ХОТИРАИ ГУЗАШТАГОН АБАДӢ БОҚӢ МЕМОНАД

Корномаи он ҳамватаноне, ки баҳри озодии мамлакат, ҳифзи шаъну шараф, арзишҳои миллии халқ қурбон шудаанд, дар хотираи авлоди сипосгузор абадӣ боқӣ мемонад.

Таърих, авлоди имрӯза ва оянда ҳалокати миллионҳо нафар одамони бегуноҳи солҳои мустабид, ғаму андӯҳи оилаҳои зиёд ва ятим мондани бачаҳои сершуморро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Ба мақсади пос доштани хотираи чунин писарону духтарони фидокор ва диловари халқ, эҳё намудани ҳақиқат ва адолат, дар қалбу шуури ҳамватанон, авлоди ҷавони наврас ташаккул додани ҳисси эҳтиром ба хотираи онҳое, ки бо мо нестанд, аз соли 2001-ум 31 август дар мамлакатамон чун Рӯзи хотираи қурбониёни табъид ҷашн гирифта мешавад. 
Барои абадӣ гардондани номи онҳо дар мамлакат маҷмӯи ёдгории «Шаҳидлар хотираси» ва музеи «Хотираи қурбониёни табъид» сохта шуда, аз масканҳои мазкур қадами зиёраткунандагон канда намешавад.
... 31 август. Субҳи саҳар. Ба муносибати Рӯзи хотираи қурбониёни табъид дар маҷмӯи ёдгории «Шаҳидлар хотираси» бахшида ба пос доштани хотираи ватанпарвароне, ки барои истиқлолияти мамлакат қурбон шудаанд, чорабинӣ ба амал омад.
Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.
Бино бар анъана оши худоӣ дода шуд. Ояте аз Қуръон тиловат гардида, хотираи қурбониёни табъид пос дошта шуд.
Президент бо роҳбарияти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, арбобони дин, фаъолони маҳалла, намояндагони зиёӣ суҳбат орост.
– Бояд ватанпарваронро гиромӣ дошт, ҷавононро дар рӯҳи ифтихори миллӣ тарбия намуда, дар онҳо ҳисси чун гузаштагони бузургамон марду диловар шуданро пурзӯр гардонд, – гуфт сарвари давлатамон.
Таъкид гардид, ки барои ин бояд аз имкониятҳои Академияи исломии Ӯзбекистон, Маркази тамаддуни исломӣ ва мактабҳои олӣ васеъ истифода бурда, барномаи таълимро такмил дод.
Дар чорабинии 31 августи соли 2017 баргузоргардида Президенти мамлакатамон таъкид намуд, ки муборизаи гузаштагонамон барои сулҳу озодии Ватан барои ҷавононамон бояд ҳамчун намуна хидмат кунад ва оиди дар назди донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тамоми вилоятҳо ташкил кардани филиалҳои музейҳои Хотираи қурбониёни табъид, ба китобҳои дарсӣ ворид намудани мавзуъҳои мазкур супориш дод.
Мувофиқи ин 22 ноябри соли 2017 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани Музейи давлатии хотираи қурбониёни табъиди назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Музейҳои хотираи қурбониёни табъид дар сохтори муассисаҳои таълими олӣ дар минтақаҳо» қабул гардид. Дар асоси қарор дар сохторҳои муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо Музейҳои хотираи қурбониёни табъид таъсис дода мешаванд.
Дар музейҳо дар бораи шаҳрвандони табъидшуда, фотосуратҳо, ашёҳо ва маснуот гузошта шудаанд. Инчунин  китобҳои илмӣ ва бадеии ба хотираи онҳо бахшида ҷамъоварӣ гардида, вариантҳои электронии онҳо ташкил карда мешаванд. Бино бар тадқиқи илмии ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти қурбониёни табъид алоқаманданд, нашри китоб, офаридани кинофилмҳо, ташкил кардани филиалҳои музейҳо дар мактабҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Чунин музейҳо дар тарбияи авлоди наврас дар рӯҳи ватанпарварӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, ташаккул додани ҳисси ифтихор барои гузаштагони маърифатпарвар, саъю кӯшиши фарзандони муносиби мамлакат ва халқ гардидан нақши муҳим мебозанд.
Худи ҳамон рӯз Президент Шавкат Мирзиёев ба майдони Мустақилӣ ташриф оварда, ба маҷмӯаи Истиқлолият ва инсонпарварӣ, ки рамзи озодӣ, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши некамон ба ҳисоб меравад, гулчанбар гузошт. 
Ба пояи ёдгорӣ инчунин намояндагони Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирон ва вазоратҳо гул гузоштанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: