ХОНАНДА БОЯД НИЁЗМАНДИ РӮЗНОМА БОШАД

Ҳар як халқу миллатро сарчашмаи маънавӣ мебояд.

Зеро бе ғизои маънавӣ ақлҳо хира мегарданд ва хирагии ақл миллатро сӯйи завол мебарад. Манбаи асосии маънавӣ, албатта, китоб аст, аммо ҷараёни имрӯзаи зиндагиро бе воситаҳои ахбори оммавӣ низ тасаввур кардан ғайри имкон мебошад. Шароити кунунӣ тақозо дорад, ки инсон ҳамқадами замон гардад, аз оламу ҳаводиси он доимо хабардор бошад. Гузашта аз ин солҳои охир дар мамлакатамон дигаргуниҳои азим рух медиҳанд, ки аз онҳо бехабар мондан ғояти ғофилӣ аст.
Мо – тоҷикони ӯзбекистонӣ шукргузорем, ки дар ҷумҳуриамон рӯзномаҳои тоҷикӣ нашр мешаванд. Яке аз онҳо, ки ҳоли ҳозир ягона рӯзномаи умумиҷумҳуристу бо саъю кӯшишҳои устод Садриддин Айнӣ ва ҳамсафони ӯ ҳанӯз соли 1924 ташкил ёфта буд, «Овози тоҷик» аст. Ин рӯзнома роҳи пуршараферо паси сар намуда, барои ташаккул ёфтани синфи зиёии тоҷик, журналистикаи тоҷик, адибони тоҷик... дар Ӯзбекистон саҳми арзандае дорад.
Банда алҳол бо ифтихор солҳои дар ин даргоҳи муқаддас – таҳририяти «Овози тоҷик» кор карданамро ба хотир меоварам. Он солҳоро овони беҳтарини умри худ меҳисобам. Мо бо ходими рӯзнома, шодравон Қамариддин Шамсиев чандин бор барои тарғиби рӯзнома ба сафар баромада будем. Ҳини суҳбатҳо Қамариддинака баъзан бо шӯхӣ  ба хонандагони мактабҳо: «як стакон оби газдор нанӯшед, як шумораи рӯзномаро мехонед», – мегуфтанд.
«Овози тоҷик» барои ҳар як тоҷики ӯзбекистонӣ бояд мояи ифтихор бошад. Зеро, ин рӯзнома, тавре ки дар боло ишора кардем, сарчашмаи маънавияту маърифати тоҷикзабонони ҷумҳурии мост. Боиси таассуф аст, ки ҳоло рӯзнома ба дастгирии мо ниёз дорад. Дар асл ҳар як фарди равшанзамиру огоҳ бояд ниёзманди рӯзнома бошад. Мо – насли калонсоли зиёиёни тоҷик аҳамияти рӯзнома ва рӯзномахониро бояд ба ҷавонон фаҳмонем, то онҳо нисбат ба рӯзномаи худ бепарво набошанд.
Бо истифода аз фурсати мувофиқ, аз аҳли қалами рӯзномаи дӯстдоштаамон дархост дорем: хуб мешуд рукнҳои нав кушода аз насиҳатномаҳои Саъдии Шерозӣ, Воизи Кошифӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ барин алломагон доир ба ахлоқу одоб порчаҳо диҳанд. Ин хоҳиши мо бесабаб нест. Ҳоло дастрас намудани китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ душвориҳо дорад, аз ин нуқтаи назар дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шудани чунин матолиби маънавиву маърифатӣ хеле муфид хоҳад буд.
 
Султон НАБИЕВ, 
омӯзгори нафақахӯр аз ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: