ХОНАИ ТИББӢ ДАР ГУЗАРГОҲ

Садорати амнияти ҳаракати роҳи Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах якҷоя бо Садорати тандурустии вилоят ба мақсади коҳиш додани садамаҳои роҳ, ки ба туфайли хаставу мондашавии ронандагон сар мезананд, дар наздики гузаргоҳи «Манас»-и роҳи автомобилгарди «Тирмиз – Тошканд» (ҳудуди вилояти Ҷиззах) хонаи хидматрасонии тиббиро ифтитоҳ намуд.

Дар ин хонаи тиббӣ натанҳо ронандагон, балки мусофирон низ дар вақти зарурат аз муоинаи тиббӣ гузаронда мешаванд. Ронандагон ва мусофирон метавонанд дар ин ҷо каме таваққуф намуда, кӯфтагии роҳро рафъ созанд. Вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки бештари садамаҳои роҳ дар натиҷаи мондашавӣ, пинакравӣ ва дар ҳавои тафсони тобистон хасташавии ронандагон рӯй медиҳанд. 
Бинобар ин дар хонаи тиббӣ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ба ин гуна ҳолати ронандагон барҳам дода шавад. Баъди муоинаи тиббӣ ва муолиҷаи муваққатӣ ронандагон метавонанд бардаму ҳушёр роҳи худро идома диҳанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: