Дар шаҳри Нурафшон бахшида ба Ҳафтаи дӯстиву рафоқат, таҳаммулпазирӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун чорабинии маънавиву маърифатӣ зери шиори «Ӯзбекистон – диёри саховатманд» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси садорати ҳудудии Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилояти Тошканд Зарифа Эралиева қайд намуд, ки дар Ӯзбекистон ҳамаи миллатҳо бо дӯстиву ҳамҷиҳатӣ, ҳурмату эҳтиром нисбати якдигар осудаҳолона, дар фазои сулҳу субот зиндагӣ доранд. Якдигарро мефаҳманд ва байни онҳо риштаи дӯстӣ мустаҳкам аст.
Сарвари давлатамон аз паси минбари баланди ташкилотҳои бонуфуз истода, оиди сулҳу осоиштагӣ ҳарф мезанад ва роҳҳои пешгирии хавфу хатарҳои марбут ба инсониятро нишон медиҳад, ки ба ин васила таваҷҷӯҳи давлатҳои дигари ҷаҳон ба Ӯзбекистон рӯз то рӯз зиёд мешавад.
Дар нишасти ҳамҷиҳативу дӯстии халқҳо намояндагони динҳое, ки дар мамлакатамон фаъолият доранд, инчунин, имом-хатибон низ ширкат доштанд. Онҳо аз ҳадисҳо мисол оварда, таъкид намуданд, ки хотирҷамъиву осоиштагӣ худ неъмати бузург аст ва бояд ба қадри он расид. Бояд шукргузор буд. Роҳбарони марказҳои миллӣ низ дар навбати худ ҳамаро ба дӯстиву рафоқат, ҳамҷиҳатӣ ва ҳифзи ин неъмати бузург даъват намуданд.
Сулаймон СОДИҚ, омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.