дӯст – шаҳри Тошканд хуш омадед. Албатта, оиди дӯстии азалии халқҳои ӯзбеку тоҷик гуфтаниҳо доред.
– Бале, бузургон фармудаанд:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Медонем, ки асрҳо инҷониб тоҷику ӯзбек аз як чашма об нӯшидаанду аз як хони неъмат тановул кардаанд. Шодию ғам, базму нишоти якдигарро пурра намудаанд. Тухми меҳру вафо, дӯстию бародариро ду адиби забардаст, пирони хирад Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба қаъри дили халқҳо кошта буданд. Солҳои зиёд ба гӯши мо садои най ҷудоиҳоро мерасонд, он рӯзҳо рӯзҳои хеле абрнок буд. Чуноне Мавлавии хирадманд мегӯяд:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад...

Хушбахтона, офтоб боз тулӯъ кард, дасти дилҳо ба дасти дилҳо расид. Орзуҳои ду мардуми ташнаи дилу меҳр, боғи ормонҳояшон сабз гардид, ки ин бо ташаббуси сарони ду кишвар ҷомаи амал пӯшид.
– Таассуроти сафари ҳолоинаи шумо аз Тошканду Самарқанд.
– Ман дар ин сарзамин айёми беғубории ҷавонӣ, солҳои фаромӯшнопазири худро мебинам. Солҳои 1980-83 дар техникуми кооперативии Тошканд таҳсил доштам. Ҳоло омадам, ки дӯстони наздик, ҳамкурсон, устодон, дугонаҳои худро аз шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон дарёфт кунам, хотираҳои ҷавониро ёдовар шавам. Тағйироту дигаргунӣ ҳам дар табиат, атрофу акноф, шаҳру деҳа ва ҳам дар сатҳи зиндагии мардум ба назар мерасанд. Мардуми ҳунарманд, соҳибкор ва дасташ гули ин сарзамин моро ба ҳайрат андохтанд. Мисоли оддӣ, ба солуни зебоӣ ворид шудам, ходимони он маро ҳамчун меҳмон хуш пазироӣ карданд. Баъди дақиқаҳои тӯлонӣ худро дар оина дида, рости гап, нашинохтам...
– Шумо сармуҳаррири моҳномаи «Ганҷи ороста», инчунин шоираи ширинкалом низ ҳастед.
– Оре, моҳномаи мо маводҳои ҷолиби диққатро аз ҳаёти сиёсӣ, маданиву фарҳангӣ, эҷод, кору амали ҳунармандон, соҳибкорон, инсонҳои ҳаёташон ибратомӯз ба чоп ҳозир мекунад.
Кори қалам ҳамин аст, ки дар кӯчаҳои ормони мардум рӯшноӣ бахшад. То қадри имкон баъзан хома меронам, дарди дилу эҳсос, бахт, шукронаи худро тавассути шеъргуна баён месозам. Маҷмӯаи нисбатан мукаммал бо номи «Валодати эҳсос», «Духтари субҳ», «Гули толеъ» дар дасти хонанда аст. Китоби «Тифли таманно» дар арафаи чоп аст. Алҳол аз «Шамими армон» ном шеъргунаам хонандаи «Овози тоҷик»-ро баҳраманд мегардонам:
Ҳар шохае, ки бор наорад, буриданист,
Панди ниё барои мо ҳардам шуниданист.
Дар ҷодае, ки пой ниҳодем рӯшанист,
Мақсуди мо ба манзили нийят расиданист...
Кӯтаҳхаёл аз куҷо ёди Ватан кунад, 
Тоқат барои ғофилон оҳе кашиданист...

Меҳру муҳаббат ва дӯстии мо ҳамеша пойдор бошад!
– Саломат бошед.

Суҳбаторо 
С. РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: