ХОНАИ «ДӮСТӢ»-И ДАВЛАТОБОД

Хонаи “Дӯстӣ”-и ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон, дарҳақиқат, ба хонаи дӯстӣ табдил ёфтааст.

Дар ин ҷо намояндагони миллатҳои гуногун урфу одат, расму оин, арзишҳо ва ҷашнвораи миллии худро мегузаронанд, ки ба ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва тараннуми дӯстӣ дар диёри ободу зебоямон хидмат мекунад.  
Ҷашнвораи анъанавии “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” низ ба ташаккули маънавияту фарҳанг ва дӯстии халқҳо аҳамияти калон дорад. Ҷашнвора бо мақсади амалӣ намудани 5 ташаббуси муҳими роҳбари давлат оид ба ташкили кор дар соҳаи иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ дар асоси низоми нав баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби ҷашнвора намояндагони халқҳои тоҷик, қазоқ, қирғиз, рус, корейс намоишгоҳи худро иборат аз арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳояшон намоиш доданд. 
Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳо бо ташкилотҳои ҷамоатӣ ва динии назди ҳокимияти вилоят М. Абдураззоқов иштирокдорони ҷашнвораро хайрамақдам гуфта, доир ба ҳамҷиҳатӣ, кушодадилӣ ва дӯстии азалии миллату халқиятҳо, ки барои осмони мусаффои Ватан ҳисса мегузоранд, истода гузашт. Гурӯҳи фолклор ва дастаҳои ҳунарии миллатҳо барномаҳои мухталифи худро тақдим намуданд. Бахусус, баромади гурӯҳи фолклории тоҷикии “Хайринисомомо” боз ҳам шавқовар буд. Фотонамоишгоҳи “Ӯзбекистон – диёри кушодадилӣ”, ки дар он намунаҳои санъати амалӣ ва ҳунармандӣ акс ёфта буд, ба тамошобинон таассуроти калон гузошт. 
– Ӯзбекистон хонаи мо, ватани мост. Ман аз он хушбахтам, ки дар чунин сарзамини осуда, ободу зебо, мардумдӯсту халқпарвар ҳаёт ба сар мебарам, – мегӯяд роҳбари Маркази миллӣ-мадании корейсҳо Лариса Ни. – Дар ҳар як ҷашнвораву тантана дар сафи дигар миллатҳо истодан барои ман фахр аст. Дар чорабинии имрӯза мо низ бо рақсу суруд ва намоиши арзишҳои миллии худ иштирок мекунем. 
Танин андохтани суруду оҳангҳои мухталиф бо забонҳои мухталиф ба дилҳо як олам фараҳ бахшид.

Ш. ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: