Даҳсолаҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI-ро давраи пурмаҳсули таҳқиқи шохаи типологии забонҳо шуморидан мумкин аст.
Ин андешаро таҳқиқоти бисёре, ки ба муқоисаи типологии забони форсии тоҷикӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ ва ғайра бахшида шудаанд, собит менамояд.
Забони ноби форсӣ, ки таърихи хеле куҳан дорад, аз забонҳои нирумандтарин, ғанӣ ва хушсадо ба ҳисоб меравад. Он асосан барои мардуми куҳанбунёди Эрону Афғонистону Тоҷикистон забони модарист ва нишонаи миллии мардумонест, ки бо ин забон ҳарф мезананд. Бо ин забон тӯли ҳазорсолаҳо асарҳои илмиву адабӣ ва бадеӣ офарида шудаанд. Бузургию шаҳомоти онро нобиғагони олам чун забони шеъру адаб, забони фораму дилкушо эҳтирому эътироф намудаанд. Ин забон тӯли таърих натанҳо барои мардуми форсизабон, балки барои мардумони тамоми олам хизмати бузурге дар пайванди миллат, халқият ва тамаддунҳо карда, бо забонҳои лотинию мақдунӣ, арабию туркӣ, русию байналмилалӣ омезиш ёфта, сертаркиб ва пурмазмунтар шудааст. Он дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ аз ҳисоби калимаю вожаҳои нави миллатҳои кураи Замин ғанитар мегардад.
Бо забони форсӣ шоирону нависандагони бузурге ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва бисёр дигарон асарҳои оламшумуле эҷод кардаанд. Дар замони муосир танҳо се давлати форсизабон — Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳар кадом яке аз шохаҳои забони порсӣ – форсӣ, тоҷикӣ ва дариро дар кишварашон забони расмии давлатӣ эълон кардаанд. Расул Ғамзатов (1923-2003) адиби машҳури ҷаҳонии Доғистон суханварони бузурги адабиёти классики форсу тоҷикро бо сипосгузорӣ ёд мекунад. Силсилаи «Шеърҳои форсӣ» (1975)-и шоир бо як эҳсосоти баланд навишта шудаанд. Адиб бо Мирзо Турсунзода робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошт. Дар ҳимояи забони модарӣ далерона чунин гуфтааст: «Забони халқҳо барои ман чун ситораҳои осмонанд. Намехостам, ки ҳамаи ин ситораҳо як шуда, ба ситораи бузург табдил ёбанд. Ба ситораи бузург ҳоҷат нест, зеро як офтоб бас аст. Аммо бигзор ситораҳо ҳам нур пошанд. Бигзор ҳар кас ситораи худро дошта бошад».
Ташаккулу таҳаввули забони форсӣ дар даврҳои гуногуни таърихӣ
Муҳаққиқ Жилбер Лазар кулли таҳқиқоти эроншиносонро дар ин замина нодида гирифта, пайдоиши забони порсии дариро дар Хуросону Мовароуннаҳр ба истилои арабҳо марбут медонад: «Пас аз пирӯзии аъроб дар Эрон форсии гуфторӣ ҳамчунон ба сӯйи Ховар пеш рафт ва ба василаи сипоҳиёну бозаргонон ба Мовароуннаҳр ва Афғонистони кунунӣ расид». Ба ин тартиб ӯ ба натиҷае мерасад, ки «форсӣ гӯйиши маҳаллии ҷанубитарин ноҳияи Эрон буд, ки ба унвони як забони муколама ба тадриҷ аз ҷануб ба шимол ва ховари Эрон густариш ёфт ва он гоҳ дар шимоли ховарии Эрон ба забони адабии он ноҳия табдил гардид ва аз он ҷо ба Бохтару ҷануби Эрон рафт ва саранҷом дар бахше бузург аз Осиё реша давонд». (Жилбер Лазер. Решаҳои забони форси адабӣ, маҷ. Эроннома, 1993, №4, саҳ. 571). Дар асоси ҳамин андешаҳои беасос Г. Ҳидоятов ва Р. Абдуллоев барин олимон аҷдоди тоҷиконро арабу форсҳое медонанд, ки дар асри VIII бо истилои арабҳо ба Осиёи Миёна омадаанд. Ботил будани ин андешаро муҳаққиқон бо далелҳои қотеъ ба субут расондаанд. Далели аввал суруди машҳури «Аз Хуталон омадия» мебошад, ки тавассути «Таърихи Табарӣ» то ба имрӯз расидааст.
Аз ин бармеояд, ки то омадани арабҳо ба ин сарзамин ҳам мардум бо забони порсии дарӣ ҳарф мезаданд. Далели дуюм маълумоти «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ роҷеъ ба ҷорӣ шудани ислом ва забони арабӣ дар ин сарзамин аст. Тавре ки Наршахӣ хабар медиҳад, мардуми Бухоро арабҳоро водор менамоянд, ки оятҳои Қуръон маҳз ба забони порсии дарӣ тарҷума шавад, ки забони гуфтории онҳо будааст. Ин ду далел ва мисолҳои фаровони дигар собит менамоянд, ки забони порсии дарӣ то истилои арабҳо дар радифи забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, ориёӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар шакли гуфторӣ вуҷуд доштааст.
Доктор Алиашраф Содиқӣ дар «Таквини забони форсӣ» ба ин натиҷа мерасад:
«Хулоса, забони форсӣ забонест, ки дар авохири давраи Сосонӣ дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Мадоин ва дар Хуросону баъзе манотиқи дигар дар гуфторҳои рӯзонаи мардум ба кор мерафтааст. Ин забон аслан ҳамон забони паҳлавӣ (манзураш порсии миёна) аст, ки сарзамини он Форс буда, вале дар тули ҳукумати чаҳорсадсолаи Сосониён ба нуқоти дигар рафта ва бо аносиру луғоти портӣ (манзураш паҳлавӣ), ки забони мардуми Хуросон буда ва аносири маҳалли дигар омехта шудааст. Дар авохири давраи Сосонӣ номи ин забон «дарӣ» будааст, вале дар пайи густариши ислом дар Эронзамин онро «дарӣ», «форсии дарӣ / порсии дарӣ» ва «форсӣ / порсӣ» номидаанд. Қадимтарин марҳилаи забони дарӣ эҳтимолан қарни V милодӣ аст, яъне замонест, ки забони портӣ (яъне паҳлавӣ) ба таври куллӣ дар Хуросон аз миён рафта будааст. Аз дарӣ то қарни IX милодӣ, ғайр аз теъдоде ҷумлаҳои пароканда, ҳеч гуна навиштаи қобили таваҷҷуҳе боқӣ намондааст. Ҷумлаҳои боқимонда нишон медиҳанд, ки дарии садри ислом (асрҳои VI-VII милодӣ) бо форсии дарӣ дар асри IX тақрибан яксон будааст. Ба тавре ки қароину шавоҳиди мавҷуд нишон медиҳанд, пас аз густариши ислом миёни форсии дарии мутадовил дар Хуросон бо форсии мутадовил дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии Эрон баъзе тафовутҳои лаҳҷавӣ вуҷуд доштааст. Дар форсии мутадовил дар Хуросон аносири қарзӣ аз портӣ (яъне паҳлавӣ) бештар буда ва форсӣ дар манотиқи марказӣ ва бавижа ҷанубӣ ба паҳлавӣ (яъне порсии миёна) бештар шабоҳат доштааст. Ин ихтилоф табъан дар замони Сосониён низ вуҷуд доштааст».
Порсӣ ва манзалати он дар давраи Сомониён ва Ғазнавиён
Пас аз ислом ва зуҳури Сомониён дар сарзамини Хуросони бузург, ки Тоҷикистон аз он қабил ба шумор меомад, ин даврони эҳёи фарҳанги бостонӣ ва рушди бештари лаҳҷаи форсии тоҷикӣ будааст, ки аз ҷонишинони забони паҳлавӣ шуд.
Сомониён, ки дар эҳёи маданияти бостонӣ ва ниёгон нақши бисёр самаранок доштанд, аз деҳаҳое ба ҳамин ном дар марзи қаламрави Эрони қадим ва Тоҷикистони кунунӣ бархоста шуд. Сомониён муҳимтарин давлат дар Осиёи Марказӣ баъд аз тасаллути ислом буданд ва дар минтақае ҳукмронӣ карданд, ки дар қаламрави хок ва сарҳадҳои имрӯзии Тоҷикистон мебошад. Эраҷ Вамқӣ – адиб ва забоншиноси эронӣ, ки аз ин майдон бо номи зебои «Дунёи Наврӯзиён» ном мебарад, мегӯяд: «Дунёи наврӯзиён фарҳанги муштаракест, ки беш аз ҳазор сол бар паҳнои густурдае аз Осиё ва Осиёи Миёна соя афканда ва дилҳои миллионҳо танро аз Лоҳур то Балх, Бомиён ва аз Самарқанду Бухоро то халиҷи Форс ба ҳам пайванд додааст. 700 сол аст, ки мардумони ин паҳнои густурда бо шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ мехонанду рақс мекунанд.
Забони форсӣ, ки дар давраи Ғазнавиён ба Ҳинд роҳ ёфт, бо таъсиси имперотурии Ғуркониён дар Ҳиндустон ба авҷи пешрафти худ расид ва забони расмии Ҳинд шуд. Шоирони бузурге ҳамчун Бедили Деҳлавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дастгоҳи шеърии сабки ҳиндиро дар худ парварондаанд. Бахшҳои зиёде аз таърих ва адабиёти Ҳинд ба ин забон нигошта шудаанд. Аммо пас аз истеъмори англис дар соли 1832 бо иҷбор забони англисиро ҷойгузини забони форсӣ карданд. Англисҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки забони форсӣ қарнҳо дар Ҳинд буда ва мабоҳиси илмӣ ва фарҳанг ва таърих ба забони форсӣ ва дар адабиёт форсӣ ҳифз шуда буд.
Онҳо мехостанд, ки ин иртибот бо наслҳои баъд қатъ шавад ва мардум ва тамаддуни Ҳинд, аз ин мерос дур бишавад. Ин як тавтеаи бузург буд, ки дар он замон мардум, ё хеле мутаваҷҷеҳ нашуданд, ё ин ки маҷбур буданд ба он тан диҳанд. Баъдҳо ҳам инҳо забонҳоро бо гурӯҳҳои мардуми мухталиф вобаста карданд ва аз тариқи ин сиёсат баъд мардум фикр карданд, ки забони форсӣ як забони хориҷӣ аст, ё он забони як гурӯҳи хос аст ва ба ин далоил забони форсиро нодида гирифтанд...
Арзиш ва моҳияти илмиву адабии
забони форсӣ (тоҷикӣ)
Забони форсӣ асолати фарҳанги Эронзаминро дар бистари тамаддунсози ислом ҳифз кард. Дар ҳолу ҳавои имрӯз забони муштараки мо дарахти борвареро мемонад, ки решаҳои амиқу тани маҳкам ва се шохаи маҳками тоҷикӣ, дарӣ ва форсии Эронро дорад. Қонуни аслии ашъори Фирдавсӣ ҳам тамоми қаламрави забони форсӣ монанди Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон аст. Забони форсӣ қаламрави маънавие аст, ки ҳамаи форсизабонон сокинони он ҳастанд ва арзишҳои мавҷуд дар ин қаламрав ба якояки сокинони он тааллуқ дорад.
Осиёи Марказӣ гаҳвораи забони
форсӣ-тоҷикист
Донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ навиштааст: «...забони имрӯзи мо дар ҳамон навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда, ... забони саросари Эрон гардидааст».
Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в.) бо ифтихор гуфтаанд: «Валадату ано фи замони-с-султони-л-одил», яъне Ман дар замони подшоҳи одил таваллуд ёфтаам. Дар замони таваллуди Расули Худо (с.а.в.) дар қаламрави арабҳо ҳанӯз давлатдориву давлати ягона набуд, ин ҷо шоҳи сулолаи Сосониён Хусрави 1-и Анӯшервони Одил (ҳукмрониаш 531-579) дар назар дошта шудааст. Ба саволи чаро қабилаҳои араби оду самуд нобуд шуданду форсҳо не? Сарвари коинот (с.а.в.) посух доданд: «Барои он ки форсҳо ободонсозанд ва додгустаранд миёни бандагони Худо». Инчунин, аз ҳадисе бо мазмуни «Илм дар Сурайё бошад ҳам, форсҳо онро ба даст меоранд» хабардорем. Зарбулмасали босниягӣ низ ҳаст: «Агар хоҳӣ ба биҳишт бирасӣ, бояд забони форсӣ бидонӣ». Бо такя ба устод Муҳсин Умарзода метавон ёдовар шуд, ки ҳатто дар Қуръон як саду сенздаҳ калимаи тоҷикӣ дар шакли арабишуда истифода шудааст.
Адиби бузурги Олмон Иоҳан Гёте (1749-1832) ба осори адибони Шарқ, хусусан форс-тоҷик рағбати зиёд дошт. Ӯ гуфтааст, ки форсизабонҳо ҳафт танро паёмбарони шеър меҳисобанд, ҳол он ки чандин бузургони дигар низ мавҷуданд, ки аз ман чандин зина болотаранд. Ӯ мафтуни ғазалиёти Ҳофиз гашта, бо осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ ва Ҷомӣ ошно шуд, дар ҳамин замина «Девони ғарбию шарқӣ»-ро навишт.
Ҷойгоҳи забони форсӣ дар Афғонистон
Бештари манотиқи Афғонистон хостгоҳи забони форсӣ ва мафохири он будааст. Касоне монанди Мавлавӣ, Саноӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар давраҳои мутааххир, Халилуллоҳи Халилӣ, Восили Кобулӣ ва нависандагони муҳим ва барҷастае дар Афғонистон зуҳур кардаанд. Китоби «Таърихи Систон» ба эҳтимоли қавӣ ба василаи нависандае аз манотиқи марказии Афғонистон навишта шуда ва «Чаҳор мақола»-и Арузӣ низ дар Афғонистони кунунӣ таълиф шудааст. Дар канори он, китобҳои зиёде ба забони форсӣ дар Афғонистон навишта шудаанд.
Ғайр аз он, бештари мардуми Афғонистон ба форсӣ такаллум мекунанд. Бахши умдаи мардуми Афғонистон форсизабон ҳастанд ва онҳое ҳам, ки форсизабон нестанд, монанди ӯзбекҳо, туркманҳо, паштузабонҳо ва паштунҳо, форсидон ҳастанд, яъне агарчи забони онҳо форсӣ нест, забони форсиро медонанд. Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, мардум форсизабон ҳастанд ва дар онҷо форсӣ дар ҷараён аст, на забони пашту...
Албатта, пеш аз он низ ҳокимони Афғонистон паштун буданд ва забони модарии онҳо пашту буд, аммо онҳо форсидон буданд.
Аз замони ташкили ҳукумати Дуронӣ, ки ҳукумати Афғонистон бо он шинохта мешавад, бо вуҷуди ин ки онҳо паштузабон буданд, хусумате бо забони форсӣ надоштанд ва ин равия ҳудуди 150 сол идома дошт.
Чанд андешаву мулоҳизот ва
пешниҳодоти хос аз муаллиф
Кишварҳои форсизабонро як маркази танзими забони форсӣ зарур аст, ки гуишҳои гуногунро ҳамоҳанг гардонад, ҳар як калимаву ибораи навро дар як вақт ва бо як шакл ба мардуми форсзабон шинос намояд ва қоидаву меъёрҳои забони форсӣ дар ҳама ҷо истифодаи якранг дошта бошад. Чунин аст сарнавишти ҳар як забони бузург ва ба забони форсӣ (беҳтараш порсӣ) ҳам бояд мо чун фарзандони меҳрубону хирадмандаш ояндаи сазоворро фароҳам оварем. Панди устод Фирдавсӣ ҳамин аст:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Пешниҳоди дигар ин аст, ки баҳри устувор ва побарҷо нигоҳ доштани забони форсӣ миёни аҳли башар ва мамлакатҳои гуногун моро зарур аст, то дар ин асри технология ва инноватсия як барномаи электронии мобилиеро бо номи «PERSIAN WORDS» таҳия намоем, то он тавонад фарогири вожаҳои комили забони форсӣ бошад ва дар як қисми ин барномаи электронӣ аз таърихи ташаккулу таҳаввули ин забони қадимии мардуми форсизабони дунё маълумотҳои таърихӣ бо факт ва далелу мисолҳои мушаххас ҷойгузин карда шаванд.
Умедҷон АМОНӢ,
мутахассиси Академияи
идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.