Донишҷӯёни Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалии математика, ки рӯзҳои 26-31 июл дар Ҳиндустон баргузор шуд, 3 медали тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар озмуни математикҳои ҷавон 576 нафар донишҷӯёни боистеъдод аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон 8 нафар ҷавонони боистеъдод шомиланд, ки ҳама аз байни ғолибон ҷой гирифтаанд.
Инчунин, аз байни хонандагоне, ки бо ташаббуси падару модарон ва омӯзгорони худ ихтиёран ширкат варзиданд, 10 нафарашон бомуваффақият иштирок карданд ва мукофотонида шуданд.