ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ

Тайи ду-се соли охир дар рӯзнома доир ба забони тоҷикӣ, таълиму тарбия дар мактабҳои тоҷикӣ, китобҳои бадеӣ ба ин забон мақолаҳо ва таклифу мулоҳизаҳои судбахш чоп мешаванд, ки аз эҳёи худшиносии миллӣ дар шароити сиёсати миллии давлатамон дарак медиҳад, ки баъди ба сари ҳокимият омадани Президент Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид.

Тайи ду-се соли охир дар рӯзнома доир ба забони тоҷикӣ, таълиму тарбия дар мактабҳои тоҷикӣ, китобҳои бадеӣ ба ин забон мақолаҳо ва таклифу мулоҳизаҳои судбахш чоп мешаванд, ки аз эҳёи худшиносии миллӣ дар шароити сиёсати миллии давлатамон дарак медиҳад, ки баъди ба сари ҳокимият омадани Президент Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид. Анъанаҳои миллӣ дар Ӯзбекистон хеле инкишоф ёфтанд.
Камина, ки тӯли фаъолияти чилсолаи худ бисту шаш солашро ба таълиму тарбияи насли наврас дар мактабҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ бахшидаам, дар муҳокимаи муаммоҳои мактабҳои тоҷикӣ ба қадри имкон иштирок карда, якчанд мақола навиштаам, ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуданд.
Дуруст аст, ки муаммои мактабҳои тоҷикӣ ва матбуоти тоҷикии ҷумҳуриятро дар як дам ҳаллу фасл карда намешавад. Аммо барои пай дар пай ҳал кардани мушкилоти мавҷуда бояд ҳар як зиёии тоҷик  саҳм гузорад.
Дар мақолаи Г.Садриддинзода бо номи «Бачаро азоб надиҳем» («Овози тоҷик», аз 12 августи соли 2020) доир ба интихоби забони таълим сухан меравад. Андешаҳои муаллим ҷолиби диққат мебошанд. Дар давоми фаъолияти муаллимиам бисёр шоҳиди он мешудам, ки дар синфхона, дар ҳавлии мактаб хонандагон ба якдигар бо забони модариашон (бо забони тоҷикии шеваи Чуст) гап мезананд, ҳол он ки дар мактаб таълим ба забони ӯзбекӣ ё ки русӣ. Дар натиҷа бисёр хонандагон на забони модарии худ, на забони ӯзбекӣ ёки русиро хуб медонанд, аз худ мекунанд. Хусусан, дар мактабҳои русии ноҳияи мо хонандагон сезабона мегарданд, вале ягонтои ин забонҳоро хуб намедонанд. Зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия боиси он шуд, ки як қисм оилаҳо фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ медиҳанд.
Дар мақолаи Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода «Ҳар касе бо забони худ сухандон гардад» («Овози тоҷик», 5 августи соли 2020) оид ба таълим бо забони тоҷикӣ дар мактабҳои олӣ сухан рафтааст. Хуб аст, ки имрӯз дар донишгоҳҳои Фарғона, Самарқанд, Бухоро, вилояти Тошканд, Тирмиз факулта ва шуъбаҳои забон ва адабиёти тоҷик фаъолият доранд. Аммо на ҳамаи хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ба он факултетҳо рафтанианд. Аз тарафи дигар агар имтиҳони қабул ба онҳо пурра дар доираи Маркази давлатии тест гузаронида шавад, хуб мешуд.
Дар бораи тарҷимаи китобҳои дарсии мактабҳои тоҷикӣ аз ин пеш ҳам фикри худро гуфта будам. Тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои табиатшиносӣ аз нуқсонҳои ҷумласозӣ, матнсозӣ холӣ нестанд. 
Дар тарғиби худшиносии миллӣ ва забони тоҷикӣ рӯзномаи «Овози тоҷик» саҳми беназир дорад, аммо обуна ба ин рӯзномаи тоҷикии ҷумҳурӣ ташвишовар аст. Дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатамон нақши рӯзнома беқиёс мебошад. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки барои обунаи рӯзномаҳои ҳукуматӣ ҳокимиятҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷиддан ғамхорӣ намоянд. Зиёиёни тоҷикзабон, муаллимони мактабҳои тоҷикӣ дар ин кор бояд намуна шаванд. Хуб шуд, ки дар рӯзнома саҳифаи  «Омӯзгор» пайдо гардид. Агар ҷавобан ба ин дар ҳар як мактаби тоҷикӣ 5-10 адад обунаи рӯзнома ба роҳ монда шавад, худи ҳамин дастгирии хуб мегардад.
Доир ба фонди китобҳои бадеии тоҷикӣ ҳамин қадар мегӯям, ки замони аз нав нашр кардани асарҳои адибони классикӣ ва муосири тоҷик дар Ӯзбекистон фаро расидааст.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи ЧУСТ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: