ХОНАИ ОХИРАТАШ ОБОД БОД!

Дар хонаи амаки Турсунмурод, ки дар деҳаи Қолғонсири ноҳияи Бекобод умр ба сар мебурд, тобистони соли 1952 писаре ба дунё омад.

Дар хонаи амаки Турсунмурод, ки дар деҳаи Қолғонсири ноҳияи Бекобод умр ба сар мебурд, тобистони соли 1952 писаре ба дунё омад. Бо орзуи он, ки соҳиби эҳсон шавад, барояш номи Эҳсонро доданд.
Эҳсон Турдиқулов таълими ибтидоӣ ва миёнаи ҳамагонии тоҷикиро дар мактаби зодгоҳаш  гирифт. Солҳои таҳсил дар мактаб ба навиштани хабару мақола шавқе дошт. Устодон навиштаҳояшро таҳрир мекарданд. Гоҳо навиштаҳояш  дар рӯзномаҳо чоп мешуданд...
Ӯ мактабро хатм намуда, роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифт. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузаштани ӯ далели он буд, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ умраш беҳуда нагузашта будааст.
Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт. Рӯзномаи ҷумҳуриявии “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) ба кадрҳои журналистӣ ниёз дошт. Дар рӯзнома ба сифати мухбири калон ба кор шурӯъ кард. Баъди ду сол бори шуъбаи саноати рӯзномаро ба дӯш гирифт. Мақолаву гузоришҳояш зуд-зуд рӯйи чопро медиданд, ба гӯшаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба сафарҳои эҷодӣ мебаромад...
Соли 1991 ӯ бори котиби масъули рӯзномаро ба дӯш гирифт. Дар ин вазифа низ масъулиятро ҳис мекард. Донишҳои аз донишгоҳ гирифта ва таҷрибаи кории андӯхтааш ба кор меомаданд. Ба хоно ва сермазмун гардидани рӯзнома саҳм мегузошт. 
Дар ҳама коргоҳҳо ҷойи кадрҳои куҳнаро кадрҳои ҷавон иваз мекунанд. Эҳсон Турдиқуловро соли 1998 сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” таъин карданд. Дар ин вазифа низ тавону салиқаи худро намоиш дод. Дар тӯли кору фаъолият аз ходимони сермаҳсултарини рӯзнома маҳсуб меёфт.
Баъди чанд соли кор дар ин вазифа ӯро ба нашриёти “Ӯзбекистон” ба кор гузаронданд. Дар ин ҷо ба сифати сармуҳаррир ва тарҷумони китобҳои дарсӣ то синни нафақа кору фаъолият нишон дод.
Эҳсон Турдиқулов тӯли чанд соли кору зиндагӣ  дар Тошканди азим бо  янгаи Гулшан  се писар ва як духтарро ба воя расонда, хонадор кард, ба хонаи бахташон гусел намуд, соҳиби чанд набера шуд. Солҳои охир бемор буд. 
Дареғ, чанде қабл ин беморӣ ӯро аз байни мо бурд. Дар синни 70 дунёи фониро падруд гуфт. Умри инсон мисли бод, мисли оби равон тез мегузаштааст. Ба қавли ҳаким Умари Хайём:
Як қатра об буд, бо дарё шуд,
Як зарра хок бо замин якто шуд.
Омад шудани ту андар ин олам чист? – 
Омад магасе падиду нопайдо шуд.
Равонаш шод, хонаи охираташ обод бод! Аз Худои мутаол ба наздиконаш сабри ҷамил металабем.

ҶАМОАИ РӮЗНОМАИ 
“ОВОЗИ ТОҶИК”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: