Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр мардуми мо ҷамъомади калон баргузор мекунанд ва дар ҳаққи онҳое, ки дар ҷанги зидди фашизм иштирок кардаанд, суханони неку самимӣ мегӯянд.
Онҳо аз ин ҷанги мудҳиш бо Ғалаба ба деҳа баргаштаанд ва солҳои тӯлонӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудаанд. Мӯйсафедони кору рӯзгордидаи деҳ мегӯянд, ки ин устодон ба шогирдон дарси ҳақиқии ҳаётро омӯхтаанд, барои ҳамин номи некашон ҳамеша байни мардуми деҳ ва берун аз он вирди забонҳост.
Бисёр ифтихор мекунам, ки Тешабой Одилов, Мираброр Аҳроров, Воҳидҷон Олимов ва Муҳаммадхӯҷа Аҳмадхӯҷаев ҳамдеҳагони ман ҳастанд ва ҳар рӯзу ҳар лаҳза мояи ифтихору сарфарозиҳои мо боқӣ хоҳанд монд. Хостам, ки дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр аз ин устодони равоншоди деҳамон андак ёд кунам ва онро бо шумо боҳам бинам. Ҳар вақт аз назди лавҳаи «Одамони фахрӣ ва шуҳратёр» гузорам афтад, як маротиба ба акси ин одамони воқеан беназири диёрам бо ҳавас назар мекунам. Бидуни иштибоҳ, онҳо дар ду ҷабҳа низ ба халқу Ватан хизмати бедареғ кардаанд ва номи худро ба ҷовидонаҳо табдил додаанд.
Тешабой Одилов дар фазои шӯравии собиқ ҳамчун «Мергани уқобчашм» ном баровардааст. Вай соли 1918 дар деҳаи Ҳушёр дида ба олами ҳастӣ кушода, соли 1939 ба хизмати аскарӣ даъват шудааст. Аз соли 1941 то итмоми ҷанги зидди фашизм бо суботу қатъият иштирок кардааст. Вайро шоири бузург Мирзо Турсунзода «Баҳодури тоҷик» унвон намудааст ва дар ҳаққаш ба ин ном достон низ офаридааст.
Дар шаҳру деҳоти ин диёрат,
Мардум ҳама Тешабой гӯянд,
Дар васфи ту шоирон ба ашъор
Нав-нав сухани баланд ҷӯянд...
Ин қаҳрамонписари тоҷик дар ҷангу набардҳои зиёд саҳм гирифтааст. Хоссатан, дар муҳорибаҳои тезу тунди аз муҳосира баровардани шаҳри Ленинград қаҳрамониҳо нишон дода, 114 фашистро замин газондааст. Тешабой Одилов бо мукофотҳои зиёди давлатӣ сарфароз гардидааст. Бо ба охир расидани ҷанги хонумонсӯз ба деҳааш – Ҳушёр баргашта, аввал чанд муддат раиси колхоз шуда кор карда, солҳои баъдӣ то нафақа ба наслҳои наврас дарси ҳарбӣ омӯзонидааст.
Мираброр Аҳроров аз зумраи ашхосест, ки солҳои сиюми қарни гузашта ба касби омӯзгорӣ пардохтааст. Сонӣ бо амри дил ба ҷанги зидди фашизм сафарбар шуда, дар озод кардани шаҳрҳои Саратов, Воронеж ва Курск ширкат ҷуста, шуҷоати зиёд нишон додааст. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид сахт аз сараш ярадор шуда, дар госпитал табобат дидааст ва баъд ба ақибгоҳ баргаштааст. Мираброр Аҳроров соҳиби якчанд нишони ҷангӣ низ мебошад.
Дар ақибгоҳ дубора ба кори омӯзгорӣ машғул шудааст. Аҳроров дар мактаби деҳаҳои Ленбур, Қалъача ва Ғазнови Сӯх дар вазифаи директорӣ кор кардааст. Вай ҳамчун донандаи беҳтарини адабиёти ду давра ном баровардааст. Мегӯянд, ки ҳазорҳо байти шоирони классикиву муосирро аз ёд медонист ва онро ба забони буррову шево қироат мекард. Дар дарсҳои ӯ шогирдон ҳамеша фаъол будаанду дар пайравӣ бо вай шеърҳои зиёд азёд мекардаанд. Баъд Мираброр Аҳроров ба нафақа баромада, то замони фавт бо ҳамсараш – омӯзгори собиқадор Намиратхон Аҳророва даври пирӣ рондааст.
Муҳаммадхӯҷа Аҳмадхӯҷаев соли 1924 таваллуд ёфтааст. Дар 19-солагӣ ба сафи артиш даъват шуда, дар аз юғи фашизм озод кардани якчанд шаҳри ҷангзада фаъолона ширкат намудааст. Дар яке аз муҳорибаҳо аз дасту пой сахт ярадор шуда, ба госпитал афтидааст. Ӯ ғалаба аз болои Олмони фашистиро маҳз дар яке аз ҳамин госпиталҳо истиқбол намудааст.
Муҳаммадхӯҷа Аҳмадхӯҷаев ба деҳа баргашта, дар соҳаҳои хоҷагии халқ хизмат кардааст. Баъди анҷоми таҳсили ғоибона дар донишгоҳи омӯзгорӣ, солҳои дароз дар мактаби рақами 14-уми ноҳия муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда фаъолият намудааст. Сурати ӯ дар қатори дигар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон лавҳаи «Одамони фахрӣ ва шӯҳратёр»-ро оро медиҳад.
Воҳидҷон Олимов аз дӯстони бобоям – Файзулло Иброҳимов маҳсуб меёфтааст. Бобоям то ба дунё омадани ман аз ин дунё реҳлат кардаанд. Падару модар ва амакҳоям номи ҳамин бобоямро ба ман додаанд. Ба гуфтаи яке аз собиқадорони соҳаи омӯзишу парвариш Бегалӣ Болтаев, бобои Воҳидҷон дар ҷанги зидди фашизм иштирок карда, баъди бозгашт дар донишгоҳ таҳсил намудааст. Вай аз ҷуғрофидонҳои варзидаи ноҳия шинохта шудааст.
Воҳидҷон Олимов дар дарсҳо ҳамеша аз аёниятҳои гуногун истифода мебурдааст, барои ҳамин ҳар як дарсаш барои шогирдон фаҳмову дастрас будаанд. Вай тайи муддати дароз сарварии мактаби рақами 14-ро низ бар дӯш доштааст. Воҳидҷон Олимов соҳиби фарзандони зиёд гашта, то рӯзи фавт дар деҳаи Ҳушёр умр ба сар бурдааст.
Ин буд мухтасар дар бораи чаҳор иштирокчии ҷанги хонумонсӯз ва чаҳор устод, ки бо иштирок дар ду ҷабҳа байни мардум ном баровардаанд. Мо онҳоро ҳамеша қадршиносӣ карда, номашонро дар ёдҳо нигоҳ медорем.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
ноҳияи Сӯхи
вилояти ФАРҒОНА.