ХУҶАНД – “ТИРОЗИ ҶАҲОН”

ё худ “Арӯс-ал-мамолик”

ё худ “Арӯс-ал-мамолик”
Ман аз хурдсолӣ бисёр дар бораи фарқи байни одамони деҳот ва шаҳр фикр мекардам.
“Мадина” – маънои “шаҳр”-ро доштааст, “маданият” бошад, маънои “шаҳрӣ”-ро. Пас, фарқи байни русто ва шаҳр дар чист? Ба ин суоли худ соли 1987, вақте ки ҳамроҳи модарам ба шахри Хуҷанд рафтам, ҷавоб гирифтам ва он вақтҳо ман дар синфи ҳафтум мехондам.
Вақте ки ба автобуси дохилишаҳрии Хуҷанд савор шудем, хуҷандиён ҳамагӣ зану мард аз ҷой хестанд ва ба мо ҷой доданд. Дар автобус тахминан 25 нафар одамони синну соли гуногун буданд. Модарам нишаст, ман бошам, азбаски хурдсол будам, аз калонсолон шармам омад, рост меистодам ва аз хоксорона “ба ҷои ман нишинед” гуфтани марди тахминан 40-сола ҳайратам афзуд. Он мард ба ҷону ҳолам нагузошта, маро шинонд ва гуфт:
– Хиҷолат нашавед, шумо меҳмони шаҳри моед...
Ба назарам чунин намуд, ки хуҷандиён ба тарбияи фарзанд бештар аҳамият медодаанд. Ба гуфти Саъдии бузургвор:
...Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой, 
Ки гар ақлу рояш набошад басе,
Бимириву аз ту намонад касе.
Вақте ки мо аз автобус фуромадем, модарам гуфт, ки Хуҷанд таърихи беш аз ду-се ҳазорсола дорад. Мардумонаш бомаданият ва меҳмондӯст мебошанд.
Мувофиқи ривоятҳо Ҳуҷанда ном духтари Кайковус подшоҳи сулолаи Каёниён ба соҳили дарёи Сир меояд. Ӯ ин ҷойи биҳиштосоро дида, мафтун мешавад. Ҳуҷанда аз падараш хоҳиш мекунад, ки барои ӯ дар ин ҷо шаҳре бино кунад ва падараш хоҳиши ӯро амалӣ мегардонад. Оҳиста-оҳиста шаҳр номи духтари Кайковусро ба худ гирифтааст.
Мувофиқи дигар ривоят, марде соҳибдавлат одамони хубро ба як ҷо, ба соҳилҳои дарёи Сайҳун (Сир) ҷамъ кард ва ин шаҳрро Хубҷамъ ном ниҳод ва бо мурури вақт Хубҷамъ номи Хуҷандро гирифт. Дар замонҳои қадим агар ягон мунофиқ, дузд ё бадкоре пайдо мешуд, ин мардум он нобакорро аз шаҳр берун мекарданд. Барои ҳамин Хуҷанд макони одамони нек, ҷавонмард, меҳмондӯст ва хушахлоқ мебошад. Тошхоҷа Асирии Хуҷандӣ мегӯяд:
Одамият чист? – худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.
Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,
В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.
Ривоятҳое, ки модари раҳматиам гуфта буд, ҳақиқати таърихӣ дорад ё надорад, номаълум, аммо бузургони ин шаҳр ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи худро гузоштаанд. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (асри Х) – мунаҷҷим ва риёзидони тоҷик, Муниса Маҳастии Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф, Тошхоҷа Асирӣ, Тошмуҳаммад Ниёзович Қорӣ-Ниёзӣ – аввалин президенти Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, Бобоҷон Ғафуров – олими шинохта, муаллифи китоби “Тоҷикон”, Фарзонаи Хуҷандӣ ва ҳазорҳо фарзандони барӯманди тоҷик дар ин сарзамин ҳаёт ба сар бурдаанд, ки то ҳол мо аз онҳо мефахрем.
Дар бораи ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ, мавқеи табиӣ, вазъи иқлим, тақсимбандии ҳудудии дохилӣ, номҳои қадимаи Хуҷанд ва атрофи он, дарёи ороми Сиру табиати фусункори Хуҷанд сайёҳ ва ҷуғрофшиноси араб Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавкали Бағдодӣ дар китоби “Сурат-ул-арз”, ҷуғрофидони аҳди аввали исломӣ Абдуллоҳ ибни Хурдодбеҳ дар “Ал-мамолик вал масолик”, Абулқосим ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ дар “Ашкол-ул-олам”, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар “Таърих-ур-русул-вал-Мулук”, Ибни Фариғун дар “Ҳудуд-ул-олам”, Иззуддин ибни Асир дар “Ал-комил фи таърих” сухан ронда, Хуҷандро “Арӯс-ал-мамолик”, “Зеботарин шаҳр”, “Тирози ҷаҳон” гуфтаанд.
 Мувофиқи гуфтаи олимон Хуҷандро дар замони қадим (асрҳои VI-IV то милод) сохтаанд, ки ба замони сулолаи Ҳахоманишиҳо рост меояд.
Дар асри IV то милод Искандари Мақдунӣ шаҳрро иҳота мекунад ва юнониён ба он номи Александрия Эсхата (Искандарияи поёнӣ)-ро медиҳанд.
Дар нимаи дуюми асри VII бори аввал дар китоби Ал-Белазурӣ Хуҷанд бо номи Хуҷанд(а) омадааст. Шаҳр дар сарчашмаҳои хитоӣ (чинӣ) дар хроникаи Таншу (боби 221) дар шакли “Гюйчжанти” омадааст. Дар соли 722 милодӣ Хуҷандро арабҳо пурра тасарруф кардаанд. Вайронкориҳои Чингизхони лаинро аз ҷангномаи Темурмалики қаҳрамон хуб медонем.
Дар замони Шуравӣ ҳам Донишгоҳи Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарӣ барои баланд бардоштани илму фарҳанги Тоҷикистон,Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ хизмат кардааст. 
Хуҷанд имрӯзҳо боз ҳам ободу зебо гаштааст.
Дар васфи Хуҷанд шоири сӯхӣ Расулбеки Аҳмадзод мугӯяд:
Хуҷанди бостон, бас дилрабоӣ,
Ба зебоӣ дили кас мерабоӣ.
Сазад гӯям ба васфат достонҳо,
Сари сарчашмаи илҳоми моӣ.
Ба хокат хуфта мардони шарафманд,
Диёри номдору бебаҳоӣ.
Намудӣ тарбият аҳли адабро,
Макони илму ирфону зиёӣ.

Толибҷон ИХТИЁРОВ,
муаллими мактаби рақами 1-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: