“ХОНАИ ЭҶОДИИ ПАРКЕНТ” – ДАР ЗАРКЕНТ

Дар яке аз мавзеъҳои дилкушои вилояти Тошканд бунёд гардидани “Хонаи эҷодии Паркент” туҳфаи муносибе гардид ба 30-солагии истиқлолияти давлатӣ.

Дар яке аз мавзеъҳои дилкушои вилояти Тошканд бунёд гардидани “Хонаи эҷодии Паркент” туҳфаи муносибе гардид ба 30-солагии истиқлолияти давлатӣ. Ба ин муносибат барои воситаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур низ ташкил гардид.
Дар чорабинӣ арбобони  давлатию ҷамоатӣ, вакилон аз Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, ҶС “Ӯзавтосаноат”, шоиру новисандагон, соҳибони Мукофоти давлатии ба номи Зулфия иштирок намуданд.
Тадбирро мушовири давлатии Президент Абдуҷаббор Абдувоҳидов кушод ва таъкид сохт чун дигар соҳаҳо адабиёт ва ҳунар  низ дар ин сарзамин мавриди эътибори доимӣ буда, барои озодона эҷод кардани адибҳоямон ва истироҳати бофароғати онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар арафаи иди 30-солагии истиқлолият  дар ин гӯшаи пурсафо дари худ боз кардани боз як истироҳатгоҳ ба аҳли эҷод гувоҳи фикри мост.
Президент аснои ташриф ба Хиёбони адибон воқеъ дар шаҳри Тошканд,  (23 декабри соли 2017) ва ҷамъомаде, ки дар Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбек баргузор гашт, доири барпо ва мавриди истифода қарордиҳии “Хонаи эҷодии Паркент” супориш дода буд. Дар қарори роҳбари давлати мо аз 5 апрели соли 2018 дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, айни замон, дар ин бобат зикр гардидааст.
Инак, аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии “ Ӯзавтосаноат” иншооти муҳташам қомат афрохт ва ба деҳаи кӯҳии Заркент ҳусни тоза бахшид.
Ба ин муносибат табрики ҷонишини Сарвазир Беҳзод Мӯсоев  шунида шуд. Ӯ қайд намуд, ки тӯли панҷ соли охир дар мамлакатамон дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба вуқӯъ пайвастанд, вале тавре ба назар мерасад, маҳз масъалаҳои эҷодӣ, ғамхорӣ дар ҳақи адибон, чопи адабиёти бадеӣ, дастгирии навниҳолони боғи адабиёт мавриди эътибори алоҳидаи роҳбари давлати мо қарор гирифт. Аз ҷумла, масъалаи бо хонаву ҷой таъминсозии адибон то андозае ҳал гардид. Барои онҳо манзили бисёрошёна бо 120 иқоматгоҳ сохта ва ба истифода супурда шуд. Дар масъалаи пардохт аҳли қаламе, ки ба узвияти ИНӮ пазируфта шудаанд, аз имтиёзҳо истифода намуданд.
Вақтҳои охир анҷуманҳои эҷодкорони ҷавон дар Зомин муташаккил рӯйи кор омада ва нахустин дафтарҳои назмию насрии навқаламон аз ҳисоби давлат ҳар кадом аз 10 то 20 ҳазор адади нашр аз чоп баромаданд. Муаллифон ҳақи қалам гирифтанд.
Дар қатори онҳое, ки ба наздикӣ соҳиби мукофоту унвонҳо шуданд, наздик 20 нафар шоиру нависандагон ҳастанд, ки ин низ ифодаи эътибор ба аҳли эҷод аст. Сафи қаҳрамонҳоямоямон пурратар гашт – ба мутарҷим ва адабиётшинос Иброҳим Ғафуров унвонии олии “Қаҳрамони Ӯзбекистон” дода шуд.
Қобили қайд боз он ки дар арафаи таҷлили ид як қатор намояндагони адабиёт ва санъат, ки дар қайди ҳаёт нестанд, бо орденҳои “Фидокорона хизматлари учун” ва “Меҳнат шуҳрати” мукофотонида шуданд. Дар байни онҳо Неъмат Аминов, Фарҳод Мусоҷонов, Шавкат Раҳмон, Ӯлмас Умарбеков, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Амон Мухтор барин адибонамон ҳастанд, ки асарҳояшон дар рӯзҳои мо низ хонандаи зиёд доранд.
То солҳои наздик барои адибон як Хонаи истироҳатии «Дӯрмон» вуҷуд дошту халос. Соли 2019 истироҳатгоҳи муҳташам дар Зомини хушманзар барои онҳо туҳфаи муносиби дигар гардид ва вақтҳои охир 157 нафар шоиру нависандагон баробари дамгирии даҳрӯза дар он саломатиашонро барқарор намуданд. Инак, боз як фароғатгоҳ дар бағали кӯҳҳои хушманзар дар ихтиёри адибон, ки дорои 152 ҷой буда, аз 32 ҳуҷра иборат аст.
Майдони умумии маскани эҷодӣ бештар 2 гектар. Ҳавзаи шиноварии кушод ва пӯшидаи замонавӣ, ошхона, китобхона ва амфитеатр дар хидмати истироҳаткунандагон. 
Касе ин манзараҳои нотакрорро дид, шоир набошад ҳам шеър гуфтанаш меояд, гуфт адабиётшинос, Қаҳрамони Ӯзбекистон Иброҳим Ғафуров. 
Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, Шоири мардумии Ӯзбекистон Маҳмуд Тоҳир, шоира Фароғат Худойқулова барои ин гуна эътибори бузург нисбати аҳли эҷод изҳори сипос карданд ва шеърҳои тозаашонро хонданд.    
Ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов гуфт, аз азал вилояти хушманзари Тошканд, ки қисман аз кӯҳпояҳо иборат аст, барои аҳли эҷод манбаи илҳом шуда омадааст. Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҳамид Олимҷон, Зулфия, Иброҳим Раҳим, Саид Аҳмад, Рамз Бобоҷон барин адибони намоён зуд-зуд ба гӯшаҳои дилнишини вилоятамон меҳмон шуда, баробари таассурот гузоштан бо таасуроти калон ба пойтахт бармегаштанд ва асарҳои нави онҳо рӯйи дунёро медид. “Хонаи эҷодии Паркент”, умед аст, доираи боз ҳам васеътари аҳли эҷодро ба худ мекашад. Адибоне ҳам, ки аз вилоятамон баромадаанд, аз қабили Маҳмуд Тоҳир, Хайриддин Султонов, Салима Шарифова ва дигарон, айни замон, самараноктар эҷод мекунанд.
Дар доираи чорабинӣ иштирокдорони пресс-тур ба “Хонаи эҷодии Паркент” аз наздик шинос шуданд – аз ҳуҷраҳои барҳаво ва китобхона дидан карда, китобҳои дар рафҳо чидашударо варақ заданд, ба шароите, ки фароҳам оварда шудаанд, аз наздик шинос гаштанд.
Айни замон дар саҳни ҳавлии маскани эҷодӣ аз ҷониби Иттиҳоди нависандагон ва Агентии матбуот ва ахбор намоиши китобҳо ташкил карда шуд. Дар давоми тадбир муаррифии китобҳои “Роҳи бузурги ӯзбек” (маҷмӯаи мақолаҳои публитсистӣ), маҷмӯаи ҳикояҳои “Хиёбони орзуҳо” ва дафтари шеърии “Боварӣ ба оянда мебарад”, китоби “Умре, ки аз пайи Бобур гузашт”-и Зокирҷон Машрабов баргузор гардид.
Дар поёни чорабинӣ барномаи калони консертӣ таассуроти иштирокдоронро бойтар гардонд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
“Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: