Дар ҳар давру замон инсонҳои ҷоннисор ва ғамхору фидоӣ зиндагӣ кардаанд.
Имрӯз низ дар байни мо чунин инсонҳо ҳастанд. Яке аз онҳо раис ва директори иҷрогари шуъбаи вилояти тошкандии Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Рисқиддин ЭСАНБОЕВ мебошад. Ӯ аз асосгузорони Маркази фарҳанги миллии «Суғдиён»-и тоҷикони шаҳри Чирчиқ низ буда, ҳоло аъзои раёсати Маркази миллӣ-мадании тоҷикони ҷумҳурӣ ва роҳбари шуъбаи куҳансолони «Суғдиён»-ро ба ӯҳда дорад.
Суҳбати мо бо ӯ аз ҳар боб сурат гирифт.
– Шумо дар шаҳри Чирчиқ зиндагӣ мекунед. Оё аз пеш муқими ин шаҳр ҳастед?
– На, камина баҳори соли 1949 дар деҳаи зебоманзари Майдонтоли ноҳияи Бӯстонлиқ таваллуд шудаам. Табобатгоҳу истироҳатгоҳҳо дар он ҷо зиёд. Шумо гуфтан мехоҳед, ки чаро аз баҳри «Шветсарияи Ӯзбекистон» баромада сокини Чирчиқ шудед?
– Дуруст.
– Тақдир. Он солҳо бо мақсади аз худ кардани заминҳои нав муҳоҷиршавӣ расм шуда буд.
– Дар шумо ва ҳаммаслаконатон фикри Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Чирчиқро ташкил додан чӣ хел пайдо шуд?
– Осон набуд. Вале агар миллату ватанатонро дӯст доред, мушкилиҳо ба назар осон менамоянд. Он солҳо ташкил додани чунин марказҳо, хусусан барои тоҷикон душвориҳои зиёде дошт. Шукри беадад, ки дӯстону бародарон ва ҳамфикрон, аз ҷумлаи Нуриддин Норгитов, Рӯзмат Абдуқодиров, Турғунбой Назиров, Азиза Сафоева, Бахтинисо Кабирова, Толибҷон Шамшиметов ва дигарон дастгирӣ карданд. Марказ, инак, сӣ сол аст, ки фаъолият дорад. Бо даву този зиёд ва мадади дӯстон дар муассисаи томактабии рақамҳои 17 ва 18-ум, мактаби рақами 25-уми шаҳри Чирчиқ ва ноҳияҳои Қибраю Бӯстонлиқ гурӯҳҳои тоҷикӣ ташкил карда шуданд. Гурӯҳҳо корро аз сифр сар карданд. Онҳоро бо мутахассисон-омӯзгорони соҳибмалака ва китобҳои дарсию бадеӣ таъмин кардан душвор буд. Мутаассифона, дертар ин гурӯҳҳои тоҷикӣ баста шуданд.
Банда соли 1967 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд) дохил шудам. Баъди хатми донишкада дар мактабҳои ноҳияи Ғончии ҳамон вилоят, дертар дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд омӯзгорӣ кардам.
Ба дӯстон, ҳамкурсон ва устодони хуҷандӣ муроҷиат намудам, ки бо китобҳои дарсию бадеӣ кӯмак кунанд. Як пеши назар оваред, он солҳо аз сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, хусусан китоб гузарондан кори хеле сангин буд. Сарҳадбонҳо бо ҳазор баҳона ҳама сӯроху кунҷакро мекофтанд, бо баҳонае паси панҷара нишастан ҳеҷ гап набуд. Вале, ҳар чӣ бодо бод, таваккул ба Худо кардем. Бо кӯмаки инсонҳои некдил орзуҳоям ҷомаи амал пӯшиданд. Ният холис бошад, инсон ба мақсадаш мерасидааст.
– Доир ба корҳои имрӯза, дастовардҳои федератсия ва шогирдони худ ҳарф мезадед.
– Дар вилояти Тошканд шаш нафар гроссмейстер – Г. Аъзамов, Ф. Ҳасанова, М. Салтаев, С. Йӯлдошев, С. Загребелний ва А.Серпер ба воя расидаанд. Шоҳмотбозони ҷавони вилоят дар мусобиқаҳои «Умид ниҳоллари» ва «Баркамол авлод» иштирок карда, се медали тилло, се нуқра ва дуто медали биринҷиро ба даст дароварданд. Соли 2018 миёни бачаҳои то 12-сола Алмос Раҳматуллоев аз ноҳияи Ӯртачирчиқ ба унвони чемпиони Ӯзбекистон сазовор гардид.
Нақшаҳои ояндаи мо зиёданд. Байни вилоятҳо низ мусобиқа ва вохӯриҳои шоҳмотбозон баргузор мегарданд. Моҳҳои ноябр-декабри соли ҷорӣ баргузор намудани фестивали шоҳмот байни вилояти Тошканд ва вилояти Суғди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
– Ҳоло ҳанӯз муаммои таъмини мактабҳои тоҷикӣ бо китобҳои дарсию бадеӣ вуҷуд дорад. Рафи китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ холианд. Аз нигоҳи шумо ин мушкилиро чӣ хел ҳал кардан мумкин?
– Мо бояд бо кӯмаки ҳукумат худамон ба ин кори хайр камари ҳиммат бандем. Шукр, ки нашриётҳои Ӯзбекистон мактабҳои миллӣ, аз ҷумла, мактабҳои тоҷикиро ҳам бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунанд. Ҳоло дар мамлакатамон бо саъю эҳтимоми роҳбари давлатамон эътибор ба китобхонӣ зиёд шуд. Агар мактабҳои тоҷикӣ бо китобҳои бадеӣ бештар таъмин карда шаванд, сатҳи маърифати хонандагони тоҷик ҳам меафзояд.
Солҳои 1989-2010 барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон ва Қазоқистон беш аз 12 ҳазор нусха китобҳои дарсию бадеӣ расонда дода будам.
– Духтарони шумо ба шоҳмот дилбастагии зиёд доштаанд. Гулрухсор чемпиони Ӯзбекистон аз рӯйи шоҳмот ҳам аст...
– Бале, бо духтаронам Гулрухсору Зебуннисо ифтихор дорам, ки онҳо бо намуди варзиши ақл – шоҳмот машғуланд. Соли 2000-ум Гулрухсори нуҳсола дар мусобиқаҳои шоҳмотбозони то даҳсолаи кишвар иштирок карда, чор хол гирифт. Як хол гирад ҳам розӣ будам. Ба Гулрухсор аз панҷсолагӣ алифбои шоҳмотро омӯзондам. Бачае, ки шоҳмотро хуб азхуд мекунад, аъло мехонад, зеҳнаш обутоб меёбад. Гулрухсор соатҳо дар назди тахтаи шоҳмот менишаст. Аз ӯ умедам калон буд. Ӯ дар чемпионати соли 2000-ум ҷойи 5-ум, 2001-2003 ҷойи чорум ва соли 2004 чемпиони Ӯзбекистон гардид. Соли 2005 дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Белфорти Фаронса, солҳои 2006-2008 дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон дар Ветнам, Эрон, Италия иштирок карда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардид. Дар рафти мусобиқаҳо аз варзишгарони машҳур Анатолий Карпов, Кирсан Илюмҷинов ва дигарон таҷриба омӯхт.
Ӯ баробари машғул шудан бо варзиш ба адабиёт низ шавқи беандоза дорад – шеър ҳам менависад. Дар шеърҳояш ҳисси ватандӯстӣ, орзуву умед, дилбастагӣ ба ҳаёт акс ёфтаанд. Соли 2010 бо имтиёз ба факултети таълими синфҳои ибтидоӣ ва варзиши Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Ганҷавӣ дохил гардид. Ӯ ҳоло дар пойтахт мураббӣ-педагоги Академияи байналхалқии шоҳмот мебошад.
Духтари дуюмам – Зебуннисо низ сазовори бовариам гардид, дар мусобиқаи байни ҷавонони то 12-солаи вилояти Тошканд ҷойи сеюмро ишғол намуд ва соли 2009 чемпиони вилоят шуд. Вай низ мисли духтари калонӣ дар мусобиқаҳои бонуфуз иштирок кардан мехоҳад.
Ӯ донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
***
Оре, ду хоҳар гӯё ду шоҳи тахтаи шоҳмотанд. «Фарзанди хуб – боғи падар» гуфтаанд. Волидон халқпарвар, фарҳангдӯст ва ҷоннисори миллат бошанд, фарзандон низ аз пайи онҳо мераванд.
Мусоҳиб
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».