«ХУДОҶОН, НОН!..»

Ҷанги дуюми ҷаҳон бо даҳшату шиддат давом дошт.

Намози шом. Муяссархолаву Тоҷихонапа аз кори хоҷагӣ ба хона бармегаштанд ва аз пеши дари қаламкашхола, ин зане, ки бо қалам дар рӯйи суф нақш мекашиду кашидадӯзҳо аз болои ин нақшҳо сӯзанӣ медӯхтанд, мегузаштанд. Чун ба он хона наздик омаданд, қаламкашхолаи ниҳоят андӯҳгинро диданд, ки пой монда пой мегирифту сарашро ба куҷо задану чӣ кор карданашро намедонист. Вай ин ду нафарро дида, бо дили пурдарду илтиҷоомез ба онҳо рӯй овард:
— Хоҳаракони азиз, писаракам муддати дароз  бо шиками гурусна каланд зада аз ҳол рафт. Рӯзи гузашта ба назди раис рафту ба музди кораш ақаллан 2-3 кило гандум, ё ҷав пурсид (гандум он солҳо асосан ба фронт фиристода мешуд), аммо аз набудани гандуму ҷав дар анбори колхоз, раис ба музди меҳнати писарам як телегрейкаи нав додаст. Ҳоло писаракам дар ҳолати азоби ҷонканӣ.  Ҳамсоя як бурда қотурма ёфта овард, аммо ӯ қуввати хоида фурӯ бурдан надорад, маълум, ки аллакай дер шудааст. Аз шумоён илтимос, наздаш даромада суханҳои нарму тасаллиомез гӯетон, шояд, ки ҷонканиаш сабук гузарад, охир ӯ ҳамагӣ 15-сола аст. 
Онҳо зуд ба хона ворид шуданд, ҷавонписар дар танаш ҳамон телегрейкаи нав рӯболо мехобид ва воқеан дар назъи ҷонканӣ буд.
Муяссархола бо суханҳои нарму тасаллиомез лаб кушод:
– Писарҷони ширин, моён ҳозир хабари хушро шунавидем, ба наздикӣ ҷанг ба охир мерасидасту нону хӯрок сероб мешудааст...
Хола, суханҳояшро ба охир нарасонида, ӯ чашмони зебою бенурашро каме во кард. Хост табассум  кунад, аммо қувваташ нарасид ва ҷон таслим кард...
Касоне буданд, ки духтарони ҳанӯз ба балоғат норасидаашонро ҳам ба як пуд гандум ё ҷав иваз мекарданд... 
Модарам мегуфт:
Рӯзе, маҳсулоти аз боғи наздиҳавлигӣ ҷамъовардаро дар бозор фурӯхта, бо роҳи майдони Регистон ба деҳа, яъне ба хона мерафтам. Зане ба ивази «заборний», номи асосиаш «Карточка на хлеб», аз дукони нон муддати дароз дар навбат интизор шуда, бо сад азоб нонашро гирифта, ба халтааш пинҳон карда хонааш мерафт. Аз ин писарбачаҳои  гурусна хабар ёфта, нонашро зада гирифтанду гурехтанд. Вақте мардум ӯро дошта, баргардондани нонро талаб ва огоҳ карданд, ки агар надиҳад, мекушанд, ӯ аллакай ними нонро дар даҳон андохта, ними боқимондаашро дар синааш сахт пахш мекард. Бо даҳони пуру нимғурма чунин гуфт:
– Ман розӣ, кушед. Фақат монед, ки пеш аз мурдан аввал ишкамам аз нон сер шавад, ба орзуям бирасам...
Оре, он солҳои мудҳишу қаҳтӣ бисёриҳо «Худоҷон, нон, Худоҷон, нон ...» гӯён бо илтиҷо ҷон медоданд.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ, 
ноҳияи Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: