ХОНАНДАИ МАКТАБ – КОРМАНДИ ФИРМАИ ХОРИҶӢ

Мактаби миёнаи рақами 33-юми шаҳри Бухоро бобати таълиму тарбия байни таълимгоҳҳои шаҳри кӯҳна мақоми ба худ хос дорад.

 Талабагони ин даргоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Аз ҷумла, шогирди синфи 11-уми мактаб Нодирбек Ӯктамов дар соҳаи технологияи ахбор пешқадам аст. 
Ӯ ҳанӯз дар 3-солагӣ бо компутер сарукор дошт. Ҳангоме ки ӯ дар синфи 7 мехонд, барномаи синфи 11-ро, аллакай, аз худ карда буд. Қобилияти фавқулоддаи барномасозӣ ӯро ба академияи «Monday Labs IT»-и шаҳр бурд. Албатта, ба камолёбии Нодирбек муҳити хонадон, пеш аз ҳама саҳми модараш – омӯзгори фанни математика Матлуба Тилавова арзанда аст. Нодирбек ба соҳаи фрилансерӣ машғул шуда, бо ёрии сайтҳо барои худ кори дилхоҳ пайдо кард. Ӯ ҳоло баробари таҳсил дар мактаби миёна мувофиқи онлайн-шартнома корманди фирмаи «Full stack developer»-и Англия аст. 
Нодирбек ният дорад, ки баъди хатми мактаби миёна дар шуъбаи иқтисодиёти мактаби олӣ таҳсил гирифта, соҳиби корхонаи барномасозии худ шавад.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: