ХОНАҲО ЧУН ГАРМ, АҲОЛӢ ДИЛГАРМ

Бо вуҷуди то андозае муътадил омадани охирин моҳи тирамоҳ гармидиҳӣ ба манзилҳои бисёрошёнаи шаҳри Тошканд оғоз ёфт.

Бо вуҷуди то андозае муътадил омадани охирин моҳи тирамоҳ гармидиҳӣ ба манзилҳои бисёрошёнаи шаҳри Тошканд оғоз ёфт. Назар ба ҳарсола пештар гарм шудани хонадонҳо аҳолиро мамнун месозад. Одатан таъминот бо гармӣ аз 10-15 ноябр ибтидо мегирифт. То он вақт ҳаво сард шуда сокинони манзилҳои бисёрошёна саршавии мавсими нави гармигузарониро интизор мешуданд. Аз нимаи дувуми моҳи октябр эътиборан шуълаи плитаҳои газ паст шуда ва мардум маҷбуран бо гиронда мондани он то дараҷае манзилгоҳи худро гарм менамуданд. Бинобар фурӯзон нигоҳ дошта шудани плитаҳо ва нарасидани нирӯи «оташи сабз» гоҳо пухтани таом, ҳатто ҷӯшондани об тӯл мекашид ё номумкин мегашт. Аммо имсол, тавре таъкид сохтем, вазъ куллан дигар. Ноябр бошад ҳам, нафаси сарди тирамоҳ, ки имсол бебориш ва муътадил омад, чандон ҳис намешавад. Рӯзона дар берун офтоб бедареғ шуъла пошида ва дар даруни хонаҳо – батареяҳо гарм.
Воқеан, имсол дар хидматҳои таъминоти гармии марказонидашуда тағйирот ба чашм мерасад. Тарифҳо ба ҳисобу китоби ҳар як квадрат метри хонадонҳо дигаргун гаштанд. Корхонаи давлатӣ-унитарии «Тошиссиққуввати» дар пойтахт барои 1 кв.м. майдон 142 сӯм пардохтани ҳақро муайян кардааст. Аммо дар анҷумани матбуотӣ, ки дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ рӯи кор омад, барои гармии 1 кв.м. майдон муайян гаштани 143,67 сӯм маълум гардида буд.
Маълум, ки қарори Президент аз 2 декабри соли 2019 «Дар бораи чораҳои такмили сохтори таъминоти гармӣ ва солимгардонии молиявии корхонаҳои таъминоти гармидиҳӣ» ба имзо расида ва он дар навбати аввал бо мақсади беҳтарсозии ҳолати бо гармӣ таъминсозии аҳолӣ, ки аз хидматҳои таъминоти гармии марказонидашуда истифода мебарад, нигаронида шуда буд.
Вазорати хидмати коммуналии хонаву ҷойи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, дар асоси қарори зикршуда эътиборан аз оғози мавсими нави гармидиҳии солҳои 2020-2021 ба ҳисобу китоби истеъмолчиён аз хидматҳои таъминоти гармидиҳии марказонидашуда системаи ба ҳар кв.м. майдон ҳақдиҳии аҳолиро дар давраи мавсим ҷорӣ намуд. Гуфта мешавад, сохтори нави ҳақдиҳӣ бардоштани тарифҳоро дар назар надорад, фақат дар тартиби ба амал баровардани пардохтҳо тағйирот ба амал бароварда шуду халос.
Муайяншавии 143,67 сӯм миқдори тарифҳо ба 1 кв. м. тарифи миёна баҳри хидматҳои таъминоти гармидиҳӣ ба равиши шартнок дар ҷумҳурист, шарҳ медиҳад вазорати зикршуда, яъне дар ҳудудҳо мувофиқ ба энергияе, ки истеҳсол мешавад, тарифҳо ҳархела мебошанд.
Аён мегарданд, нархҳо боло нарафтаанд, яъне тариф бетағйир монда, танҳо пардохт ба ҳар як рӯзе, ки ба хонадонҳо гармӣ омадааст, ҳисобу китоб карда мешавад.
Суоле тавлид меёбад, ки оё мавсими гармидиҳӣ муддати муайян дорад ё не?
Мутахассисони соҳа ҷавоб медиҳанд, мавсим, бо чӣ тавр омадани обу ҳаво, тақрибан 145-150 рӯз давом карданаш мумкин. Истеъмолчиён аз ҷорӣ шудани тартиби нави пардохт зарари моддӣ намебинанд. Баръакс, дар ҳолати барвақт омадани аввалбаҳор ва нарм шудани иқлим, ки ҳоҷат ба гармшавии батареяҳо намемонад, фоида диданашон ҳам мумкин. Акнун давоми сол не, танҳо дар рӯзҳои муайян истеъмолгар барои истифода аз гармӣ ҳақ месупорад...
Вале дар ин бобат фикри аҳолӣ чӣ хел? Аксарияти одамоне, ки дар манзилҳои се ё чорҳуҷрадор буду бош доранд, аз тағйирот мамнун набудани худро изҳор карданд. Ба фикри онҳо, тартиби пештараи пардохт хубтар, давоми сол аз нафақа ё моҳона дода рафтани ҳақ барояшон қулай. Табиист, ки дар давоми мавсим пардохтан ба ҳар 1 кв. м., хусусан ба оилаҳои камдаромад гаронӣ мекунад. Қисми муайяни моҳона ё нафақаро ба гармӣ сарф кунанд, рӯзгор чӣ мешавад? Дар давраи душвори пандемия гузаштан ба тартиби нави пардохт шарт буд? Масъулони хидматҳои таъминоти гармии марказонидашуда мегӯянд, бинобар пандемия гармидиҳии соли равон тӯлонитар сурат гирифт, яъне он то охирҳои моҳи апрел давом кард, ки аз ин корхонаҳои мо хеле зарар диданд. Дар асл, ин ҳолат бо мақсади кӯмак ва офаридани қулайӣ ба аҳолӣ дар оғози карантин таҳти ғамхории Президент ба амал омад. Аммо дар рӯзҳои гарми баҳор кор кардани системаи гармидиҳӣ дар хонадон гувороӣ надошт. Гармӣ он рӯзҳое зарур, ки ба он эҳтиёҷ бошад. Вале айёми зимистон, хусусан, рӯзҳои қаҳратони чилла, ки ба гармӣ эҳтиёҷ зиёд, батарея дар ҳамаи хонадонҳо гарм буд? Афсӯс, аз рӯи меъёр даврзании оби ҷӯшро дар қубурҳо фарсудагии система, хидмати худро кайҳо ба иҷро расонда, корношоям шуда мондани асбобу ускуна ва ҷиҳозот дар «дом»-ҳо монеъ мешавад дар қисме аз манзилҳои бисёрошёна.
Масалан, ду-се соли охир қисме аз хонадонҳои манзили рақами 43-юм аз мавзеи 13-уми ноҳияи Юнусобод дар се моҳи зимистон умуман сард буданд. Аҳолӣ маҷбур буд барои андак муътадил сохтани хона плитаҳои газро фурӯзон гузорад. Телевизион огоҳ мекард, ин кор куллан норавост, заҳролудшавиҳо аз дуди газ ба ҳаёти одамон зомин мешавад ва ғайраҳо... Ба муроҷиатҳо дар мавсиме, ки гузашт, масъулони ширкати хонаву ҷой мегуфтанд, аҳволи қисме аз хонадонҳо ба мо низ маълум, таъмир рафта истодааст, ба наздикӣ ҳамааш хуб мешавад. Ҳақиқатан аз охирҳои моҳи феврали соли равон «ҳамааш хуб шуд», вале дар ин давр нафаси нарми аввалбаҳор аллакай ҳис мегашт.
Хӯш, модоме хонаҳо сард, аҳолие, ки аз гармӣ истифода карда натавонист, ҳақи онро пардохт ё не?
Ба дар вақташ напардохтан илоҷ ҳаст? Огоҳномаҳо меоянд ба хона, ки қарз фалон қадар, насупоред, ба суд месупорем...
Дар даврае, ки сипарӣ гашт, ба «санбӯсаи нахӯрда» ҳақсупории қисме аз аҳолӣ ба вуқӯъ омад. Қисме аз ноилоҷӣ қарздор шуда монд. Вале хубии кор он ки филиалҳои «Тошиссиққуввати» чун пештара аз хонадонҳои қарздор чизҳои ба дасташон афтодаро бардошта намебаранд (се-чор сол пештар идораи корхонаҳои зикршуда бо ашёи аз қарздорон мусодирашуда пур мегашт).
Модоме истеъмол ва истифода кардем, бояд ҳақро дар вақташ супорем, қарздорӣ хуб нест. Вале баъзе истеъмолгарон, тавре зикр намудем, аз ноилоҷӣ ва дасткӯтоҳӣ қарздор мешаванд. Се ё чаҳор ҳуҷрадорҳо мехоҳанд аз як ё дутои он дар мавсим истифода кунанд, аммо ҳамаи ҳуҷраҳо гарм мешаванд, ба хомӯш карда мондани қисме аз онҳо илоҷ нест. Ва орзу мекунанд механизмеро, ки имкон медиҳад аз гармӣ чун аз барқ танҳо дар вақти даркорӣ истифода намоӣ.
Дигар, гоҳо хона базӯр гарм мешаваду халос, маҷбурӣ либосҳои ғафсро накашӣ, ба кӯдак ё бемордорҳо боз душвор. Ҳарорат бояд чанд дараҷа бошад? Чаро аз хусуси меъёри гармие, ки муайян шудааст, аксарият хабардор нест?
Ба суоли аҳолӣ «ҳақро медиҳем, аммо мувофиқи меъёр гармӣ дода мешавад ё не?» масъулони корхонаҳои таъминоти гармӣ ҷавоб медиҳанд, вазифаи мо фиристодани гармӣ, ба масъалаи аз рӯи меъёр гармшавии хонадонҳо бошад, ширкатҳои хонаву ҷой ҷавобгар».
Ширкатҳо ваъда медиҳанд, корҳои таъмирӣ, ки имсол хубтар ба роҳ гузошта шуданд, хонаҳо мувофиқи меъёр гарм хоҳанд шуд, баъд аз ин ба саҳлангорӣ ва бемасъулиятиҳо роҳ гузошта намешавад.
Таъминоти оби гарм чӣ тарз? Пештар дар давоми сол барои таъмири пурраи система як ҳафта ҷудо карда мешуд. Дигар вақт бетанаффус оби гарм меомад. Ҳоло, мутаассифона, зуд-зуд қатъёбии он мушоҳида шуда ва аҳолӣ пешакӣ огоҳонида намешавад. Аҷиб боз он ки аз ҷумраки оби гарм оби сард меояд баъзан ё баръакс. Масъалаи ба эътирози барҳақи аҳолӣ сабабшавандаи дигар – баробари кушодан наомадани оби гарм.Хусусан пагоҳии барвақт ба ҷои оби гарм хеле вақт оби сард меояд. Маҷбурӣ ба исроф роҳ гузошта, омадани оби гармро интизор шавӣ.
Хуб мешуд намояндагони Вазорати хидмати коммуналии хонаву ҷой, масъулони корхонаи давлатӣ-унитарии «Тошиссиққуввати» ва филиалҳояш дар ҷойҳо, ходимони ширкатҳои хонаву ҷой ба афтодани шикоятҳо интизор нашуда, барои хабар гирифтани аҳолӣ вақт пайдо мекарданд, то имкон будан мувофиқи матлаб будан ё набудани таъминоти гармиро санҷида, дар рафъи саривақтии норасоиҳо саҳм мегузоштанд, модоме аҳолӣ дар вақташ ҳақро пардохт, ба расондани хидмати хушсифат масъул ва қарздории худро ҳис менамуданд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: