ХОТИРАИ МУБОРИЗОНИ ОЗОДӢ ВА МАЪРИФАТПАРВАРОН ҲАМЕША ДАР ҚАЛБҲОЯМОН БОҚӢ ХОҲАД МОНД

Таърих, наслҳои муосир ва оянда ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, ки чӣ гуна ҳазорҳо одамони бегуноҳ дар тӯли низоми мустабид ҳалок шуданд, чӣ қадар оилаҳо вайрон шуданд, чӣ қадар кӯдакон ятим монданд.

Таърих, наслҳои муосир ва оянда ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, ки чӣ гуна ҳазорҳо одамони бегуноҳ дар тӯли низоми мустабид ҳалок шуданд, чӣ қадар оилаҳо вайрон шуданд, чӣ қадар кӯдакон ятим монданд.
Бо мақсади барқарор кардани номи чунин писарон ва духтарони содиқ ва босуботи халқамон, адолат ва ҳақиқат, дар шуури ҳамзамонон, алалхусус насли наврас пурзӯр гардондани ҳисси эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хотираи онҳо аз соли 2001 дар мамлакати мо 31 август ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни табъид таҷлил карда мешавад.
Бо мақсади барқарор кардани номи қурбониёни табъид, абадӣ гардонидани хотираи онҳо дар пойтахт маҷмӯаи ёдгории «Шаҳидлар хотираси» ва Осорхонаи хотираи қурбониёни табъид сохта шуданд. Ин ҷойҳо ҳамеша пур аз одам  мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 август ба хиёбони «Шаҳидлар хотираси» ташриф овард.
Дар назди санги қабри рамзӣ ба ёди қурбониёни табъид сураҳо аз Қуръон қироат карда шуд. Бо намояндагони насли калонсол, соҳаи дин ва зиёиёни эҷодкор суҳбат баргузор гардид.
— Ёд овардани ватандӯстон, ба хотири онҳо қироат намудани Қуръон анъанаи хубест. Мо медонем, ки гузаштагони равшанфикрамон барои истиқлолият, озодии халқи худ мубориза бурдаанд. Солҳои охир бо саъю кӯшиши тамоми ҷомеаи мо барои барқарор кардани номи неки онҳо, ғанӣ гардонидани осорхонаҳо ва ташкили мактабҳои эҷодӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ин ҳама ба хотири он аст, ки адолати таърихӣ ва ҳақиқат ба мардум расонида шавад, то ки онҳо гузаштаро донанд ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд, ба қадри зиндагии осоиштаи имрӯза расанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Тавре ки шумо медонед, умри ҳазорҳо ҳамватанони бегуноҳи мо дар даврони сохти мустабид хазон шудааст. Солҳои 1937-1953 дар Ӯзбекистон 100 ҳазор нафар бадарға карда, 13 ҳазор нафар бераҳмона парронида шуданд. Бисёр оилаҳо хонавайрон шуда, кӯдакон ятим монданд. Танҳо дар солҳои 1937-1938, вақте ки табъид миқёси васеътар гирифт, тақрибан 7 ҳазор ҳамватанони мо парронда шуданд.
— Ин одамон пешвоёни ҳақиқӣ, намояндагони пешқадами зиёиён, адибони беҳтарин ва арбобони фарҳангӣ — алқисса, гули сари сабади миллати мо буданд. Тасаввур кунед, ки онҳо агар бадарға намешуданд, дар роҳи рушди Ватан, илм, иқтисод, фарҳанг ва адабиёт чӣ гуна корҳои бузургро анҷом медоданд, халқамон ба чӣ пешрафте  мувоффиқ мегарданд! Имрӯз мо ин мусибатро бо андӯҳ ёдовар мешавем, — гуфт Президент.
Сарвари давлат супориш дод, ки оид ба ҳар кадоме аз 100 ҳазор табъидшуда таҳқиқот гузаронида, аз таърихи онҳо тавассути вохӯрӣ бо хешовандонашон хабардор шуда, дар бораи фаъолияти онҳо китобҳо чоп карда, ба маҳалла ва мактабҳо номҳои онҳо гузошта, хотираҳояшон абадӣ гардонда шавад.
Дар солҳои охир ба ифтихори хотираи Исҳоқхон ӯғли Ибрат, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ, Абдулло Авлонӣ, Абдулҳамид Чӯлпон, Абдулло Қодирӣ барин маърифатпарварон музейҳо, муҷассамаҳои муаззам сохта, мактабҳои эҷодӣ ташкил карда шуданд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва дар ҳамаи вилоятҳо шуъбаҳои Осорхонаи хотираи қурбониёни табъид кушода шуданд. Бахшида ба қурбониёни табъид китобҳои нав навишта, филмҳо офарида, таҳқиқот гузаронида мешаванд.
Пандемияи коронавирус Ӯзбекистонро низ дар канор нагузошт. Мутаассифона, ин беморӣ ҷони беш аз сесад ҳамватанони моро рабуд.
Дар рафти маросим ба ёди онҳое, ки аз ин беморӣ вафот кардаанд, сурае аз Қуръон тиловат карда шуд. Дуо карданд, ки беморон зудтар шифо ёбанд.
— Ба ҳамаи оилаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, ҳамдардии амиқ изҳор намуда, тоқат ва сабри ҷамил мехоҳам. Аз Худои таъоло шифои беморонро металабам. Шаш моҳ аст, ки бо ин офат мубориза мебарем. Мо дуо мекунем, ки ин беморӣ ҳарчи зудтар аз кишвари мо дур шавад, — гуфт сарвари давлатамон.
Худи ҳамон рӯз Президент Шавкат Мирзиёев аз Майдони мустақиллик боздид ба амал оварда, ба пояи Муҷассамаи истиқлолият ва инсонпарварӣ гулчанбар гузошт.
Сарвари давлат ҳозиринро бо бисту нӯҳсолагии истиқлолияти кишварамон табрик гуфт.
Намояндагони Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маъмурияти Президент, Девони Вазирон, вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеаи пойтахт низ ба пояи муҷассама гулҳо гузоштанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: