Дар пойтахти Испания мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби мактаби байналлмилалии «ALOHA Mental Arithmetic» ташкил карда шуд, намояндагони 20 кишвар – Олмон, Хорватия, Малайзия, Бритониёи Кабир, Филиппин, Юнон, Чин, Канада, Ҳиндустон, Гватемала, Португалия, Ирландия, Русия, Венесуэла, Ӯзбекистон, Эквадор, Панама, Испания, Бангладеш ва Мексика иштирок карданд.
Дар ин мусобиқа иштирокчиён аз Ӯзбекистон ҷойи якумро гирифтанд. 13 нафар иштирокчиёне, ки аз Тошканд омада, барои омодагӣ ба ин чорабинии байналмилалӣ заҳмат кашиданд, таҳти роҳбарии намояндаи генералӣ ва сармураббии Барномаи байналмилалии ALO-HA дар Ӯзбекистон Динара Ҳакимова самарабахшии садфоиза нишон дод.
Аз 13 нафар иштирокчиёни мусобиқа дар Ӯзбекистон 13 нафарашон ҷом ва мукофотҳои олиро соҳиб шуда, ҳар дафъа ба саҳна баромада, парчами Ватани моро баланд бардоштанд.
АИ «Дунё»,
МАДРИД.