ХОНАНДАГОН КАСБ МЕОМӮЗАНД

  • ХОНАНДАГОН КАСБ МЕОМӮЗАНД
  • ХОНАНДАГОН КАСБ МЕОМӮЗАНД

Мактаби таълими ҳамагонии рақами 26-уми шаҳри Фарғона барои 1280 хонанда пешбинӣ шудааст.

Соли гузашта мактаб аз таъмири пурра баромад ва соҳиби намои замонавию зебо гардид. Ҳоли ҳозир толибилмон дар шароити мусоид таълиму тарбия мегиранд.
Маълум аст, ки бо ташаббуси роҳбари давлат дар муассисаҳои таълимии мамлакат ба ҷавонон омӯзонидани на камтар аз ду забони хориҷӣ ва омӯхтани ягон касбу ҳунар ҳамчун вазифаи муҳим гузошта шудааст. Мактаби мазкур бошад, дар шаҳри Фарғона бинобар омӯзонидани касб ба хонандагон намунаи ибрат мебошад.
– Дар синфҳои 7-11-уми маърифатгоҳи мо 510 нафар хонандагон таълим мегиранд, – мегӯяд роҳбари мактаб Абдумуъмин Набиев. – Барои онҳо берун аз дарс дар 7 самт маҳфилҳои касбу ҳунар ташкил карда шудаанд. Дар машғулиятҳои ин маҳфилҳо ба ҷавонон касбҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, забони англисӣ, тайёр кардани маҳсулоти қаннодӣ, компутер, рассомӣ ва тоқидӯзӣ омӯзонида мешаванд. Бояд гуфт, ки ҷавонон ба аз худ кардани ин ҳунарҳо иштиёқи зиёд доранд.

Дар суратҳо: дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 26-уми шаҳри Фарғона.

Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: