«ХУДОРО ШУКР, САЗОВОРИ БОВАРӢ ГАРДИДАМ»,

мегӯяд ду карат чемпиони ҷаҳон аз рӯйи шоҳмот дар байни ҷавонон Сироҷиддин Зайниддинов

Боре бо нафаре доир ба вазъи забони форсии тоҷикӣ баҳс оростем, мусоҳибам гуфт: «Мо тоҷикон дар корбурди вожаҳо як андак кӯҳнапарастем. Бигирем, вожаи «кредит»-ро ҳама кредит мегӯянду мо «вом»-и қадимиро,ки қобили қабули зеҳн нест, кор мефармоем, ба ҷойи вожаҳои «спорт»-у «спортчӣ» калимаҳои «варзиш» ва «варзишгар»-ро мавриди истифода қарор медиҳем.
Гуфтам: «Мо ба забону фарҳанги худ як андак беэътиборем. Дар зарурат баҳри омӯхтани забонҳои хориҷӣ маблағи зиёд ба харҷ медиҳему вале барои донистани маънои ҳамагӣ 20-30 вожаи «душворҳазм»-и забони меъёрии худ, ки яке аз забонҳои зеботарину шевотарини дунёст, вақтро дареғ медорем.
Дидам, ки гуфтаҳоям барҳадар мераванд, рӯйи суханро ба дигар тараф гардондам. Нагуфтам, ки ҳоло вожаҳои бисёр зебои «варзиш» ва «варзишгар», бар асари корбурди зиёд, оммавӣ гардидаанд.
Хонандаи азиз, дар ин навишта сухан аз забон ва вожаҳои наву кӯҳнаи он нест, балки аз варзиш ва варзишгари номиест.
Баъди ба истиқлолият расидани ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ эътибор ба варзиш, варзишгар ва бунёди майдону иншооти варзишӣ ба маротиб афзуд.
Ҳоло ҷавонони далеру зуккои кишвари офтобрӯяи мо низ, сарфи назар аз нажоду миллат, дар ин росто иқтидори ҷисмонӣ ва зеҳнии худро намоиш дода, дар арсаҳои байналхалқӣ шаъну шарафи кишвари моро ҳимоя мекунанд.
Яке аз онҳо, бино ба таснифи ICSС ду карат чемпиони Паролимпӣ дар байни ҷавонон, устоди варзиш аз рӯйи шоҳмот Сироҷиддин Зайниддинов мебошад.
Гуфтугӯйи мо бо ӯ чанде қабл аз сафараш ба шаҳри Манчестери Англия, ки он ҷо бояд мусобиқаи байналхалқии инфиродӣ аз рӯйи шоҳмот баргузор мешуд, сурат гирифт.
– Сироҷиддин, бисёр хушҳол менамоӣ. Сабаби ин хушҳолӣ оё сафар ба яке аз кишварҳои овозадори дунё – Англия нест?
– Зоҳиран хушҳол менамоям. Аммо вуҷудамро масъулият фаро гирифтааст. Зеро ба Президентамон ваъда додам, ки аз олимпиада бо ғалаба бармегардам. Надонам, сухани хона ба бозор рост меояд ё не.
Падараш ва устоди нахустинаш – акои Саврон, ки дар суҳбати мо ҳузур дошт, гуфт: «Дил хуш дор, писарам, гоҳо сухани хона ба бозор рост меояд».
– Падарат дуруст мегӯяд, Сироҷиддин, дил қавӣ дор. Бигӯ, ки ба кӯчаи ин намуди варзиш ту кай ва чӣ хел ворид шудӣ?
– Комёбиҳои камина дар олами шоҳмот маҳсули меҳру дилгармии падар ва майлу рағбати ботинист. Падарам бисёр хостааст, ки мани дар забон лакнатдор шуғле дошта бошам. Бино ба шаҳодати падару модарам инҷониб дар овони чаҳорсолагӣ рӯйи тахтаи шоҳмот чидан ва рондани сангҳоро омӯхта будаам. Ёд дорам, вақте бо бародарону хоҳарони калонӣ рӯйи хонтахта шоҳмот бозӣ мекардему гоҳо бозиро мебохтам, инони гирёяро сар медодам. Модарам тасаллӣ медод: «Гиря накун, ширинакам,  дафъаи дигар, албатта, дастболо мешавӣ».
Бо назардошти тавону салиқаам падари дар қӯраи шоҳмот обутобёфтаам маро дар овони ҳафтсолагӣ ба мактаб-интернати ихтисосонидашудаи рақами 106-уми шаҳри Тошканд супурд. Падарам дар соатҳои фориғ аз дарс маро ба ҳузури устодони шоҳмот Эргаш Маҷидов, Георгий Борисенко (Худо раҳмат карда бошад), Рашид Зиёуддинов мебурд, то ба ин навъи варзиш амиқтар фурӯ равам. Банда, бе ҳеч шакку шубҳа гуфта метавонам, ки дар ин ҷода устоду роҳнамои нахустинам падари меҳрубонам аст.
Вақте 14 сол доштам, дар шаҳри Малентеи Олмон дар байни 28 мамлакати дунё шаъну шарафи кишварамонро ҳимоя кардам. Дар рафти бозӣ хеч фикр накарда будам, ки пирӯзӣ насибам мегардад. Он рӯзҳо инсони хушбахттарини дунё будам. Он пирӯзӣ пирӯзии устодони ман ва мардуми мо буд.
– Вақте дуюмин бор дар Швейтсария аз рӯйи шоҳмот чемпиони ҷаҳон гардидӣ, аз дилу хотират чиҳо гузашт?
– Дар ҷанги тан ба тан ва майдони набард дасту по ва силоҳҳои оташфишон ба кор меоянд. Ҷанги шоҳмот ҷанги зеҳнҳост. Дар бозии шоҳмот барои пирӯз омадан ба рақиб, набояд ӯро фиреб диҳӣ, қонуншиканӣ низ ба фоидаи ту нест. Шоҳро бояд дар гирудор мардона мот кард. Вақте амиқ эҳсос мекунӣ, ки бар дӯши ту бори масъулияту боварист, кӯшиш ба харҷ медиҳӣ, ки сазовори боварӣ бошӣ.
Лаҳзаҳое, ки дар суфаи пирӯзӣ қарор доштаму парчами кишварамон боло мешуд ва мадҳияи он садо медод, вуҷудамро эҳсоси ширине фаро гирифт, дар чашмҳоям ашки шодӣ ҳалқа  зад.
– Доир ба маҳфили шоҳмоте, ки бо ташаббуси ту дар ноҳияи Сергелии пойтахт амал мекунад, сухане чанд мегуфтӣ.
– Зиндагӣ шабеҳи дарёст. Дар ин дарё мавҷҳо аз паси мавҷҳои дигар меоянд. Ҷавонон – мавҷҳои нав бояд дар ҳама соҳа ҷонишини сазовори пешинагон бошанд.
Ба мақсади омӯзондани асрори бозии шоҳмот маҳфиле бо номи «Варзиш, дӯстӣ, ғалаба» созмон додем. Ба маҳфил бачаҳо аз синни 5-6 қабул мешаванд. Ҳангоми қабул ба зеҳну хотираи бачаҳо рӯйи эътибор гардонда мешавад.
Боиси хушнудист, ки иштирокдорони маҳфили мо дар мусобиқаҳои ватанӣ ва Осиё пирӯз мегарданд. Мисолан, соли 2012 Синдорови 6-сола дар чемпионати Осиё, ки дар  Эрон баргузор шуда буд, бино ба се самт се медали тиллоро ба даст дароварда, ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт.
Оилаи Зайниддиновҳо яке аз оилаҳои намунавӣ мебошад. Акои Саврон бо ҳамсари хеш, омӯзгори тоифаи олӣ Ҳайитгул Зайниддинова ҳафт фарзанд – 4 писар ва 3 духтарро ба камол расонданд, ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ, дар ҷабҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Вақте маводро барои чоп омода мекардам, дар Интернет чашмам ба хабари хуше афтод, ки дар он гуфта мешавад:
«Аз 6  то 16 июл дар Бритониёи Кабир дар байни ҷавонони қобилияти шунавоияшон заиф Олимпиадаи шоҳмот баргузор шуд, ки дар он ҳамватани мо Сироҷиддин Зайниддинов низ иштирок дошт.
Бино  ба маълумотҳои мавҷуда Сироҷиддин ду карат чемпиони ҷаҳон (соли 2004, шаҳри Малентеи Олмон, соли 2008, шаҳри Санкт-Галлени Швейтсария) дар байни ҷавонон ва чемпиони Осиё (соли 2015, шаҳри Улан-Батори Муғулистон) маҳсуб меёбад.
Бино ба натиҷаи чемпионати баргузоршуда Сироҷиддин Зайниддинов 8 холро ба даст дароварда, ҷойи 1-умро гирифт ва чемпион гардид.  Дар мусобиқаи мазкур 30 нафар шоҳмотбоз иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки Сироҷиддин чанде қабл тӯҳфаи Президент Шавкат Мирзиёев – хонаи дуҳуҷрагиро қабул карда буд».
Ба акои Саврон ва Сироҷиддин занг зада табрик кардам. 
Ба қавле, аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Сироҷиддин хоксорона изҳор дошт: «Барои табрикатон ташаккур! Худоро шукр, ки маро сазовори боварӣ гардонд».

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: