ХОНАНДАГОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБӢ

Бо мақсади дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, дар қалби насли наврас ташаккул додани ғояҳои муҳаббат ба Ватан, садоқат ба ормонҳои истиқлолият, эҳтиром ба Артиши миллӣ, фидокорӣ ва садоқат ба касби интихобкардаашон тарбия кардани онҳо таҳти шиори “Артиши миллӣ – сипари мустаҳками Ӯзбекистони Нав» дар қисми ҳарбии шаҳри Ангрен барои ҷавонони маҳалла «Рӯзи дарҳои боз» гузаронда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо хонандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонии ҷумҳуриамон дар таътили зимистонӣ қарор доранд. Дар қисмҳои ҳарбӣ барои пурмазмун гузарондани таътили ҷавонон чорабиниҳои гуногуни маънавӣ-маърифатӣ ташкил карда мешаванд.
Дар чорабиние, ки дар қисми низомии шаҳри Ангрен баргузор гардид, ҷавонон бо техникаи ҳарбӣ, аслиҳа ва шароити барои хидматчиёни ҳарбӣ фароҳам овардашуда шинос шуданд. Аҷаб нест, ки дар ҷавонон ҳангоми суҳбат бо бародарони низомии худ, ки дар ин ҷо хидмат мекунанд ва ошноӣ бо шароити барои онҳо фароҳам овардашуда нисбат ба хидмати ҳарбӣ шавқу рағбат  пайдо шавад.
Чунин чорабинӣ дар гарнизони округи марказии ҳарбии Самарқанд баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳо таҳти шиорҳои «Вохӯрии фармондеҳон ва ҷавонон», «Ман ҳам муҳофизи Ватан хоҳам шуд», «Сарбози шуҷоъ барои ҷавонон ибрат аст» ба ҷавонон дар баробари шинос кардани онҳо бо шароити дар қисми ҳарбӣ фароҳам овардашуда,  доир ба ҳаёти ҳаррӯза ва таҷрибаи соҳибони касби пуршараф ва машаққатнок маълумот дода шуд.
Илова бар ин, фармондеҳони қисми ҳарбӣ барои донишҷӯёни ҷавон оид ба ҳаёти саркардаҳои бузург – соҳибқирон Амир Темур ва Султон Ҷалолиддин Мангубердӣ, ҳунарҳои ҷангии онҳо дарсҳои тарбиявӣ гузарониданд.
Маълумоти аз ҷониби хидматчиёни ҳарбӣ пешниҳодгардида ва асарҳои санъати дар намоишгоҳ гузошташуда шавқу рағбати донишҷӯёнро ба касби ҳарбӣ бедор намуд.

Департаменти ахбор ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: