ХОТИРАИ ЖУРНАЛИСТИ МОҲИР

Алоқамандони каломи бадеъ ва хусусан насли миёнсол фарзанди фарзонаи Самарқанд, шодравон Аҳмадҷон Мухторовро хуб медонанд.

Ӯ солҳои 60-уми асри гузашта ба соҳаи журналистика ва адабиёт қадам гузошта, дар муддати кӯтоҳ ба мактаби эҷодии худ асос гузошт.
Дар идораи Бунёди «Нурониён»-и Ӯзбекистон бахшида ба 87-солагии адиб, тарҷумони моҳир Аҳмадҷон Мухторов чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Дар он хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкорон ва шогирдони сершумори журналисти варзида иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси Бунёди «Нурониён» Шароф Убайдуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшид.
– Аҳмадҷон Мухторов ҳамчун устоди сахтгир ва шахси инсондӯст дар қалбамон ҷой дорад. Ӯ мактаби муҳарририи хоси худро дошт, ба ходимон на фақат асрори журналистикаро меомӯзонд, балки аз зиндагии онҳо низ ҳамеша бохабар буд, то ҳадди имкон дастгириашон мекард.
Аҳмадҷон Мухторов дар якчанд рӯзнома фаъолият нишон додааст. Ӯ фаъолияташро аз сармуҳарририи рӯзномаи вилояти Самарқанд «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») оғоз намудааст. Дертар ба пойтахт кӯч баста, ба рӯзномаи «Қишлоқ ҳақиқати» сармуҳаррир  мегардад. Дере нагузашта бо ташаббуси ӯ рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» таъсис дода шуд ва ӯ сармуҳаррири нахустини рӯзнома гардид. Муддате ба ҳайси раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон низ кор кардааст.
Дар асоси нақшаи бардавоми А. Мухторов маводҳои шавқовару рӯзмарра рӯйи чопро медиданд. Журналистоне, ки бештар маводи хонданӣ менавиштанд, рағбатнок карда мешуданд. Ин имкони бомасъулият кор кардани ходимон ва дар байни мардум эътибор пайдо кардани рӯзнома мегашт.
Таъкид гардид, ки адиб дар соҳаи тарҷумонӣ низ корҳои зиёдро анҷом додааст. Асарҳои адибони машҳури тоҷик Юсуф Акобиров, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва маҷмӯаи ҳикояҳои замонавии адибони Эрону Афғонистон ва арабро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Аҳмадҷон Мухторов бо рӯзномаи «Овози тоҷик» низ ҳамкориро ба роҳ монда буд. Мақола ва ҳикояҳои ӯ дар «Овози тоҷик» борҳо чоп шудаанд.
Дар поёни чорабинӣ суратҳои хотиравӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти А. Мухторов намоиш дода шуд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: