ХОНАИ УМЕДИ АҲЛИ ИЛМУ АДАБ

Дар Самарқанд низ ба зодрӯзи Устод Айнӣ тайёрӣ мебинанд.

Дар Самарқанд низ ба зодрӯзи Устод Айнӣ тайёрӣ мебинанд. Дар Хона-музейи Устод баргузор намудани чорабиниҳо дар мадди назар аст.
Бо ҳамин муносибат мухбирамон бо директори осорхона Амриддин ПӮЛОДӣ суҳбат орост. 
– Мӯҳтарам, Амриддин Савриддинович, мо хабардор ҳастем, ки Устод бештарини асарҳои худро дар ҳамин хона-музей эҷод кардаанд.
–  Дуруст гуфтед, воқеан, фаъолияти асосии осорхонаи мо пеш аз ҳама таблиғи Садриддин Айнӣ ба ҳайси як нависандаи бузургест, ки бо повести “Қорӣ Ишкамба” дар замони мо классики адабиёти ҷаҳонӣ шуда, дар қатори нависандагони бузург ҷой гирифтааст.
«Дар тӯли ҳаёти худ ман китобҳои зиёде навиштаам ва ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шудаанд, ки аз як мавод иборатанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, ки қуллаҳои Помир дар болои олам баланд бардоштаанд, дар бораи ватани ман, ки дар гузашта тӯдаҳои бешумори истилогарон зери пой карданд, дар бораи фарди ин сарзамин, ки дар асри VII милодӣ «тоҷик» номгузорӣ шуда буд...», навиштааст Садриддин Айнӣ.
Эҳтиромона «Хонаи мо» меномем мо Хона-музейи Садриддин Айниро, ки барои ӯ хеле азиз буд. «Пас аз инқилоби феврал, ман аз Бухорои амирӣ ба Самарқанд гурехтам ва дар ин ҷо барои иқомати доимӣ ҷойгир шудам. Пас аз Инқилоби Сотсиалистии Октябр, ман худам дар Самарқанд хона сохтам ва фаъолияти эҷодии ман асосан аз ҳамин хона оғоз ёфт. Аз «Ҷаллодони Бухоро» сар карда ва бо «Хотираҳо»-и ман, ки ҳоло дар бораи қисми VI-и он корамро идома медиҳам, тамоми асарҳои бадеӣ ва илмӣ дар ин хона навишта шуда буданд ва дар баробари рушди фаъолияти эҷодии ман, ба сохтмони ин хона низ идома дода шуд ... Ин хона, гӯё дар фаъолияти эҷодии ман ҳамсафари ман гашт: ҳама ҳуҷраҳо, ҷевонҳо ва ҷойгоҳҳои деворӣ дар он аз лоиҳаҳо ва дастхатҳои мустақиман бо асарҳои ман пур буданд ва ба назарам, ки ҳар хишти ин хона бо кори ман зич алоқаманд аст...», мегуфт Айнӣ.
Дар ин хона тақрибан тамоми шоиру нависандагони тоҷику ӯзбек дуою ризоияти Устодро гирифтаанд. Хона ба мактаби Айнӣ табдил ёфт, ки қонун ва анъанаҳои хоси худро дошт. Таҳсил дар ин мактаб барои аксари адибон шараф буд. Дар ин хона чунин як фазои бузургӣ, илҳом, ҷустуҷӯйи камолот ташаккул ёфт, ки то имрӯз идома дорад. Худи ҷойгиршавии хона рамзист. Охир, хона дар паҳлӯи ансамбли бошукӯҳи Регистон ҷойгир аст, ки замоне дар он ба ном донишгоҳи олими бузург, арбоби давлатӣ Мирзо Улуғбек фаъолият мекард. Хона дар маҳаллаи Растаи Нав ҷойгир буд, ки дар он нависандагон, навозандагон, устодони санъати амалии халқӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин ҷо беҳтарин намояндагони илм, санъат, фарҳанг ва адабиёт ҷамъ омадаанд, истеъдодҳои нав тавлид шуданд, ситораҳои нав фурӯзон шуданд, заминаи кашфиётҳои илмӣ гузошта шуд.
Аз ин хона Айнӣ дар ташаккули Тоҷикистон, аввал ҳамчун ҷумҳурии автономӣ ва сипас ҳамчун як ҷумҳурии алоҳида ва мустақил ширкат, варзид. Аз ин хона, Айнӣ ҳамчун президенти Академияи илмҳо, раванди илмиро дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Дар ин хона саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҳуррият», «Овози тоҷик», маҷаллаи «Шӯълаи Инқилоб» ташаккул ёфтаанд.
– Таърих гувоҳ аст, ки 2-3 маротиба “абри сиёҳ” болои Хона-музейи Устод пайдо шуда буд...
– Ин гап ҳақ асту рост аст. Шахсан худам хабардорам, ки солҳои дар атрофи Регистон бунёд гардидани хонаҳои истиқоматии баландошёна хатари аз байн бурдани ҳамин манзил ба миён омад. Хушбахтона, журналисти бебок Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода (илоҳо ҷояш дар ҷаннат бошад!) ва дигар равшанфикрон барои эҳёи хона-музей талош варзиданд, он нигоҳ дошта шуд... 
Ҳамаи ин хеле муҳим аст, аммо муҳимтар аз ҳама ба осорхона ташриф овардани касонест, ки ин хона барояшон азиз аст.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: