ХУБ МЕШУД, АГАР...

Чанд моҳ пеш қасри муҳташами фарҳанги маркази деҳаи Варзик намуди идона гирифта, мо, варзикиён, бо ташаббуси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Намангон, раисаш Абдусаттор Ғафуров 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, насрнавис, драматург, олим ва мутарҷим, ҳамдиёрамон, устод Сотим Улуғзодаро ҷашн гирифтем.

Толори қасри фарҳанг бо зиёиён, муаллимон, мактаббачагон, фаъолони маҳаллаҳои Варзик ва дӯстдорони адабиёту санъат пур буд. Мардуми ду кишвари ҳамсоя — Ӯзбекистону Тоҷикистон шахсияту мероси маънавии устод Улуғзодаро то ҳамин дараҷа азизу гиромӣ доштанд. 
Дар ҷашни бошукӯҳ пешниҳод шуд, ки ба қасри фарҳанги деҳаи Варзик, ки дар он ин тадбир гузашт, ба яке аз кӯчаҳои деҳаи Варзику шаҳри Чуст номи Улуғзода гузошта шавад. Ҳамчунин дар боғи фарҳангу истироҳати ба номи Мавлоно Лутфулло нимтанаи биринҷии устод Улуғзода, ки пояаш омода аст, низ қад фарозад. Таклифҳо аз ҷониби ҳозирон бо кафкӯбиҳо пазируфта шуданд.
Таклифу қарори аҳли толор барҷост. Рӯзҳои наздик тадбири 110-солагии шоир Усмон Носир баргузор гардид. Гузар ва яке аз кӯчаҳои шаҳри Намангон бо исми ин адиб номгузорӣ шудаанд. Дар боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳри Чуст нимтанаҳои Шоири халқии Ӯзбекистон Мухаммадшариф Суфизода, шоири ғазалсаро Чустӣ ва адиб Зафар Диёр мавҷуданд. Хуб мешуд, агар пешниҳоду дархости варзикиёну  дӯстдорони каломи бадеъ ба назар гирифта, қасри фарҳанги Варзику кӯчаҳо ба номи фарзанди фарзонаи диёр, устод Улуғзода гузошта шаванд ва дар сафи нимтанаҳои қаламкашони чустӣ нимтанаи адиби намоён ҷойгузин гардад, зеро Сотим Улуғзода низ аз ноҳияи Чуст буда, дар мактаб-интернати ин ҷо ва Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд таълим гирифта,  ба дараҷаи адиби мумтоз расидааст. Романҳои «Фирдавсӣ», «Восеъ», қиссаҳои «Субҳи ҷавонии мо» ва «Ривояти суғдӣ»-и нависанда ба забони ӯзбекӣ тарҷума гардида, аз дили китобхонони ӯзбек ҷой гирифтаанд. Драма ва песаҳои адиби бузург ба саҳнаи Театри миллии Ӯзбекистон ҳам гузошта шудаанд. Яъне гуфтанием, ки ба пешрафти адабиёти кишвар, устод Сотим Улуғзода низ саҳми арзанда дорад. 

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: