ХОНАИ БУЛБУЛ – ЧАМАН

Зурбулмасалу мақолҳо аз дурдонаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ ба шумор мераванд.

Онҳо аз насл ба насл, аз даҳон ба даҳон гузашта, боз ҳам сайқал ёфтаву ҷилоҳои нав касб менамоянд. Бо кӯмаки зарбулмасалу мақолҳо сухани мо ҳадафрас хоҳад шуд. Инак, чанд зарбулмасалу мақоли халқиро ба хонандагони рӯзнома пешниҳод менамоем.

Танбалӣ – ҷонатро хӯрад,
нодонӣ – нонатро.
***
Танбал роҳро гум кунад,
Доно хазина ҷамъ кунад.
***
Гиряи фарзанд – 
нолаи модар.
***
Хонаи булбул – чаман.
Хонаи инсон – Ватан.
***
Ҳунармандӣ – сарбаландӣ,
беҳунарӣ – сарсахтӣ.
***
Меҳнати ҳалол – ҳузури ҷон.
Луқмаи ҳаром – балои ҷон.
***
Аз меҳнат нагурез, аз танбал гурез.
***
Меҳнати босамар – файзи хонаву дар.
***
Дарахти сербор, деҳқони серкор.

***
Илм – давлати бебаҳо.
***

Одами бе ор, гули бе хор нест.
***

Дониши доно, ғазаби нодон.
***

Ҷанҷоли якрӯза, Ғавғои чандрӯза.

Тошбика ДЕҲҚОНОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: