Эҳсоси шаъну шараф ва қаҳрамонии бемисли халқи Ӯзбекистон бобати ҳифз намудани худогоҳии миллӣ ва суннатҳои азалӣ, бо вуҷуди буҳрон ва санҷишҳои зиёди таърихӣ, дар комёбиҳои кунунии рӯзҳои осоиштаи мо нақши муҳим гузоштанд.
Халқи Ӯзбекистон – ворисони олимону мутаффакирони бузург, соҳибони маданияти олӣ, маънавияти амиқ, донишҳои илмӣ, саркардагони беназире мебошанд, ки замоне дар саргаҳи тамаддун қарор доштанд.
Онҳо ҳамчунин ворисони гузаштагони қаҳрамон, ки ба таъбири Қодирӣ, қурбониёни «рӯзҳои аз ҳама мураккабу тираи таърихи мо» гардидаанд, ба шумор мераванд.
Таърих, насли кунунӣ ва оянда ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳи ин заминро, ки дар даврони мустамлика фавтидаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, бисёр оилаҳо вайрон шуда, зиёда кӯдакон ятим монда буданд.
Бо мақсади барқарор кардани ҳақиқат ва адолат, эҳёи номҳои писарону духтарони фидокору диловари халқ, дар шуури ҳамзамонон, аз ҷумла насли наврас, мустаҳкам намудани эҳсоси эҳтиром ба хотираи онҳо дар кишвари мо аз соли 2001-ум 31 август ба сифати Рӯзи хотираи қурбониёни таъқибот қайд карда мешавад.
31 август. Субҳи бармаҳал. Маҷмӯи ёдгории қурбониёни таъқибот.
Дар маросими бахшида ба хотираи шахсоне, ки барои озодии халқ ва истиқлолияти мамлакат ҳалок шудаанд, дар ин ҷо баргузор шуд, Президент Шавкат Мирзиёев иштирок кард.
Мувофиқи анъана палав пешкаш гардид. Ба хотираи қурбониёни таъқибот ояте аз Қуръон қироат карда шуд.
Ба ҳама маълум аст, ки бо мақсади эҳёи номи қурбониёни таъқибот ва абадӣ гардонидани хотираи онҳо дар пойтахт маҷмӯи ёдгории «Шаҳидлар хотираси» ва осорхонаи «Хотираи қурбониёни таъқибот» бунёд гардидаанд.
Соли 2008-ум осорхона таҷдид шуд – бино васеъ ва миқдори павилонҳои намоишӣ то ба се адад афзуд. Худи ҳамон сол асарҳои осорхона нав гардиданд, дар 10 бахш 14 ҳазору 665 асар гузошта шуданд. Ҳоли ҳозир тақрибан ҳазор асарҳои таърихӣ намоиш дода мешаванд, ки 50-тояшон нодир ба шумор мераванд. Ҳар сол осорхонаро, ки бо воситаҳои замонавии техникӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, 50 ҳазор нафар зиёрат мекунанд, аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд.
Осорхона бо муассисаҳои ҳамҳудуд, марказҳои илмии Олмон, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Алҷазоир ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекунад.
Солҳои охир, бо назардошти он, ки муборизаи гузаштагони мо барои сулҳу салоҳ ва озодии Ватан ба ҷавонони кунунӣ ибрат мебошад, бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар назди муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо осорхонаҳои хотираи қурбониёни таъқибот таъсис дода шуданд. Онҳо дар тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ, ташаккулёбии эҳсоси ифтихор аз маърифатпарварону ниёгони қаҳрамон, намояндагони сазовори мамлакат ва халқ гардидани ҷавонон нақши муҳим мебозанд.
Дар сари қабри рамзии маҷмӯъ роҳбари давлат бо пирон, уламо ва зиёиёни мамлакат суҳбат кард.
Ба омӯхтани ҳаёт ва мероси гузаштагони фидокору ватандӯст, абадӣ гардонидани хотираи онҳо эътибори махсус дода шуд. Муҳимияти баҳодиҳӣ ба оромиву осоиштагии кишвар, саъю кӯшиш барои инкишоф додани тамоми соҳаҳо дар пояи ғояи «Даст ба кору дил ба Ёр», тарбия намудани ҷавонони ватанпарасти дорои ҷаҳонбинии васеъ таъкид гардид.
Арҷгузорӣ ба хотираи қурбониёни таъқибот дар ин рӯзҳои нурафшони осоишта, фаровонҳолии шоиста ба ҳама нерӯи бузург мебахшанд, қалбро тоза карда, ба корҳои нави ободонӣ даъват менамоянд.
Худи ҳамин рӯз Президент Шавкат Мирзиёев аз Майдони мустақиллик боздид ба амал оварда, ба пояи Ёдгории истиқлолият ва инсонпарварӣ, ки рамзи озодии мо, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшишҳои нек ба шумор меравад, гулчанбар гузошт.
Намояндагони Маъмурияти Президент, Сенат ва Палатаи қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирон, вазорат ва идораҳо низ ба пояи ёдгорӣ гул гузоштанд.
ӮзА.