«ХОНАИ МОДАР» – ДАР САМАРҚАНД

Солҳои охир риштаи дӯстӣ ва ҳамкории байни Ӯзбекистону Қазоқистон мустаҳкам гардида, корхонаҳои муштарак ва шуъбаҳои мактабҳои олии кишвари мазкур бунёд мегарданд.

Чанде пеш Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ӯзбекистон ва Бунёди ҷамоатии «Ana uyi»-и Қазоқистон дар шаҳри Самарқанд маркази «Хонаи модар» (Аna uyi»)-ро бунёд намуданд, ки он дар диёрамон муассисаи савумин мебошад.

Таъкид шуд, ки чунин ташкилот қариб дар 20 шаҳру ноҳияи Қазоқистон ташкил ёфтааст. Дар ифтитоҳи чорабинӣ вакилони ду кишвар ва расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.

– Маркази мо ба модарони то 30 сола, ки ба вазъияти вазнини иҷтимоӣ афтода, ба кумак ниёз доранд, ёрӣ мерасонад, – гуфт мудири марказ Зулола Умирова. – Албатта маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, психологӣ ва дастгирии моддӣ низ дар зиммаи мо аст.

Баҳодури ЗОҲИР.

Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: