Фариштагон малакҳои бегуноҳи Офаридгоранд.
Фариштагон малакҳои бегуноҳи Офаридгоранд. Аз байни онҳо фақат шайтон аз амри Худо саркашӣ кард ва дучори тавқи лаънат гашт. Дигарон ҳама машғули тоату ибодатанд. Азбаски нафс надоранд, гуноҳе намекунанд. Аз ин сабаб, мардум одами некро «одами фариштахисол», хонаи хубро «хонаи фариштадор» мегӯянд.
Макони истиқоматии мусулмон низ бояд фариштадор бошад. Дар оятҳои 33-34-уми сураи Азҳоби Қуръони карим Худованд чунин фармудааст: «Эй аҳли хонаводаи (пайғамбар), Офаридгор аз шумо танҳо зудудани гуноҳ ва батамом пок кардани шуморо мехоҳад. Дар хонаатон оятҳои Аллоҳ ва ҳикмат (яъне ҳадисҳои пайғамбар)-ро зикр кунед. Аллоҳ зотест меҳрубон ва огоҳ», яъне агар дар хона зикри ҳадису Қуръони карим зиёд шавад, шайтон аз онҷо мегурезад ва малоики хайру барака иқоматгоҳи шуморо бобаракат мегардонанд. Инсон бо қироати «оят-ул-курсӣ» пеш аз хоб ва баъди намози фарз ҳифзи осоиши хонаводааш ва ҳамсоягонро таъмин менамояд. Дар ин бобат ҳадисе мавҷуд аст:
Назар ба ривояти Ибни Масъуд (р.а) шахсе гуфтааст:
– Эй Русулуллоҳ, бо изни Худо ба ман чизеро омӯзонед, ки судбахш бошад.
Пайғамбар ҷавоб дод:
– Оят-ул-курсиро хон! Он нигаҳдори аҳли хонавода, наслат (аз бадӣ) буда, хонаат, хонаҳои гирду атрофро (аз шикасту бало) эмин нигоҳ медорад. Аз ин бармеояд, ки ҳамсоя шудан ба шахси қуръонхону ибодатҷӯ низ хуб аст. Дар хариди хона ва сохтмони он ба чунин ҷиҳати масъала бояд эътибор дод, зеро аз файзу баракаи ҳамсояи баимону эътиқод мо низ баҳраманд мешавем.
Дар дини мубинамон ба куҳансолон арҷ гузошта шудааст. Вақте «шахсони бузург» мегӯем, пеши назар падару модарамон меоянд, ки аз ғаму ташвиши мо мӯяшон сафед шудаасту рӯяшон пурожанг.
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р.а) ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ (с.а.в) гуфтаанд: «Некӣ (дар ривоятҳои дигар – барака) бо куҳансолон якҷоя аст» (ривояти Ибни Ҳиббон). Аз ин рӯ, хонаводаи куҳансолдошта пурнур ва бобаракат мешавад.
Дар ривояти дигари Абдуллоҳ ибни Аббос оварда шудааст: Набӣ (с.а.в) гуфтаанд:
«Касе, ки пиронсолро эҳтиром мекунад ва вақте худ ба синни онҳо медарояд, Офаридгор ба ӯ шахси эҳтиромкунандаро тақдир менамояд» (ривояти Тирмизӣ).
Агар дар оила одобу ахлоқи ислом ҳукмфармо бошад, ҳар кас маҷбурияту ҳуқуқашро хуб донад, чунин хонавода ба маскани пурфайз табдил меёбад.
Аз Оиша (р.а) ривоят мекунанд: Расулуллоҳ (с.а.в)фармудаанд: «Чи хеле ки ситораҳои осмон ба заминиён намоён мешаванд, хонаводае, ки аҳли он бо қироати Қуръон машғуланд, ба осмониён чунин намудор мешавад». (Ривояти Байҳақӣ дар «Шуаб ул-имон»). Пайғамбар (с.а.в) фармудаанд: Хонааатонро бо намозу қуръонхонӣ мунаввар гардонед. (Ривояти Байҳақӣ дар («Шуаб ул-имон»).
Зан дар ҳар оила ҷойи муносиби худро дорад. Ӯ бояд доно, меҳрубон, қаноатманд ва сарфакор бошад. Дар ҳадисе омадааст: «Сарфакор камбағал намешавад». Исрофкорӣ акси сарфакорӣ буда, аз амалҳои шайтонӣ шуморида мешавад, ки барои гуноҳ кардани инсон роҳ мекушояд. Дар ояти 31-уми сураи Аъроф омадааст: «Офаридгор исрофкорро дӯст намедорад».
Дар байни аъзои оила мавҷуд будани осоиш, меҳру оқибат ва эҳтиром сабаби пурбаракат гардидани хонавода мебошад. Бесабаб, дар урфият намегӯянд: «Аз хонаи як ҷангу ҷанҷол хеста, чиҳил рӯз баракат мегурезад». Оилаҳое, ки аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд, куҳансоли дуогӯй дошта бошанд, нур болои нур мешавад. Азбаски пиронсолон таҷрибаи зиёди ҳаётӣ доранд, маслиҳатгару насиҳатгӯйи ҷавонон шуда метавонанд.
Туфайли чунин шахсони бобаракат насли оянда роҳи дурусти тарбияро интихоб менамояд, аз урфу одатҳои милливу умумиинсонӣ баҳраманд мегардад.
Меҳмоннавозӣ низ яке аз омилҳои муҳими пурфайз гардидани хонавода мебошад. Халқамон меҳмонро мисли падар азиз мешуморад. Меҳмон ба хонаводае меояд, ки мизбони он кушодадил бошад. Туфайли меҳмон дасторхон пури неъмат мегардад, хонаву ҷой тоза нигоҳ дошта шуда, каму костиҳои рӯзгор аз байн мераванд. Меҳмон атои Худо гуфтаанд, ки бо ризқи худ меояд.
Ба ҷуз ин, ҳадисҳое мавҷуданд, ки омили фариштанок, бобаракат ва пурфайз гардидани хонадон шуда метавонанд:
Дар назди Аллоҳ таоло хонаи аз ҳама хуб хонаест, ки аҳли он ятимро эҳтиром мекунанд (Ривояти Байҳақӣ аз Умар (р.а);
Хонае, ки дар он зикри Аллоҳ ҳаст ва дар хонае, ки дар он зикри Аллоҳ нест шабеҳи ҳаёт ва марг аст (Ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абу Мусо Ашъарӣ (р.а);
Зани бобаракат зани камхарҷ мебошад (Ривояти Аҳмад аз Ойша (р.а).
Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддин Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.