ХОНДАНИ ОСОРИ МАНЗУМ

Гӯшаи методӣ

Вақте сухан аз осори манзум меравад, бояд гуфт, ки хонандагон пеш аз ҳама дар бораи осори манзум ва тарзҳои хондани онҳо маълумоти ибтидоӣ доштанашон лозим аст.     
Дар адабиёти таълимии мо навъу намудҳои хониш ба тарзи гуногун шарҳ дода шудаанд. Аслан, дар ин бора ягон асари мукаммал ҳанӯз навишта нашудааст. Танҳо Носирҷон Маъсумӣ ба дарси хониш ва навъҳои он – хониши бесадою овозӣ (овоздор) таваққуф намуда, умумият ва фарқияти онҳоро баррасӣ намудааст. Вай тарзи хониши бесадоро хониши бошууронаи таҳлилӣ дониста, оиди баъзе хусусиятҳои он маълумот медиҳад. Аз ҷумла, ба фикри адабиётшинос хониши бесадо аз лиҳози суръат тезтар, алоқамандиаш ба ҳаракатҳои ҷисмонӣ камтар, барои дарку фаҳмиши мазмуни матн мусоид, дар ёфтани калимаю ибора ва ҷумлаҳои зарурӣ созгор мебошад. Ҷиҳати илова ҳаминро ҳам бояд хотиррасон намоем, ки хониши бесадо як намуди хониши ифоданок ҳам ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, дар рафти он хонанда бояд ба сифату суръат ва паузаву талаффузи хониш, ба зеру бами овозу оҳанги ифода, ба пастиву баландии садо, ритми гӯйиш ва ба тартибу низом ва рабту меъёри он риоя кунад. 
Дар хониши овозӣ бошад, хусусиятҳои ҷудогона мавҷуданд, ки ҳоло дар бораи чанде аз онҳо таваққуф менамоем. Ба гуфтаи адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ ин намуди хониш воситаи таълиму тарбиявии адабиёт буда, дар баробари мақсад ва вазифаҳояш хусусиятҳои зеринро бояд дошта бошад:
а) Калимаву ибора ва таъбиру ҷумлаҳо тибқи мазмун ва маънояшон бо оҳанги мусоид хонда шаванд; 
б) Барои малакаву маҳорат пайдо кардани мактабиён машқҳои тезхонӣ ташкил карда шуда, ба дурустии суръату сифат ва талаффузу танаффуси ифода эътибор дода шавад: 
в) Тезхонӣ асоси тезфаҳмӣ аст. Донишомӯзон бояд маводи хондаашонро зуд дарк намуда, батафсил нақл карда тавонанд. 
г) Дар раванди хониш бояд  ҳамаи хусусиятҳои мазмуну маъно ва сохту таркиби матн ба эътибор гирифта шавад. 
Умуман, адабиётшиносон дар бораи тарзҳои хониш фикрҳои мухталиф баён намуданд, ки донистани онҳо барои хондани матнҳои манзум аҳамияти калон дорад. Масалан, М. Қозиҷонов хониши адабиро ба ду давр – машғулиятҳои муқаддимавӣ ва кор бо матн ҷудо менамояд. Вай пешниҳод мекунад, ки ин намудҳои хониш ҳангоми болои матн кор кардани мактабиён даст медиҳад. Ҳамин фикрро К. Станивлавский низ дар навиштаҳояш пешниҳод кардааст. 
Назм навъи махсуси адабиёти бадеӣ буда, муҳимтарин воситаи тарбияи эстетикии  мактабиён мебошад. Он ба сабаби вазну оҳангнокиаш ба ҳиссу шуури шунаванда тез таъсир карда, фаҳму идрокро ба ҷунбиш меорад. Ҳамин аст, ки муаллифони асарҳои илмию методӣ ба хусусиятҳои хониши ифоданоки шеър диққати махсус додаанд.
Носирҷон Маъсумӣ дар асари худ “Усулҳои таълими адабиёт дар синфҳои 5-8” ифоданокии хониши асарҳои манзумро ба пухтаву пурра донисташавии вазну қофия ва радифу задаҳои шеърӣ, васлу фосилаи ҳиҷову таркибҳо ва талаффузи калимаҳои ташдиднок, паузаву танаффусҳо вобаста медонад. Дар ҳақиқат, ҳангоми қироати осори манзум бояд ҳамаи воситаҳои ифоданокӣ ба кор андохта шаванд, вагарна, аз маводи хондашаванда на хонишгар ва на сомеъ баҳра бардошта метавонанд.  
Ба ақидаи муаллиф дар хониши ифоданоки шеър на дарозию кӯтоҳии мисраъҳо, балки вазн эътибор дорад. Дар назми классикию шуравии тоҷик ва фолклор вазнҳо бисёр буда, ҳар яке бо оҳанги махсус хонда мешаванд.  
Ӯ дар мисоли асарҳои С. Айнӣ – “Марши ҳуррият”, П. Сулаймонӣ – “Марши пионерӣ”, М. Турсунзода – “Сайёҳи ҳинд” ва “Ҳасани аробакаш”, М. Миршакар – “Неъмат” ва дигарон намунаи шеърҳои кӯтоҳмисраъро оварда, таъкид мекунад, ки онҳо ба сабаби вазну ченакҳои гуногун доштанашон ҳар кадом ба оҳанги махсус хонда мешаванд. 
Ин ҷо бамаврид аст, ки як нуктаи дигарро низ таъкид намоем. Ба сабаби он ки шаклҳои адабӣ гуногунанд ва ҳар кадом барои хондан санъати ҷудогонаро талаб мекунанд, бинобар ин зарур аст, ки омӯзгор дар вақти интихоби мавзӯъ барои шогирдони худ вазъи мусоид фароҳам оварад. Хониши ифоданок талаб мекунад, ки барои интихоби оҳанги хониш муаллим дар баробари дониши мукаммал бояд қобилияти матншиносӣ низ дошта бошад.
Дар вақти хондани осори манзум омӯзгор дар назди донишомӯзон бо риоя ба меъёр ва қоидаҳои хонишгарӣ маводи таълимиро озодона қироат карданаш лозим. Сипас,  бояд хонандагонро водор созад, ки маводи таълимиро дар тақлиди ӯ қироат намоянд. Яъне вай метавонад, ки ҳамбастагии муаллим, талаба ва маводи таълимиро ба роҳ монад. Аз ҳамин нуқтаи назар методисти намоёни рус Л. Тодоров дар соҳаи хониши ифоданоки шеър се чиз – хониши ифоданоки муаллим, ба таври ифоданок хонда тавонистани талаба ва омӯзиши қоидаву қонунҳои хониши ифоданокро хеле муҳим мешуморад. 
Яке аз роҳҳои муваффақ шудан ба ин усул таҳлили муштарак мебошад. Муаллим дар ҳар як лаҳзаи мусоиди дарс барои маънову мазмун воситаҳои хушоҳангии шеърро маънидод карда, онро муассиру пурэҳсос мехонад ва хонандагонро низ мехононанд. Ин гуна роҳу равишҳо рафти таълимро шавқовар карда, дар талабагон системаи муайяни донишу маҳорат, малакаву одат, завқу салиқа ва қобилияту тавоноиро ба вуҷуд меоваранд. Дар мактабиён шавқи шеъразёдкунӣ  худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Маҳз кӯшишҳои босамари муаллим, ҷустуҷӯҳои пайдарпайи вай боис мегардад, ки дар хонанда шавқи омӯзиш ва хониш пайдо мешавад.  
Тавре ки мебинем, хондани осори манзуму мансур яке аз муҳимтарин омили таълиму тарбия буда, дар ташаккули фикри талабагон низ нақши муҳим дорад. Яъне донишомӯзро зарурате пеш меояд, ки дар як вақт ҳам қироат кунад ва ҳам мазмуну маънои маводи хондашавандаро ҳазм намояд. 
Ногуфта намонад, ки тарзи хондани осори манзум ба синну сол ва дараҷаи қобилияту истеъдоди донишомӯзон вобаста аст. Яъне ин раванд бояд дар таҳияи дастурҳои методӣ ва барномаҳои омӯзишӣ аз ҷониби методистон ва мутахассисони соҳа ба эътибор гирифта шавад.  
Ба ҷиҳати хулоса ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки тарзи дуруст ва дар асоси қоидаву меъёрҳо хондани осори манзум, барои ба қолиб даромадани сухани гӯяндагон, хонишгарон ва маданияти нутқ дар хонандагон имконият фароҳам меоварад. 

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
устоди ДДОЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: