Хонаи меҳрубонӣ намуди дигар гирифт

Тарбиягирандагони Хонаи меҳрубонии 26-ум, ки дар ноҳияи Намангони нави шаҳри Намангон воқеъ гардидааст, иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз — 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамонро бо шодмонӣ ва тантана пешвоз мегиранд.

Тарбиягирандагони Хонаи меҳрубонии 26-ум, ки дар ноҳияи Намангони нави шаҳри Намангон воқеъ гардидааст,  иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз — 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамонро бо шодмонӣ ва тантана пешвоз мегиранд.
Чорабиние, ки ба муносибати аз таъмири асосӣ бароварда шудани маскани меҳрубонӣ ташкил карда шуд, барои кӯдакон ба як иди воқеӣ, ҷашни фаромӯшнашаванда табдил ёфт.
Муовини вазири маҳалла ва дастгирии оила Гулнора Маърупова, ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Шавкат Абдураззоқов, муовини якуми Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Бахтиёр Маҳмадалиев, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва мафкуравии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник Зафарҷон Абдуллоев қайд намуданд, ки корҳои созандагие, ки дар маскани меҳрубонӣ дар асоси супоришҳои роҳбари давлатамон амалӣ мешаванд, барои дар Ӯзбекистони нав дар шароити хуб зиндагӣ карда, ҳамчун инсони комил ба воя расидани кӯдакони ташнаи меҳр нигаронда шудааст. 
Ба сифати тӯҳфа ба 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамон ба ҷамоаи Хонаи меҳрубонӣ туҳфаи Президент — калиди мошини тамғаи «Нексия -3» супурда шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 18-19 феврали соли ҷорӣ ҳангоми сафар ба вилояти Намангон  ба Хонаи меҳрубонии мазкур ташриф оварда, зарурати ба дараҷаи талаботи стандартҳои ҷаҳон баровардани пойгоҳи моддию техникӣ, дар қалби ҷамоаи педагогӣ ва тарбиягирандагон баланд бардоштани боварӣ ба ояндаро таъкид намуда буд. 
Дар масакани меҳрубонӣ дар  муддати кӯтоҳ таҳти фармоиши Федератсияи  иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон корхонаи фаръии пудратии «Касаба қурилиш таъмирлаш»,  ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Story Aliance Servis» ба маблағи 8 миллиард сӯм корҳои таҷдидиро анҷом доданд.
Дар доираи лоиҳа зиёда аз 6500 метри мураббаъ роҳҳои ҳудуд асфалтпӯш карда шуда, як бинои истиқоматии дорои 76 ҷой, толори варзишӣ, ошхонаи дорои 80 ҷой, ҳавзи шиноварии пӯшида ва толори варзишии замонавӣ таъмир карда шуд. 10 хонаи таълим ва маҳфилҳо, шӯъбаи тиббӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, хусусан таҷҳизоти муосири электронии омӯзишӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Бинои мавҷуда аз нав таъмир карда шуда,  зеботар гардид. Майдончаи бачагонаи андозаи 19х24 аз нав сохта шуд. Тамоми майдони иншоот обод карда шуд.
— Ташрифи сарвари давлатамон ба Хонаи меҳрубонӣ ба мо рӯҳияи тоза бахшид, — мегӯяд тарбиятгирандаи Хонаи меҳрубонии 26-ум Мадина Камолиддинова. — Назари мо ба зиндагӣ комилан дигар шуд. Президент бо мо, тарбиягирандагон суҳбат карда, ваъда дода буд, ки масканамонро куллан нав карда,  шароити муносиб фароҳам меорад. Дар натиҷаи корҳои созандагиву ободонӣ суханони холисона дар амал ифодаи худро пайдо кардаанд. Синфхонаҳои информатика, математика ва забонҳои хориҷӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла тахтаҳои электронии ба интернет пайвастшуда, курсиҳои нарм ва мебел муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар Хонаи меҳрубонии 26-ум, ки соли 2003 таъсис ёфтааст, ҳоло 40 нафар ятим ва кӯдакони бепарастори аз 3 то 18 -сола тарбия меёбанд. Ду духтар пеш аз мӯҳлат донишҷӯи донишгоҳ шуданд.
Муассиса дар асоси пешниҳоди роҳбари давлатамон ба тасарруфи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда шуд. Айни ҳол аз ҷониби раёсати вилояти намангонии Гвардияи миллӣ ба ин муассиса як нафар афсар ва чор нафар рӯҳшинос вобаста карда шуд. Маҳфилҳои варзишӣ ба мисли ҷанги тан ба тан, гуштӣ, дзюдо, теннис, шиноварӣ, футбол, шоҳмот, варзиши аспӣ таъсис дода шудаанд. Илова бар ин, оиди тайёрии то даъватии ҷавонон, омодагии муҳандисӣ, омӯзиши кӯҳнавардӣ, техникаи ҷангӣ машғулот гузаронда шуда, корҳои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ҳарбию ватандӯстӣ ба роҳ монда  шуд.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: