Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон яке аз вазифаи муҳими рӯз мебошад.
Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон яке аз вазифаи муҳими рӯз мебошад. Дар мамлакатамон барои фаъолияти самараноки кормандони ин соҳа ҳамаи шароит фароҳам оварда мешавад.
Ба қарибӣ дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон аз рӯйи лоиҳаи Федератсияи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Ӯзбекистон аз тарафи соҳибкор Ҳасанбой Бозоров «Хонаи истеъмолгарон» сохта ба истифода супурда шуд. Дар ин ҷо «Китобхонаи истеъмолчӣ» низ мавҷуд буда, ба ҷойи дӯстдоштаи китобхонон табдил ёфтааст. Дар китобхонае, ки зиёда аз 5 ҳазор китоб мавҷуд аст, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ марбут ба қонун ва қарорҳо, адабиётҳои илмӣ ва бадеӣ, рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ҷой хоҳанд гирифт. Тавассути «Book cafe Witl» ном шабакаи интернет китобхонон метавонанд китобҳои даркорӣ ва маълумотҳои заруриро пайдо кунанд.
– Аз ҷавониам бо суратгирӣ сару кор дорам. Дар як тарафи бино суратхона (фотостудия) ташкил мекунам. Ҳамсарам, духтаронам ва келинҳоям касби дӯзандагиро пеша кардаанд. Барои ҳамин дар як тарафи бино сехи дӯзандагӣ ташкил менамоям. Инчунин дигар нуқтаҳои хидматрасонии маиширо ба роҳ мемонем, – гуфт соҳибкор Ҳасанбой Бозоров.
Дар маросими кушодашавии «Хонаи истеъмолгарон» раиси Федератсияи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Саримсоқов, ҳокими ноҳияи Тӯрақӯрғон Зулайхо Маҳкамова иштирок карданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
ноҳияи Тӯрақӯрғони
вилояти Намангон.