ХОНААМРО ҲАДЯ КАРДА МЕТАВОНАМ Ё НЕ?

Дар шумораҳои гузашта мо ба суолҳое ҷавоб додем, ки ба иваз кардани ном, мерос ва ҳуқуқи ворисӣ иртибот доштанд.

Ин бор мо ба суоли сокини пойтахт А. Комилов, ки ба ҳуқуқи ҳадя кардани мулки  ғайриманқул доир аст, ҷавоб медиҳем. Вай пурсидааст:
Ман дар шаҳри Тошканд зиндагонӣ мекунам. Агар зарурат пайдо шавад, ба ягон хешам, ки дар вилояти дигар умр ба сар мебарад, оё мулки ғайриманқул — хонаи истиқоматиамро ҳадя карда метавонам?

Аҳмадҷон КОМИЛОВ,        
шаҳри Тошканд.

Шартномаи ҳадя ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Дар моддаҳои 502-511-и боби 31-уми Кодекси шаҳрвандӣ, ки «Ҳадя» ном дорад, доир ба шартнома бастан, бекор кардан, гирифтани ҳуқуқи ворисӣ бино бар он ва навъҳои ҳадя маълумоти муфассал дода шудааст.
Дар моддаи 502-юми Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино ба шартномаи ҳадя, як ҷониб (ҳадякунанда) ба ҷониби дигар (ҳадягиранда)  ашёеро ба сифати мулк ройгон (бепул) медиҳад ё маҷбурияти доданро ба ӯҳда мегирад...
Мисли шартномаҳои хариду  фурӯш, шартномаи ҳадя низ хаттӣ тартиб дода мешавад ва ба тарзи нотариалӣ бояд тасдиқ карда шавад.
Шартномаи ҳадяро ҳамаи шаҳрвандоне, ки дорои лаёқати муомилаанд, баста метавонанд. Аммо ба тариқи истисно (танҳо нисбат ба амволи ғайриманқул — хонаи истиқоматӣ) шаҳрвандоне, ки дар Тошканд ба қайди доимӣ гирифта нашудаанд, бо роҳи шартномабандӣ имкони қабули ҳадяро надоранд. Бино бар ин, онҳое, ки дар шаҳри Тошканд ба рӯйхати доимӣ гирифта шудаанд, ба хешу табори муқими вилоятҳои дигар ҳуқуқи  ҳадя кардани хонаву ҷой ё амволи ғайриманқули худро надоранд. Ин ҳолат (ба хешони дур ҳадя кардани амволи ғайриманқул – манзили истиқоматӣ) ҳолати дигареро ба миён оварданаш мумкин: лозим меояд, ки дар асоси шартномаи амволи ғайриманқул ё хонаву ҷой шаҳрвандон дар шаҳри Тошканд ба қайди доимӣ гирифта шаванд. 
Ҳолатҳои мувофиқи шартномаи ҳадя дар шаҳри Тошканд соҳиби хонаву ҷой шудан ва ба рӯйхати доимӣ даромадани шаҳрвандон дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи рӯйхати тоифаи шаҳрвандон — шахсоне, ки бояд дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ба рӯйхати доимӣ гирифта шаванд», ҳамчунин, дастуруламали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тартиби дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ба рӯйхати доимӣ гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки бино ба фармони вазорати мазкур 1 майи соли 2012 тасдиқ гардидааст, шарҳ дода шудаанд.

Ҳ. ТӮХТАШЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: