ХОНАҲОИ НАМУНАВӢ– БАРОИ АҲОЛӢ

Ноҳияи Қӯштепа соли 1952 ташкил ёфтааст.

Ноҳияи Қӯштепа соли 1952 ташкил ёфтааст. Маркази маъмурии он деҳаи Лангар мебошад.  Дар ин ноҳия сохтмони  хонаҳои истиқоматии намунавӣ босуръат идома дорад. Ин хонаҳо бар асоси лоиҳаҳое бунёд мегарданд, ки дар баробари таъмини аҳолӣ бо манзил ба минтақаҳои мухталифи  ноҳия шукӯҳ ва шаҳомат мебахшанд.
– Ин корҳои нек эътимоди мардумро ба фардои дурахшон бештар мегардонад ва шароити зисти аҳолӣ низ беҳбуд меёбад,– мегӯяд ҳокими ноҳия Илёсбек Новиков.
 Дар давоми солҳои 2010-2017 барои қонеъ намудани эҳтиёҷи мардум нисбати ҷои зист 271 хона сохта, барои истифода супурда шудааст. Илёсбек Новиков гуфт, ки солҳои 2017-2019 мувофиқи қарори Президенти мамлакат таҳти рақами 2639 “Дар бораи барномаи сохтани хонаҳои арзон бар асоси лоиҳаҳои наву замонавӣ дар деҳот тӯли солҳои 2017-2021” тавонистанд 90 хонаи истиқоматии сеутоқаи якманзила ва дорои ду сотих замини наздиҳавлӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дар радифи он як бинои дуошёна барои 16 хонавода, ду бинои сеошёнаи дорои 18 хона, як бинои чаҳорошёна барои 24 хонавода низ дар ихтиёри 166 оила қарор дода шуд. Дар мавзеи Хумдон, ки ба сектори прокурори ноҳия тааллуқ дорад, соли 2017 барои 34 оила ду бинои ду ва сеошёна бунёд гардид ва ба ин васила эҳтиёҷи оилаҳои эҳтиёҷманро рафъ намуд. 
– Ин хонаҳо ба аъзои оилаҳои камбизоат, бесаробон ва маълӯлон низ тақсим карда шуд ва бадали муқаддамотии онро мо аз буҷаи ноҳия пардохтем. Соли 2018-ро низ ба ҳамин минвол сипарӣ кардем, яъне 18 хонаводаи эҳтиёҷманд соҳиби манзил шуд. Соли гузашта эҳтиёҷи 24 оила ҷиҳати таъмин ба манзил рафъ гардид. Ҳоло дар мавзеи Хумдон сохтмони як бинои панҷошёна барои сӣ хонавода дар арафаи анҷомёбист,– мегӯяд Илёсбек Новиков.
 Вай илова кард, ки дар ин мавзеъ тавассути қарзҳои имтиёзноки Бонки рушди Осиё барои 24 хонавода сохтмони бинои чорошёнаи истиқоматӣ шурӯъ гардид. То анҷоми соли равон дар ноҳияи Қӯштепа 130 оила бо манзил таъмин хоҳанд шуд.  
Ногуфта намонад, ки ноҳияи Қӯштепа сол аз сол ободу зебо мегардад. Арзи вуҷуд намудани иншооти наву замонавии маъмурӣ, қомат афрохтани биноҳои истиқоматӣ, сохта шудани биноҳо барои муассисаҳои таълими умумӣ ва таълими томактабӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин ноҳия беш аз пеш ободу зебо мешавад.
Дар баробари ин як қатор масъалаҳои ҳалношуда низ ҷой доранд. Аз ҷумла, тармим нашудани роҳҳои дохилӣ барои ҳаракати мошинҳо мушкилиҳо эҷод намудааст. Гузашта аз ин, дар бархе аз минтақаҳои ноҳия ҳанӯз мардум бо гази табиӣ ва гази моеъкардашуда таъмин карда нашудаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
мухбири “Овози тоҷик”. 

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: